logo

фарҳанг

ЗАБОНАМОНРО НИГАҲ ХОҲЕМ ДОШТ

Андешапешагони кишварамон аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромидошт ва ба таври шоиста донистани забони миллӣ бардоштҳои судбахш дошта, талош барои шукуфоии сухани тоҷикӣ доранд. Ҳамин аст, ки солҳои охир тоҷикидонӣ ва саранависӣ дар ҷомеаи мо ҳунари баланд ба шумор рафта, адабпарастону забоншиносон рӯ ба беҳсозӣ ва илмисозии забони тоҷикӣ овардаанд.

Донишомӯхтагон ва коршиносон огоҳанд, ки забони тоҷикӣ аз дастаи забонҳои ҳиндуэронӣ, аз гурӯҳи забонии ҳиндуаврупоӣ мебошад ва реша дар забони ориёӣ дошта, дар радифи забонҳои неруманд ҷой дорад.
Аммо забони гиромии мо пас аз ҳамлаҳои шадид вожаҳои ғайрро дар навбати нахуст пазируфта, бо гузашти дусад – сесад сол, чӣ бо фишори ишғолгарон ва чӣ бо талоши рӯҳониёну донишмандони худбегона, шумори вожаҳои ба пайкараш воридшударо то ба 60 дарсад ва аз он ҳам зиёд расонда буд. Ва чуноне ошкор аст, рахнаи забоншиносии сиёсатзадаи шӯравӣ тавоноии илмии забони моро то андозае коста гардонд.
Забонҳои қавмҳои ғолиб, ки бештар сабабгори ошуфтагии забони тоҷикӣ гардидаанд, даст ба вожаҳои пояӣ дароз карда, ба онҳо осеб расондаанд. Забони тоҷикӣ пас аз садаи VII мелодӣ анбӯҳи вожаҳои пояии худ, иборат аз феълҳои содаро аз даст додааст, ки бинобар бегона гаштан акнун дубора аз онҳо наметавон кор гирифт. Чунончи: «ниюшидан» (шунавидан), «тафтан» (тафсидан), «фарсудан» (куҳна шудан), «шикефтан» (сабр кардан), «сутурдан» (пок кардан), «ситадан» (пас гирифтан), «охтан» (дароз кардан), «алфахтан» (тӯда кардан), «оғолидан» (таҳрик кардан), «шоистан» (ҳақдор кардан) ва монанди он.
Бисёре аз феълҳои содаи дар баён шевову расо, ки ба воситаи пешвандҳо сохта шудаанд,  ҷойи худро ба феълҳои мураккаб додаанд. Ба монанди: «ёридан» - ёрӣ додан, олудан – олуда кардан, осудан – истироҳат кардан ва монанди он, ки бо такрори фаровони «кардан», ба сохтори оҳангдори забони тоҷикӣ зиён меоварад.
Ҳамин фишори соҳибони забонҳои бегона сабаб гардида, ки  бисёре аз пешовандҳои феълӣ низ аз баҳрагирӣ дар канор монда, бад – ин васила ба тавонмандии забони тоҷикӣ осеб расонда шавад.
Барои огоҳии бештар дар ин росто мо нигоҳи гузаро ба пешовандҳои феълии забони русӣ меафканем, ки аз хешовандони забони тоҷикӣ буда, сохтори вожасозии он низ бар пояи омезиши решаҳо устувор аст. Забони русӣ гарчи калимаҳои бешумореро низ аз забонҳои дигар вом гирифта бошад ҳам, тору пуди худ, устухонбандии хеш, яъне сохтори вожасозиашро нигаҳ дошта, дар дарозои замон вожаҳои сутунӣ, ё пояии худро хеле кам аз даст додааст.
Яке аз вижагиҳои тавонмандии ин забон сохтани феълҳои зиёде ба воситаи пешовандҳои феълӣ мебошад, ки аз роҳи корбурди онҳо, маъниҳои гуногуни як вожаро метавон пайдо кард. Чунончи агар мо як вожаи русии «ходить» (рафтанро) интихоб карда, ба он пешовандҳои «на», «от», «за» «с», «пере», «ис», «у»- ро бипайвандем, маъниҳои гуногуне ҳосил хоҳем кард; «находить» (дарёфтан, пайдо кардан), «отходить» (ба канор рафтан), «заходить» (ворид шудан), «сходить», (рафтан, сари қадам…), «переходить» (гузаштан, убур кардан), «исходить» (баромадан - бармеояд), «уходить» (берун шудан, бурун рафтан)…..
Дар забони классикони адабиёти мо вожаҳое, ки аз роҳи пешовандҳои феълӣ сохта шудаанд, чун дар забони русӣ фаровон ба кор бурда шудаанд. Чунончи бо корбурди пешованди «боз»: бозхондан, бозовардан, бозбурдан, бозшинохтан, бозҷастан, бозрасондан, бозистодан, бозгаштан, бозҷустан, бозомӯхтан, бозниҳодан. Бо коргирӣ аз пешованди «бар»: баргирифтан, баровардан, барниҳодан, барсохтан, барафроштан, баромадан, (бармеояд), барнишондан, барафкандан, барчидан, баршумурдан, барнишастан, барнигаристан, баргузидан, барҷастан, баргаштан, барканор. Бо пешованди «дар»: дархостан, дармондан, даровардан, дарафтодан, даррасидан, даррафтан (дарнарафтан), даровехтан, дарниҳодан, дарафкандан. Бо пешованди «фаро»: фарохӯр, фаротар, фаро гирифтан, фаро расидан, фаро хондан. Бо пешованди «фурӯ»  -  «фурӯд»: фурӯ омадан, фурӯ бурдан, фурӯ рафтан, фурӯд овардан, фурӯ ниҳодан. Бо пешованди «во»: вокӯфтан, вогузордан, вогуфтан, вораҳидан, вобастан, вохостан, вомондан, ворастан, вокуниш кардан. Бо корбурди пешованди вожасози «ҳам»: ҳамгуҳар, ҳамгун(а), ҳамсон, ҳамдуш, ҳамсанг, ҳамранг, ҳамнабард, ҳамдостон, ҳампеша, ҳамгинон, ҳамрадиф, ҳамроҳ, ҳамроз, ҳампеша, ҳамтухма, ҳамнажод, ҳамсангар. Бояд донист, ки пешовандҳои вожасоз, ки дар забони осори классиконамон ба кор бурда мешуданд, бо гузашти замон тағйири шакл кардаанд: «андар» – дар, «абоз»  – боз, «абар»  – бар, «або»   – бо,  «аби»   – бе, «фаро»   – фароз.
Ҳамчун намунаи коргирии фаровон аз пешовандҳои феълӣ, байти зеринро аз «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ пеши рӯ меоварем:
Набояд, ки гург аз пасаш даркашад,
Ки ӯро ҳамон бахти бад баркашад.  
Аз ин нигариш бар он боварем, ки забоншиносони донои мо андешаи таҳлилии хешро ба шеваи фаромӯшшудаи вожасозӣ равона карда, барои коргирӣ аз он талош хоҳанд варзид. Гумон меравад ин суханони шоистаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша дастури соҳибони забони аҳуроии тоҷикӣ хоҳад буд:
«Ниёконамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст».
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 410

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед