logo

номаҳо

АЗ ЗАМИНАМОН МАҲРУМ СОХТАНД

Ман ҳамроҳи фарзандону келинҳоям ҳанӯз 8 сол қабл ин гӯшаи замини бекорхобида ва ба харобазор табдилёфтаро барои ба киштзор табдил додан ихтиёр карда будем, то ки ҳосиле ба даст оварда, зиндагиямонро беҳбуд бахшем.
Онҳое, ки ҳолу аҳволи моро дида буданд, хуб медонанд, ки дар ин қитъаи замин чӣ қадар заҳмат кашидем. Аз ин рӯ, соли 2014 барои ҳуҷҷат кардани он ба мақомоти дахлдори ноҳия муроҷиат намудам. Дар асоси қарори раиси ноҳия ба ман аз 19 марти соли 2014 таҳти № 241 барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, майдони умумӣ – 5,06 га, аз он ҷумла замини корами обӣ – 4,92 га дар намуди ҳуқуқи истифодаи якумрӣ – меросӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А № 0468930 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 24.07.2014 доданд. Инчунин, пас аз васеъ гардондани қитъаи замин маротибаи дуюм ба тариқи илова ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Комрон» соли 2015 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.
Гузашта аз ин, масъулони мақомоти дахлдори ноҳия ба ман пешниҳод карданд, ки дар назди замин бошишгоҳи саҳроӣ бунёд намоям. Аз пайи омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима шудам, қариб ҳамаи ҳуҷҷатҳои сохтмони бошишгоҳро омода кардам ва моҳи январи соли 2016 барои маслиҳат пурсидан ба раиси кумитаи идораи замини ноҳия муроҷиат намудам. Мутаассифона, ӯ ҳуҷҷатҳоро аз дастам гирифта, дигар барнагардонд.
Имрӯз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия даъвои онро доранд, ки гӯё замини мо барои тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва ба мо мегӯянд, ки «шумо дигар ҳуқуқи истифодаи ин заминро надоред». Ҳол он ки ин замин обӣ аст ва заминҳои обиро бояд самаранок истифода бурд. Гузашта аз ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани заминҳои обӣ барои сохтани манзили истиқоматӣ қатъиян манъ аст. Мутаассифона, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия меҳнату заҳматҳои чандинсолаи моро қадр накарда, як қисмати ин замини обиро ба мардум тақсим кардаанд, ки мо ҳоло зироатҳои киштнамудаамонро ҷамъоварӣ накарда, аллакай як нафар «ман ин заминро ҳуҷҷат кардам» гуфта, дастранҷи моро поймол сохта, барои бунёди манзил ба болои он қуму шағал рехтааст.
Ҳарчанд саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додем, ки ин заминро аз мо нагиранд, аммо он ҳама бенатиҷа анҷом ёфт.
Зарур шумурдем, ки тариқи гӯшаи «Шаҳрванд»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин масъаларо ба миён гузорем. Шояд масъулон ба доди ин ҷониб бирасанд ва масъаларо дуруст ҳал бинамоянд.
Авзалмо ХОҶАЕВА, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Комрон»-и
Ҷамоати деҳоти Чоргули, ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 1676

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед