logo

иҷтимоиёт

ҶАЙҲУН. АВЛАВИЯТ БА ВАРЗИШ

Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаю канори кишвар авҷи корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ба мушоҳида мерасад. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли ҷавонон навсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон идома дорад.
Тавре Саидҷон Сатторзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун, гуфт, дар доираи амалисозии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 - 2018» дар ноҳия 24 майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона дар назди муассисаҳои таълимӣ дубора барқарор шуда, алҳол мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар МТМУ № 8 - и Ҷамоати деҳоти Панҷ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ толори варзишӣ ба истифода дода шуд.
- Дар баробари мақомоти масъули давлатӣ сокинон ва соҳибкорони алоҳида баҳри ободу зебо ва ҷолиб гардондани симои ноҳия сохта ба истифода додани майдончаҳои бозии кӯдакон ва иншооти варзиширо қарзи ватандории хеш медонанд. Соҳибкор Каримҷон Ҳомидов 1 толори варзишӣ барои ҷавонону наврасон сохта, майдони варзишии марказӣ барои 3000 ҷойи нишаст бо маблағгузории сокини ноҳия Баҳодур Холиқзода ва соҳибкорони дигар азнавсозӣ шуд. Ин иншоот аллакай дар хизмати мардум қарор дорад. Айни замон қарори раиси ноҳия дар бораи бунёди 2 майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷ ва Қумсангир ба тасвиб расида, то ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ин майдончаҳо ба истифода дода мешаванд, - гуфт С. Сатторзода.
Сокинони ноҳия зимни суҳбат аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори хушнудӣ намуданд. Зикр гардид, ки мақсад аз ин ободкориҳо фароҳам овардани зиндагии шоиставу арзанда барои мардум мебошад.

Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 362

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед