logo

иҷтимоиёт

ФУРУДГОҲ СИМОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД

Дар таърихи кишвар оғози фаъолияти авиатсияи граждании Тоҷикистон 3 сентябри соли 1924 сабт шудааст. Яъне, расо 93 сол қабл ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) бо сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев аз Бухоро парвоз карда, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишаст.
Дар иртибот ба солгарди Рӯзи авиатсияи тоҷик саволи матраҳ ин аст: фурудгоҳи пойтахт дарвозаи ҳавоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ном гирифтааст, солҳои охир чӣ симою мақоме касб кардааст. ҶСК «ФБД» соли 2009 ҳамчун муассисаи алоҳидаи авиатсионӣ арзи вуҷуд намуд ва биною иншооти куҳна, парки техникаҳои фарсудаву аксар корношоям дар ихтиёр дошт. Ба ин ваҷҳ роҳбарияти фурудгоҳро саъю кӯшиши зиёд лозим омад, то ки он воқеан ба фурудгоҳи сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад.
Тӯли ҳашт соли минбаъда беш аз 90 дарсади парки автомобилӣ нав карда шуд. Бо ёрии хизматчиёни ҳарбии Фаронса, ки тибқи қарордоди байнидавлатӣ дар ҳудуди фурудгоҳ ҷойгир  буданд, перрони фурудгоҳро пурра таъмир карда, роҳрави нави замонавӣ сохтанд.  Соли 2012 бо тақозои Созмони байналмилалии авиатсионии ИКАО атрофи фурудгоҳ пурра деворбандӣ гардида, бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ҷиҳозонида шуд. Соли 2014 терминали нави мусофиркашонӣ бо иқтидори 500 мусофир/соат бунёд ёфт. Ду сол баъд таъмири асосии толорҳои СИП ва ВИП анҷом дода, майдонҳои назди терминалҳои наву куҳна қисман бозсозӣ карда шуданд. Барои ин корҳо ҶСК «ФБД»  беш аз 80 миллион доллари ИМА харҷ намуд.
Айни замон фурудгоҳ дорои ду терминали мусофиркашӣ, хати муосири парвозу фуруд бо фарши сунъӣ, 4 перрон барои исти  ҳавопаймоҳои тамғаҳои гуногун, аз ҷумла «Боинг» ва «Эйрбас», ИЛ - 96, ИЛ - 86, ИЛ - 76, инчунин, ҳавопаймоҳои АН - 124 «Руслан», АН - 225 ва дигар ҳавопаймоҳои азими боркаш мебошад. Вуруди мусофирон  ба ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тибқи талаботи стандартҳои байналхалқии амниятӣ, яъне тавассути таҷҳизоту воситаҳои муоина, детекторҳои оҳанҷӯ, низоми мушоҳидаю сабти видеоӣ, дарҳои чархзан ва ғайра сурат мегирад.
Яке аз дастовардҳои муҳими Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сохтмони  терминали нави мусофиркашӣ маҳсуб мешавад, ки ифтитоҳи расмии он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 сентябри соли 2014 баргузор гардид. Айни замон терминали мазкур бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар як соат ба 500 мусофир тибқи талаботи муосир  хизмат мерасонад.
Дигар дастоварди муҳими Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғози сохтмони  терминали боркашонии замонавӣ мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи он Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории низомҳои фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (низоми ILS), чароғакҳои роҳнамои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (низоми PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳои терминали боркашонӣ гранти бебозгашт ҷудо намуд.
Аллакай низоми фуруди автоматии ҳавопаймоҳо, чароғакҳои роҳнамои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, мавриди истифода қарор доранд. Сохтмони терминали зикргашта бояд моҳи августи соли 2018 анҷом ёбад.
Роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳсозии  сифати хизматрасониҳои рӯизаминии ҳавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса пайваста диққат медиҳад. Вақтҳои охир як идда мошину механизмҳои махсуси аэродромӣ харидорӣ шуданд.
Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон низ дар сархати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор гирифтааст, зеро мақому мартабаи фурудгоҳ ва имиҷи байналмилалии он ба ҳаҷму сифати хизматрасониҳо иртиботи ногусастанӣ дорад. Бо ин мақсад толорҳои умумӣ,  толори тиҷоратии терминали 2, майдони назди аэровокзал таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ сохта, бинои аэровокзал бо таҷҳизоти ҳозиразамон (рапискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, кондитсионерҳо ва ғ.) ҷиҳозонда шуд, инчунин, дар бинои терминали 2 ошхонаи нав ва дар терминали 1 толори СИП мавриди истифода қарор гирифт. Толорҳо, инчунин, шабакаи интернетии бесими Wi Fi доранд, ки аз он мусофирону меҳмонони пойтахт ройгон истифода мебаранд.
Тибқи Стратегияи дарозмуҳлати рушди муассиса барои солҳои 2017 - 2022, ки дар асоси ҳидояту дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, таъмиру таҷдиди хати парвозу нишасти фурудгоҳ, парки автомобилӣ бо харидории  нақлиёту таҷҳизоти махсус, саҳмгирӣ дар сохтмони терминали  боркашонӣ,  сохтмони меҳмонхонаи нави фурудгоҳ ва маҷмааи таваққуфгоҳи автомобилии 3 - ошёнаи пӯшида, таъмиру таҷдиди объектҳои мавҷудаи авиатсионии маҷмааи аэродром, «Терминали мусофиркашии №2», майдони назди вокзал, таҷҳизоти радиотехникӣ, сохтмони хати дуюми сунъии парвозу фуруд дар назар аст.
Айни замон парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Олмон, Афғонистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон, ба ҷо оварда мешаванд.
Аз фурудгоҳи Душанбе бошад, ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳри Федератсияи Русия, инчунин, ба Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.       
Чун армуғони идона ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар фурудгоҳ ва гирду атрофи он шинондани 1200 бех дарахт, зиёда аз 62 ҳазор гулу буттаи ороишӣ сарсабзии онро ба маротиб афзудааст.
Дар шаш моҳи сипаригашта ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба беш аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,4 ҳазор ё 14,6 дарсад зиёд аст.
Албатта, гуфтан хатост, ки дар кори фурудгоҳ камбуде, мушкиле нест. Ҳаст. Лек муҳим он аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, аҳли ҷамъият ҷиддан аз пайи чора мебошанд. Аз ин рӯ, метавон дилпур шуд, ки шароити пазироӣ ва гусел дар фурудгоҳи пойтахт беш аз пеш беҳтар мегардад ва ҳар мусофир ба Душанбе бо шодмонӣ фуруд омада, ба дилкашолӣ парвоз мекунад.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 516

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед