logo

иқтисод

"ҲОЛИ НОГУВОРИ ПАРТОВГОҲҲОИ КӮЛОБ"

Мақолаи Темуршоҳи Файзалӣ «Ҳоли ногувори партовгоҳҳои Кӯлоб», ки ба тақвияти матлаби сокини шаҳри Кӯлоб, собиқ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб Шарифхон Тиллоев навишта шуда, 10 августи соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 168) ба нашр расидааст, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст қазияи дар ҳолати ногувор қарор доштани партовгоҳи назди бозори «Саховат» баъди омӯзиш ва санҷиш баррасӣ шуд. Мувофиқи маълумоти сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Саъдулло Неъматов, акси дар рӯзнома интишорёфта 6 моҳ пеш гирифта шудааст, зеро ҳоло дар ҷойи ин партовгоҳ бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб нуқтаи муваққатии партовҷамъкунӣ сохта шуда, партовгоҳ дар вазъи нисбатан беҳтар қарор дорад. Бозори «Саховат» бо корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр» шартнома надошта, партов аз партовгоҳи дар сурат нишондодашуда аз тарафи худи бозори «Саховат» кашонда мешавад. Масъулон барои ислоҳи камбудиҳо, ки мутаассифона, дар ин самт ҳанӯз ҳам ҳастанд, муваззаф гардиданд.
Дар давоми соли сипаришуда аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби шаҳрвандон ва корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналии шаҳри Кӯлоб» чор маротиба аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Барои ғайриқонунӣ партофтани партовҳо дар ҷойҳои мамнуъ 28 шаҳрванд дар маҷмӯъ 1350 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, маблағ ба буҷети давлат ворид шудааст.
Тибқи маълумотномаи Ҷамшед Рафиев, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб, дар ҳақиқат, накашондани партовҳо дар шаҳр проблемаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад ва аз натиҷаи санҷишҳои пайдарпайи мутахассисони марказ оид ба сари вақт кашондани партовгоҳҳо аз кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр бармеояд, ки новобаста аз заифии пойгоҳи модию техникии корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр», нисбат ба солҳои гузашта кашондани партовҳо бештар шудааст. Аммо вазъи тозакунӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва дар як қатор кӯчаю маҳаллаҳо партовҳо сари вақт кашонда намешаванд. Барои ислоҳи вазъ, тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, 12 августи соли 2017 бо иштироки намояндагони муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, сокинони маҳаллаҳои назди сойи Тебалай , кормандони корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр» аксияи соҳил ва аз тарафи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои безараргардонӣ ва дизенфиксионӣ гузаронда шуданд. Дар давоми 7 моҳ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ба корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр» 4 пешниҳод ирсол шуда, нисбат ба  2 шахси масъул мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Инчунин, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати 44 шаҳрванд бо пешниҳоди мақомоти дахлдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст.
Алҳол дар корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии  манзилию коммуналии шаҳр» нақшаи мукаммали кашондани партовҳо аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр таҳия гашта, мутобиқи ин нақша, ду бригадаи корӣ дар ду баст фаъолият дорад. Корхона худмаблағгузор буда, тибқи шартномаҳои тарафайн бо аҳолӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо фаъолият мекунад.
Сабаби асосии ифлос гаштани сойи Тебалай паст будани фарҳанги шаҳрнишинии сокинони қад - қади соҳил мебошад.
Муассисаи назорати сектори хусусии шаҳр бо сокинони қад - қади сойи Тебалай вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо фаҳмонданд, ки бо корхонаи фаръӣ - давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и шаҳри Кӯлоб шартномаи тарафайн банданд, зеро тозагии соҳил ба нафъи ҳар кадоми онҳо мебошад.
 

Сулаймон СУЛТОН,
мудири бахши бойгонӣ, матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 434

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед