logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. КОРМАНДОНИ ТЕАТР БОЯД ПЕШОҲАНГ БОШАНД!

Бахшида ба ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба мардум фаҳмондани моҳияти он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи махсуси кормандон доир гашт.
Манучеҳр Шарифзода, директори театр, изҳор дошт, ки тағйиру иловаҳои нав ба қонуни мазкур бисёри одатҳои барои мардуми тоҷик бегонаро аз байн хоҳад бурд. Ба ин васила ҳифзи арзишҳои миллӣ таҳким ёфта, ҳисси ватандӯстию ободкории шаҳрвандон боло меравад.
Ба гуфтаи Миралӣ Достизода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, мувофиқи тағйироти навбатӣ ба ин санади олӣ  харҷи миёншикан аз ҳисоби тӯю маросимҳои бодабдаба аз байн  бардошта шуд. Ин иқдоми наҷиб  имконият медиҳад, ки  мардум аз ҳисоби ба тартиб даровардани расму оини миллӣ дар беҳбудии зиндагии хеш ва ободу зебо сохтани маҳали зисташон саҳми бештар гузоранд.
Дар ҷаласа зикр гашт, ки оростани хони маънавӣ яке аз иловаҳои беҳтарин ба қонун буда, он дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ҳадаф аз ҷорӣ намудани он дуову фотиҳа хондан ва тиловати Қуръони маҷид ҳангоми баргузории идҳои Қурбону Рамазон ва маросими азодорӣ ба ҷойи сарфи барзиёди хӯрданиҳо мебошад. 
Кормандони театр зимни баромадҳо, ҳамчунин, бо пуштибонӣ аз фарҳанги ғании тоҷикон, хусусан дар бахши эҳтироми либоси миллӣ ва парҳез аз расму русуми барои мо бегона, таъкид намуданд, ки дар сафи пеши зиёиёни мамлакат қарор доранд ва ин масъулияти онҳоро дар пос доштан ва эҳтиром намудани фарҳанги ғании аҷдодӣ дучанд менамояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз ваҷҳҳои бегона вазифаи муқаддаси кормандони театр аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 383

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед