logo

иқтисод

ВАНҶ. БОЗ ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲО

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаю канори мамлакат ободу зебо ва шукуфон гардид. Дар ин радиф Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  низ симояшро ба куллӣ дигаргун сохт.

- Сокинони ин гӯшаи зебои диёр, - гуфт Валиҷон Муҳаммадуллоев, раиси деҳоти Язгулом, - аз он сипосгузоранд, ки баъди сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Язгулом дар иҷрои барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамоати деҳот, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои бошандагони он корҳои зиёде ба ҷо оварда шудаанд. Мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Язгулом ҳеҷ гоҳе фаромӯш намекунанд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте баъзе ҷавонони  гумроҳ  камон  дар китфу ханҷар дар миён доштанд, Пешвои муаззами миллат ба водии  Язгулом сафари корӣ анҷом доданд. Сарвари давлат дар расми мавриди истифода қарор додани Неругоҳи барқи обии  деҳаи Андарбак иштирок намуданд. Ҳамон вақт дар суханронии худ Президенти кишвар бо  боварӣ ва итминони комил гуфтанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат  амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ  дар саросари Бадахшон оғоз мешаванд. «Шумо сокинони  Ҷамоати деҳоти  Язгулом ва  саросари ноҳияи Ванҷ низ умедвор бошед, ки   раванди  ободкорӣ ва созандагиҳо дар  водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом низ сар мешаванд». Баъди суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат ҳамон рӯз  бист нафар силоҳҳои худро  супурда, ба  назди падару модаронашон баргаштанд ва ҳоло хонаи обод ва зиндагонии хушу гуворо доранд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат,  пеш аз ҳама, бинои нави беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Мотравн қомат афрохт. Дар деҳаҳои Мотравн, Вишхарв ва Жамаг  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шуда, бархе аз бинои дигари таълимгоҳҳо таъмир ва бо компютеру принтер таъмин гаштанд. Дар ин давра хонаи фарҳанги деҳаи Мотравн навсозӣ гардида, ҳамзамон, се маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббии нав сохта шуд. Миёни деҳаҳои Шавуд ва Будун аз болои Язгуломоб пули мошингузари тавоноиаш зиёда аз 30 тонна сохта шуд. 
Баъди сафари кории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Ҷамоати деҳоти Язгулом, ки ду сол пеш сурат гирифта буд,  корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Иқтидори НБО-и деҳаи Андарбак аз 250 кВт - соат ба 500 киловатт соат расонда шуд. Бо дастури Пешвои муаззами миллат сохтмони хатти баландшиддати барқии 35 - киловолтаи Вомар- Шидз - Деҳ - Язгулом ба итмом расид. Ҳоло манзилҳои истиқоматии сокинони  водӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва фарҳангӣ саросар чароғон гаштаанд. Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравн низ босуръат идома дорад ва  дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор  хоҳад гирифт. Ҳамзамон, сохтмони бинои дуошёнаи Ҷамоати деҳоти Язгулом оғоз ёфт. Ба деҳаи Зайч, ки то ҳанӯз роҳи мошингард надошт, дар масофаи 10 километр роҳи нав сохта шуд. Дар ин давра сифати роҳҳои миёни деҳаҳо, аз Дашти Язгулом то рустои Зайч, ки зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад,  хеле  беҳтар гаштааст.
Ба гуфтаи Содиқ Абдусамадов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ванҷ  бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ  низ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ҷамоати деҳоти Язгулом  хеле рушд ёфтааст. Ин водӣ  макони асосии парвариши дарахтони мевадор, аз ҷумла себу нок, зардолу, гелосу олуболу ва токҳои ангур мебошад. Дар ин давра бо  кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин, дар  ҳамкорӣ бо Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон  обёрӣ ва аз худ кардани 100 гектар  замини ташналаби дашти Язгулом анҷом ёфта, 22  гектар боғ бунёд гаштааст.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 471

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед