logo

иқтисод

КАНАСК ГАНҶИНАИ НУҲУФТА

Мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат яке аз гӯшаҳои зеботарини кишвар ба шумор рафта, дар ин макон истеҳсоли картошка, ғалладона, лӯбиёӣ, зироатҳои хӯроки чорво, асал, ширу гӯшт ва ҷамъоварии гиёҳҳои давоиро ба роҳ мондан имконпазир аст.

Мардум маънои калимаи «канаск» - ро тағйирёфтаи кони наск тафсир мекунанд. Солҳои пешӣ дар ин ҷо наску нахуд, ғалладона, хӯроки чорво ва зироатҳои дигар истеҳсол мегардид. Заминҳои киштбоби мавзеи Канаск дар баландии 2300 - 2600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ин водии гулпӯшу хуррам бештар аз 20 км дарозӣ ва 4 км паҳноӣ дорад. Замини ҳамвори барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мувофиқ дар водӣ тақрибан 800 гектарро ташкил медиҳад. Захираи оби водӣ аз обҳои зулоли чашмаву тармаҳо сарчашма мегирад.
Канаск аз дараҳои пурпечутоби кӯҳӣ иборат буда, калонтарини онҳо дараҳои Барзангӣ, Қутбӣ ва Шақӣ ба шумор мераванд. Дарозии ин дараҳо аз 5 то 10 километрро ташкил медиҳад ва онҳо макони рустаниву гиёҳҳои шифоӣ, хӯроки чорво ва ғизоианд. 
Сарватҳои табиии мавзеъ - замини серҳосил, обҳои мусаффо, гуногунии биологӣ ва ҳавои салқини он хосса барои рушду нумӯи яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат – картошкапарварӣ мусоиданд. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Канаск соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагии ёрирасони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар майдони кишти картошка ба зиёда аз 200 гектар расонда шуд. Дар майдонҳои зархези водии номбурда бо дастгирии Ҳукумати мамлакат садҳо тонна тухмии навъҳои тезпазу серҳосили картошка, аз қабили «Ред Скарлед», «Янка», «Гала», «Жуковский ранний», аз Федератсияи Русия ва Беларус оварда, кишт карда шуд. Дар гузарондани кишт ва корҳои агротехникӣ КВДҶ «Агролизинг» саҳми назаррас гузошт.
Азбаски зимистони гузашта хеле сербориш омад, дар мавзеи Канаск тармаҳои калони барф ба вуҷуд омада, барои сари вақт гузарондани кишти картошка монеа гаштанд ва кишти картошка нисбатан дер сурат гирифт.
Заминҳои Канаск аз сабаби солҳои зиёд ҳамчун чарогоҳ истифода шудан хоки серпору дорад ва барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка мусоиданд.
Моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Лахш супориш доданд, ки дар минтақаи Канаск олимон бояд доир ба омӯзиши наш-ъунамои навъҳои гуногуни картошка тадқиқоти хешро васеъ намуда, дар афзоиш додани тухмии солими картошкаи ватанӣ ба деҳқонон ёрӣ расонанд.
Дар асоси супориши Сарвари давлат як гурӯҳ олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои кишвар барои гузарондани кишти намунаҳои гуногуни картошка ва зироатҳои дигари кишоварзӣ ва омӯзиши намуду захираҳои гиёҳҳои шифоӣ ба мавзеи Канаск сафарбар шуданд. Имсол олимон дар майдони бештар аз ду гектар қитъаи таҷрибавӣ навъу гибридҳои гуногуни картошка (аз ҷумла навъҳои ватании «Тоҷикистон», 0,40 гектар, «Файзобод» 0,10 гектар ва бештар аз 35 навъи дигар) ва зироатҳои дигарро кишт намудаанд.
Инчунин, дар ин ҷо намунаҳои нави картошка, ки аз Маркази ҷаҳонии картошкапарварӣ (Перу) оварда шуданд, парвариш мешаванд. Дар қитъаи таҷрибавӣ бори аввал кишти омехтаи картошка ва 5 навъи топинамбур гузаронда шуд.
Омӯзиши навъҳои картошка бо мақсади афзоиш додани тухмии хушсифати ватанӣ дар Канаск давом дорад. Олимони академия ҳамчунин, корҳои селексониро доир ба гузарондани дурагакунии навъҳои гуногуни картошка оғоз намуданд ва навъҳои маҳаллиро ба навъҳои тезпази картошка, аз қабили «Ред Скарлед», «Янка», «Гала», дурага намуданд. 
Ҳамзамон, омӯзиши намуд ва миқдори ҳашарот, ки метавонанд касалиҳои вирусии картошкаро паҳн намоянд, оғоз шудааст.  Ҳарорати ҳаво ва хок дар чуқурии 5, 10, 15 ва 20 см низ мавриди омӯзиш истодаанд, ки барои тавсияҳои илмӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва устувории навъҳои ватании картошка ёрӣ мерасонанд.
Дар қитъаи таҷрибавии Канаск тарзи обмонии қатрагии картошка, ки барои сарфаи об, пешгирӣ аз шусташавию эрозияи хоки киштзор ва обмонии заминҳо бо қувваи ками корӣ мусоидат менамояд, роҳандозӣ шудааст.
Имсол дар натиҷаи омӯзиши намунаҳои коллексионӣ дар ин мавзеъ муяссар гашт, ки намунаҳои тезпази картошкаро муайян намоем. Онҳо дар муддати 50 - 60 рӯз ҳосили дилхоҳ ба бор меоранд.  Барои дар оянда самаранок истифода гаштани заминҳои ҳосилхези мавзеъ баҳри киштгардони замин кишти ғалладонаю зироати хӯроки чорворо бояд ба роҳ монем ва картошка дар на зиёда аз 300 гектар шинонда шавад.
Канаск метавонад макони истеҳсоли нахустухмӣ (тухмии модарӣ), суперэлита ва элитаи навъҳои картошка барои тамоми картошкапарварони ҷумҳурӣ бошад.  Дар водии номбурда ташкили пойгоҳи илмии эксперименталӣ барои олимони Тоҷикистон, аз ҷумла биологҳо, зоологҳо, геологҳо, экологҳо, иқлимшиносон, кишоварзон, ниҳоят зарур аст. Чунин пойгоҳи илмӣ дар омӯзиши захираҳои то кунун кашфнашудаи кишвар дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.
Қурбоналӣ ПАРТОВОВ,
сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АИ ҶТ, доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 500

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед