logo

иқтисод

ИСТИХРОҶИ АНГИШТ. "ФОН-ЯҒНОБ" НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД

Истихроҷу коркарди ангишт яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва манфиатбахш буда, рушди ин соҳа метавонад дар таъсис ва фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ нақши фаъол гузорад. Хушбахтона, кулли ангиштканони ноҳияи Айнӣ моҳияти ин масъаларо дарк намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг силсилаи тадбирҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Ин матлабро Неъматулло Раҳматуллозода, раиси ноҳия Айнӣ, зимни як ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ангиштканон дар ҳузури роҳбарият ва кормандони Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» баён намуд. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳа истихроҷи ангишт дар конҳои ноҳия сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Чунончи, дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт дар ноҳия 786,0 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,0 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, танҳо дар Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ин давра ба 426,0 ҳазор тонна расида, 130 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Неъматулло Раҳматуллозода бо қаноатмандӣ аз нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва  фаъолияти босамари ангиштканон пешқадамони истеҳсолотро бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонд.
Зимнан, Фирӯзбек Сайфуллоев, директори кулли Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб», кормандони фаъолро бо туҳфаҳои молиявию хотиравӣ қадрдонӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷомеаи меҳнатии корхона дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат 26-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Роҳбарияти корхона ба манзури афзоиши истеҳсоли ангишт ва таъмини нақшаву барномаҳои пешбинишуда шароитҳои моддиву маишии коргаронро пайваста беҳтар менамояд. Аз ҷумла, музди миёнаи маоши кормандони соҳаи саноатро дар соли 2017 ба 2727 сомонӣ расондааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 767 сомонӣ зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Собир Ҳоҷиев, сармуҳандиси корхона, дар ин коргоҳ ба нақши ҷавонон дар рушди истихроҷи ангишт афзалият дода шудааст. Ҳоло дар корхона 39 нафар ҷавон аз коргари одӣ то мутахассису сардорони қитъаҳо фаъолият доранд. Гузашта аз ин, айни замон 8 нафар мутахассиси ҷавон бо дастгирӣ ва маблағгузории корхона дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни вобаста ба соҳаи кӯҳкорӣ таҳсил менамоянд.
Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» низ дар рушди истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ саҳми «Фон-Яғноб»-ро назаррас медонанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Сайфиддин Аслиддинзода, муовини директори кулли КВД «Ангишти Тоҷик» аз 920,0 ҳазор тонна ангишти дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ истихроҷшуда 425,0 ҳазор тонна ба КФ шахтаи «Фон-Яғноб» рост меояд, ки 46 дарсади истихроҷи ангишт дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, истихроҷи солонаи ангишти ин корхона зиёда аз 60 дарсади талаботи ҷумҳуриро таъмин месозад. Корхонаҳои азими саноативу энергетикӣ, назири Хуаксин-Ғаюр семент, Моҳир семент, Тоҷиксемент, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои буҷетӣ аз истифодабарандагони аслии ангишти «Фон-Яғноб» мебошанд.
Бино ба маълумоти оморӣ, афзоиши истихроҷи ангишт дар конҳои ҷумҳурӣ маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб боло рафт. Аз ҷумла, соли 2016 дар мамлакат ҳаҷми истихроҷи ангишт 1,360 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки дастоварди бесобиқа аст. Ин раванд имкон дод, ки корхонаҳои саноатии дар гузашта бо гази табиӣ фаъолиятдошта, баробари маҳдуд шудани гази воридотӣ бо истифода аз ангишт фаъолияти хешро ба роҳ монанд. Бино ба иттилои Хол Ҳайдар, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, феълан дар мамлакат 230 корхонаи саноатӣ аз ин намуди сӯзишворӣ истифода мекунанд, ки дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши чашмрас доранд.   
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 445

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед