logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

"Ҳашиш" дар дохили "ДСП" мунҷар ба 91 солу 6 моҳи зиндон шуд

Суди шаҳри Душанбе баъд аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ф.Маҳмадиев, Ҷ.Маҳмудов, Б.Тураев, М.Қуқанов ва Д.Самиев ин афродро ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, онҳо дар тасарруфи  ғайриқонунии 10 адад масолеҳи сохтмонии «ДСП», ки дар дохилашон ба миқдори 97,610 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ҷой карда шудааст, муҷрим шинохта шуданд.
Нафарони судшуда, баъд аз он ки дар бораи мавҷуд будани чунин масолеҳ дар манзили истиқоматии А.Ҳикматов, воқеъ дар деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ огоҳ мешаванд, бо маслиҳати пешакӣ моҳи ноябри соли 2016 шабона вориди ин манзил шуда, як адад ва 12 январи соли 2017 бо ҳамин усул 9 адади дигарро бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ ба хонаи иҷоравиашон дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додаанд.
Дар робита ба ин, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе М.Маҳмадиев 20 сол, Ҷ.Маҳмудов 19  сол, Б.Тураев 18 солу 6 моҳ,  М.Қуқанов 18 сол ва Д.Самиев 16 сол  аз озодӣ маҳрум  гардиданд.

Ришва тақдири як масъули коллеҷи омӯзгориро доғдор кард
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Сафаралӣ Каримов, эдвейзери коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 12 000 сомонӣ аз сӯи кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон боздошт гардидааст. Сафаралӣ Каримов ин маблағро аз шаҳрванд «А» барои дохил намудани ӯ ба донишгоҳ талаб намуда, ҳангоми гирифтани он дар дафтари кориаш дастгир ва 12 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 572
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед