logo

иҷтимоиёт

ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи даҳ соли амал дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд. Бо тақозои замон ва дархости мардум ба он тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, ба моддаи 7 қисми 4 ба мазмуни зерин илова карда шудааст: «Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст».
Воқеан, дар оростани дастархон дар рӯзҳои ин ду ид аксар мардум бо зиёдаравӣ сабқат муҷустанд. Мардуми камбизоат низ бо он муҳаббате, ки ба ин ду ид доранд ва ба хотири дарёфти савоби бештар тамоми имконоту дороии худро сарфи оростани дастархони беҳтар мекарданд. Дар ин сурат фурӯшандагон нархи маводҳои заруриро чандин баробар маҳз дар арафаи ин  идҳо боло мебардоштанд ва дигар поён намефароварданд. Инчунин, бисёр маводҳои куҳнашудаву муҳлаташон гузаштаро мефурӯхтанд. Ҳол он ки фарорасии идҳо бояд боиси хурсандии аҳолӣ бигарданд, на ин ки мушкилот эҷод намоянд. Мусаллам аст, ки солҳои баъдӣ ин қисмат бештару беҳтар ба танзим медарояд. Бисёр хуб мешуд, агар аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ рафти баргузории ин ду иди исломиро аз кишварҳои пешрафтаи исломӣ нишон медоданд. Дар ин ҳол ба яқин дармеёфтанд, ки ба чӣ гуна зиёдаравиҳо роҳ медодаем.
Аз масъалаҳои дигаре, ки ҳалли дурусти худро ногузир бояд меёфт, хатнасур буд. Моддаи 9 қонун, аз ҷумла дар таҳрири зерин  ифода карда шудааст: «1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад». Агар ба таърихи адён ва фиқҳ ба дидаи ҳақиқат бингарем, бояд ҳамин амал роиҷ мебуд. Мутаассифона, баъдҳо ба он бидъат роҳ ёфт ва ҳузури санъаткорон барои аксар мардум ҳатмӣ гардид. Дар натиҷа сабқат дар хатнасур низ роҳ ёфт, ки ин хилофи шаръҳо ва суннати  Иброҳимӣ буд.
Ба қисми 2 моддаи 10 низ илова ворид гардидааст. Тибқи он расму оинҳои ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) аз миён бардошта ё худ барҳам дода мешаванд.
Агар аз ҳақ нагзарем, ин ҳақиқат басо рӯшан аст, ки дар мо расму оинҳои зиёде буданд, ки на ҷавобгӯи талаботи дин буду на рӯзгори шоиста. Тавре бармеояд, онҳо барои беҳбудии зиндагии мардум мусоидат намекарданд, баръакс сатҳи камбизоатиро меафзуданд.
Фикр мекунам, ки бо ин тағйиру иловаҳо қонуни мазкур мукаммалтар  гардид. Зарур аст, ки он бо шарҳу тавзеҳ дастраси тамоми сокинони кишвар бишавад ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ пурзӯр гардад.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 366

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед