logo

фарҳанг

МАНБАИ НУР

Яке аз ҳақиқатҳои эътиқоди таълимии ман боварии беинтиҳо ба неруи тарбияткунандагии китоб аст. Мактаб – ин, пеш аз ҳама, китоб аст. Тарбият, пеш аз ҳама сухан, китоб ва муносибатҳои зиндаи инсоният мебошад. Китоб – ин аслиҳаи тавоност. Китоби бохираду илҳомбахш дар бисёр маврид тақдири инсонро ҳал мекунад.
В. Сухомлинский
* * *
Бе китоб ҳаёти инсоният пучу холист. Китоб на танҳо дӯсти мо, балки ҳамсафари доимӣ ва абадии мост.
Д. Бедний
* * *
Аз хиради олии инсоният бо шарофати  мутолиаи китоб  лаззат мебарем ва ин василаи муошират барои ҳама дастрас аст. 
У. Чэннинг
* * *
Китобҳо васияти маънавии як насл ба насли дигар ҳастанд, маслиҳати пири фавтидаистода ба наврасест, ки акнун ҳаётро оғоз кардааст, фармони дидбони равона ба истироҳат ба дидбонест, ки ба ҷойи ӯ хоҳад истод.
А. Гертсен
 * * *
Бузургтарин муъҷиза аз муъҷизаҳои офаридаи инсон китоб аст, ки донишҳои роҷеъ ба ҳаёти олам, тамоми таърихи рушди тафаккури ҷаҳонӣ, кулли меҳнати таърихӣ ва таҷрибаи халқҳои рӯйи заминро дар худ фаро мегирад. Китоб нерумандтарин силоҳи густариши маънавии минбаъдаи инсоният аст.
М. Горкий 
* * *
Аз тамоми эҷодиёти зоҳирнамудаи инсоният аҷибтарин ва арзандаи таваҷҷуҳ ин китоб аст. Дар китоб  андешаи замони гузашта умр ба сар мебарад; ошкоро ва дақиқан садои одамон ба гӯш мерасад, ки хокистари онҳо кайҳо чун хоб парида рафтааст. Ҳама он чӣ, ки инсоният содир намуд, андеша ронд, ҳамаи он чиро, ки муваффақ шуд, кулли онҳо дар саҳафоти китоб маҳфуз монд.
Т.  Карлейл
* * *
Китобҳо рӯҳро равшанӣ мебахшанд, инсонро бартарӣ ва устуворӣ ато мекунанд, дар ӯ беҳтарин талошҳоро бедор месозанд, зеҳнашро бурро ва қалбашро нарм мегардонанд.
У. Теккерей
* * *
Ҳеҷ як таназзули таърих ва сукути фосилаҳои вақт қудрати маҳви зеҳни инсонро, ки дар садҳо, ҳазорҳо ва миллион дастнависҳои китоб нигоҳ дошта шудаанд, надорад.
К. Паустовский

* * *
Китоб муъҷизакор аст. Китоб оламро дигаргунӣ бахшид. Дар он хотираи насли одам маҳфуз аст. Китоб василаи баёни маҳсули  тафаккури инсонист. Дунёи бе китоб дунёи ваҳшиҳост.
Н. Морозов

* * *
Китобҳо моро ба беҳтарин ҷомеа ворид месозанд, моро бо тафаккури бузургтарини ҳама замонҳо ошно менамоянд.
С. Смайлс
* * *
Хонае, ки китоб надорад, ба бадане мемонад, ки аз рӯҳ бенасиб гардидааст.
Ситсерон

Таҳия ва тарҷумаи
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 553
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед