logo

иҷтимоиёт

ФИШОРИ КОСАХОНАИ САР. ПЕШГИРӢ БЕҲ АЗ ТАБОБАТ

30 – 40 сол қабл дар байни кӯдакон бемориҳое ба мисли фишори косахонаи сар ва системаи асаб кам буд.  Имрӯз ба гуфтаи мутахассисон наздики  80 дарсади кӯдакон ба ин  намуди беморӣ гирифторанд. Сокини пойтахт Ҳабиба Ҳасанова зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «писарам дусола, аммо хеле лоғар аст. Бо сабаби камхӯрокиаш вазнаш ба синнаш мувофиқат намекунад. Суст инкишоф меёбад ва хеле беқувват аст».
Табибони асабшинос мегӯянд, ки ин навъи беморӣ боиси пайдоиши дигар намуди бемориҳои системаи асаб ҳам мешавад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо фишори косахонаи  сар дар байни кӯдакони навзод ва кӯдакони  то 7- сола хеле зиёд  аст. Мутахассисон омилҳои зиёди  пайдоиши ин бемориро номбар мекунанд.  Ба иттилои онҳо, агар аз як сӯ сабаби беморӣ  таъсири техникаю тахнологияҳои муосир, аз қабили телефонҳои мобилӣ, компютер, антенаҳои параболӣ, ифлосии  муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар мавҷуд будани мушкилоти иқтисодӣ дар оила ва дигар муаммоҳои оиладорӣ мебошанд. Ташвишҳои оила ва аз ҳад зиёд асабӣ будани зан ҳам ҳангоми ҳомиладорӣ боиси таваллуд шудани кӯдакони гирифтори ин намуди беморӣ мегардад.
Баъзан мавридҳо хуруҷи он дар солҳои аввали пайдоиш номаълум мемонад ва бемор будани кӯдак зуд эҳсос  намешавад. Масалан, Садаф Мирзоева,  ки духтараш  7 сол дорад, чунин мегӯяд: «Духтарам аз аввал сиҳат буд ва пай набурдем, ки ба  фишори косахонаи сар  гирифтор аст. Як сол ин ҷониб сараш дард мекунад ва аз чашмҳояш  об мерезад. Гӯшҳояш маҳкам мешаванд, ҳатто, баъзан, тамоман намешунаванд».
«Фишори косахонаи сар  ин беморӣ набуда яке аз аломатҳои  пайдоиши бисёре аз бемориҳои системаи асаб дониста шудааст», - мегӯяд Раъно Ғафурова, асабшиноси кӯдакони  Маркази саломатии шаҳрии  № 7.  Ба гуфтаи ӯ, ин беморӣ ду намуд мешавад: хушсифат ва бадсифат. Навъи хушсифат бо истифодаи маводи доруворӣ муолиҷа  мешавад. Бадсифаташ  - гидросифалия ва микросифалия буда, кӯдак  модарзодӣ ба он гирифтор аст. Баъди таваллуд  сари ин гуна кӯдакон калон ва танҳо дар асоси ҷарроҳӣ табобат  мешавад. Осебгирӣ ҳангоми таваллуд, ҳомиладории вазнин, зарбхӯрии косахонаи сари кӯдак, истифодаи зиёди  маводи доруворӣ,  бемориҳои модар дар давраи ҳомиладорӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятие, ки кӯдакон  баъд аз таваллуд ба он гирифтор мешаванд,  боиси пайдоиши он  мегарданд. Аз ҷумла, бемориҳое, ки муддати дуру дароз ҳарорати бадани кӯдакро баланд мекунанд. Онҳо фаъолияти рагҳои хунгарди сарро вайрон карда, ба фишорбаландӣ ва хуруҷи он оварда мерасонанд. Нишонаҳои онро дар  нооромӣ, қайкунӣ, варам,  нармии сар, бехобӣ ё камхобӣ, набззанӣ, кабудшавии лабу даҳон ҳангоми гиря донистан мумкин аст. Дар асоси ин аломатҳо ташхисҳои иловагӣ, аз ҷумла муоинаи қаъри чашм, ултрасадои мағзи сар, томографияи компютерии майнаи сар, эрграфияи косахонаи сар  гузаронда мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, ки фишори косахонаи сар ба ҳар  кӯдак ҳар гуна  таъсир мерасонад. Масалан, агар баъзе кӯдакон дар ин ҳолат бисёр ором бошанд, баъзеи дигарашон  зуд хашмгин мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, агар беморӣ сари вақт табобат нашавад, ба рушди минбаъдаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин хотир, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кӯдак ба  саломатӣ  ва инкишофи дурусти он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар давраи ҳомиладорӣ  бештар ғизоҳои табииро истеъмол ва баръакс аз маводи дорувории дардпасткунанда истифода набаранд. Аз  ташхиси ултрасадо ҳам кам гузаранд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 913

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед