logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. АЗ ТАНБЕҲ ТО САБУКДӮШӢ АЗ ВАЗИФА

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, дар доираи ваколатҳои худ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию тафтишотӣ корҳои муайянеро анҷом медиҳад.
Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба агентӣ 2505 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин 799 муроҷиат қонеъ ва 636 муроҷиати дигар аз рӯи тобеияти санҷишӣ ба ниҳодҳои дахлдор ирсол шудааст. Аз муроҷиатҳои баррасишуда нисбат ба 172 адади он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 224 муроҷиат ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ гаштааст. Гузашта аз ин, бо назардошти натиҷаи санҷиши 247 муроҷиати шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ гардидааст. 
Сулаймон Султонзода,  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баёни ин матлаб иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод 710 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, нисбат ба онҳое, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 686,1 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст. Дар ин муддат 628,5 ҳазор сомонии он ба Буҷети давлат ворид шудааст.
Директори агентӣ ба масъалаи дар баъзе ҳолатҳо риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр сохт, ки танҳо дар нимсолаи аввал 125 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, барои татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол шудааст.
Ҳамзамон, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор 2184 дастури хаттӣ ва 627 пешниҳод оид ба бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гаштааст. Аз шумораи умумии дастуру пешниҳодҳои ирсолгардида 1705 дастури хаттӣ ва 354 пешниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифта, сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бартараф карда шудаанд. Дар натиҷаи баррасии дастуру пешниҳодҳои зикршуда нисбат ба 192 нафар огоҳӣ, 197 нафар сарзаниш, 288 нафар танбеҳ татбиқ гашта, 78  нафар аз вазифаи ишғолнамудааш озод гардидааст.
Ба агентӣ 692 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки 652 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, 114 - тои дигар ҷиҳати бартараф  намудани камбудиҳо баргардонда шудааст.  Зимни баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 95 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гаштааст. Кормандони агентӣ дар рафти санҷишҳо, инчунин, 19 ҳолати хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздикро ба мансабҳои давлатӣ ошкор намудаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 553

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед