logo

фарҳанг

КИШВАРИ ТОҶИК ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АҲДИ БОСТОН

Ошкор гардидани вожаи «тоҷик» бо овонавиштҳои гуногун дар номаҳои даврони то солшумории тибетӣ, санскрит, хитойӣ, арабӣ, юнонӣ ва ғайра имкон медиҳанд қотеъона ҳукм намоем, ки ин вожа дар шаклҳо ва баргаштҳои гуногун дар бомдоди таърих арзи ҳастӣ дошта будааст.

Тибқи навиштаҳои сарчашмаҳои тибетӣ дар даврони хеле қадим, ҳадди ақал пеш аз ҳазораи аввали то солшуморӣ кишваре бо номи Тоҷик, (Тазиг, Тагзиг, Татсиг ва ғайра) вуҷуд дошт, ки аз се як ҳиссаи ҷаҳони ҳамон вақт маълумро фаро мегирифт. Олимон ва донишмандони кишварҳои гуногун, аз  ҷумла Ю. Рерих, Ҷ. Рейнолдс, П. Квери, Т. Ринпоч, Б. Кузнетсов, Л. Гумилёв, Б. Шаҳсойлу ва дигарон кишвари Тоҷик ва сароғози таърихи онро аз номаҳои Тибети бостон дарёфт ва барои илми муосир пешниҳод кардаанд. Дар ин бора дар асарҳои ин олимон ва “Бюллетенҳои Бонпо II» маълумоти муфассал оварда шудааст.
Номаҳои Тибети бостон ба шарофати дини бон, ки бунёдгузораш ҳаким ва омӯзгор аз кишвари Тоҷик Тонпа Шенраб будааст, боқӣ мондаанд. Мутобиқи тақвими Тибети бостон вай “дар субҳдами рӯзи ҳаштуми моҳи аввали соли аввали Муши модинаи чӯбин” то солшуморӣ  ба дунё омад, ки ин сана ба қавли баъзе олимон ба соли 1857 ва ба қавли баъзе дигар ба 16016 то солшуморӣ баробар будааст. Шенраб ҳамчун шоҳзода ба дунё омадааст.  Боре ӯ ба Тибет рафта, қабл аз он ки аз он ҷо пас гардад, паёмбарона арз доштааст, ки замоне мерасад, ки таълимоти вай дар Тибет ба авҷи камолот хоҳад расид. Воқеан, имрӯз дар Тибет ва як силсила кишварҳои дигар ин дин нуфузи зиёд дорад.
Дар номаҳои Тибети бостон дар бораи кишвари Олмо-Лунгринг – як қисмати сарзамини Тоҷик ҳамчун зодгоҳи ин шахсияти бузурги таърихӣ сухан рафта, тасвироти кӯҳу дарё ва иқлими ин сарзамин возеҳан шарҳ дода мешавад, ки он ба ҷуғрофияи имрӯзаи Тоҷикистон ва сарзаминҳои ҳамҷавораш мувофиқ меояд. Вилояти марказии Олмо Лунгринг аз таҷаммуъи кохҳо, дарёҳо, боғҳо, кӯҳи Юнгдрунг, ки дар маркази кишвар қад кашидааст, иборат будааст. Вилояти миёна (Барлинг) дувоздаҳ шаҳр дошта,  чаҳортои онҳо рӯй ба чаҳор самти дунё воқеъ гашта будаанд. Дар вилояти сеюм заминҳои берунӣ (Талинг) шомил гардидаанд.
Таъйиди мавҷудияти кишвари Тоҷик ва маркази он - Олмолунг он аст, ки сарзамини Ҷамбу (Помир – М.Ҳ.) ва кӯҳи Меру (қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ – М.Ҳ.) дар ин мавқеиятҳо зикр гардидаанд. Маркази кишвари Тоҷик Олмо Лунгринг  сарзамини муқаддас будааст. Олими амрикоӣ Ҷон Рейнолдс, ки ба сабаби дилбастагияш ба фарҳанги ориёӣ Ваҷранатҳа тахаллус кардааст, дар «Қатраи дили Дҳармакайӣ» ном асараш овардааст: «Олмо Лунгринг – ин замини муқаддаси ҷовидонист. Ин кишвар аз оғози пайдоиши нажоди башарӣ вуҷуд доштааст. Олмо Лунгринг на танҳо биҳишти рӯи замин аст, балки баёнгари донишҳоест, ки воқеан кӣ будану аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтани моро мефаҳмонад. ...Ҳакимони Тибет зуд-зуд ба Олмо Лунгринг ба суроғи ин таълимоти гаронбаҳо сафар мекарданд. Самти ҳаракати ин хатти сайрро баррасӣ намуда, муайян кардан мумкин аст, ки вай ба он сӯи Помир, ба Суғд мебарад. То соли 1959 роҳибони бонӣ ба ҷустуҷӯи ин кишвар мебаромаданд, вале ҳеҷ як аз онҳо пас намегашт. Муътақидони асили Бонпо дуо  мекунанд, ки таваллуди дувумашон дар ин кишвар ба амал биёяд. Дар ҳамаи матнҳои аҳди куҳан равшан зикр гардидааст, ки Олмо Лунгринг дар самти шимолӣ ва ғарбии Тибет, дар Тоҷик ва ё Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Гузашта аз он, ду Тоҷик вуҷуд доштааст: яке дар фазоҳои осмон ва дигаре батамом воқеии дар Осиёи Марказӣ мавқеиятдошта». Зимнан бояд гуфт, ки профессори маскавӣ Чудинов аз хусуси сарзамини бостонии русҳо изҳори назар кардааст, ки тақрибан сӣ ҳазор сол пеш аз уқёнуси Атлантик то уқёнуси Ором вуҷуд дошта, бисёр хусусиёташ бо кишвари Тоҷик шабеҳият доштааст.
Тибқи навиштаҳои адабиёти Тибети қадим нажоди аслии кишвари Тоҷикро нажоди шоҳӣ, ки аз осмон фуруд омада, бо одамон издивоҷ намуда будаанд, ташкил додааст. Он шоҳон болои сарашон мисли камони ҳафтранг нуре доштаанд, ки dmu-thag номида шуда, як нӯгаш ба тораки сарашон пайваст ва нӯги дигараш ба осмон баланд мешудааст. Тавре дида мешавад, тоҷ дар вожаи тоҷик асоси таърихиву ривоятӣ дорад. Қисмати «thag» - тҳаг - тоҷ бо пешванду пасвандҳои гуногун ифода гардида, аз он шаклҳои та-ҷиг – ta-jiq, та-зиг – ta-ziq, татс-ик – tat-ziq, тад-зиг – tad-zig, сТаг-кзик – sTag-qzig, та-гзик tag-ziq, рта-м-ҷиг - rta-m-juq, стаг-бзҳи staq-bzhi, ртаг-гзигс - rtaq-qziqs ва ғайра ба вуҷуд омадаанд.
Тибқи маълумоти адабиёти тибетӣ дар кишвари Олмо Лунг – Тоҷик ҳафт тоифаи шоҳӣ – «Хос», «Шаг», «По», «Гйа», «То», «Нйан» зиндагӣ мекардаанд ва тоифаи асосии он Му-шен (дар “Бундаҳишн” Машёна. Зимнан бояд гуфт, ки дар ин асар низ ҳафт тоифа зикр шудааст М.Ҳ.) ном дошта, Тонпа Шенраб аз ҳамон тоифа ба дунё будааст. Хеле пештар аз Тонпа Шенраб дар ин сарзамин Гервер (муқоиса шавад бо Гиршоҳ – Каюмарс – М.Ҳ.) ҳукмронӣ карда будааст. Ҳоло низ яке аз вилоятҳои Тибет ба хотири ин сарзамини таърихӣ Тагзик номида мешавад. Тибетиён писарони худро ба хотири ин тариқат Тагзик номгузорӣ менамоянд.
Ошкор гардидани номаҳои Тибети бостон, ки дар онҳо кишвари Тоҷик ва забони тоҷикӣ зикр гардидааст, дар илми тоҷикшиносӣ метавонад як таҳаввулотеро ба вуҷуд биёварад.  Бори нахуст устод Айнӣ собит намуд, ки вожаи “тоҷик” аз тоҷ сохтмон ёфтааст. Ин назари устод тамоми даъвоҳои бебунёди тӯлониро дар хусуси аз тай ва тозӣ ном қабилаҳои арабӣ тасмия шудани вожаи тоҷик ботил намуд. Зимнан бояд гуфт, ки номҳои тозӣ ва тай бар асари муҳоҷирати ориёиҳо - тоҷикон ба Осиёи пеш дар он минтақа нуфуз намудаанд. Аз омӯзиши номаҳои Тибети бостон ошкор мегардад, ки тҳаг – ҳамон тоҷест, ки бар сари тоҷик омада. Ва имрӯз баъзе ноогоҳони таърих даъво мекунанд, ки гӯё забони тоҷикӣ вуҷуд надошт. Аммо дар номаҳои Тибети бостон ҳам номи кишвари Тоҷик ҳам истилоҳи забони тоҷикӣ (тагзикӣ) вуҷуд дошт, ки бо чунин қадимият ҳеҷ як забону халқи дигар дар дунё дида намешавад. Аз ҷумла дар сарчашмаҳо омадааст, ки баъди вафоти Шенраб шаш тарҷумони бузург ба омӯзиш ва таълими ойини бон машғул шуда, таълимоти бониро аз забони тагзикӣ - тоҷикӣ ба забони кишварҳои худ тарҷума карда будаанд. Яке аз он тарҷумонҳо Мутса Трахер аз  кишвари Тоҷик будааст.
Тонпа Шенраб китобҳои муқаддаси мазҳаби бонро ба забони тагзигӣ (тоҷикӣ) навишт, ки баъдан онҳо ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, ба Тибет ва кишварҳои доманаи Ҳимолой ва Хитойи ҷануби ғарбӣ паҳн гаштаанд. Ваҷаранатҳа (Ҷ. Ренолдс) навиштааст, ки: «Соли 552 то солшуморӣ устоди Бонпо Нячен Лишу Таг-ринг аз кишвари Тоҷик ба Тибет омада, тақрибан даҳ ҳазор матнҳои бониро бо худ овард». Тавре маълум мегардад, дар кадом минтақае аз кишвари Тоҷик дар нимаи ҳазораи аввали то солшуморӣ ойини бонпо ва матнҳои хаттии он ба забони тоҷикии дар ҳамон даврон маъмул боқӣ монда будаанд.
Дар матнҳои бонпо омадааст, ки тамоми мардуми сокини марказ ва ноҳияҳои ниҳонии кишвари Тоҷик ба забони худоёни Свастикаи ҷовидон ҳарф мезананд. Дар вилоятҳои мобайнӣ, ки аз дувоздаҳ ноҳия иборатанд, ҳашт дарё ба самтҳои гуногун ҷорӣ гашта, мардумашон ба забонҳо ва шеваҳои гуногун ҳарф мезананд. Сарфи назар аз он ки забони мулкҳои дохилӣ забони худоёни Свастика аст, дар дувоздаҳ мулкҳои мобайнӣ одамон бо забонҳои гуногун менависанд ва ҳарф мезананд, ки ҳар як аз онҳо ба водии яке аз ҳашт дарёи бузург мутобиқат менамояд. Аз номи ҳашт дарё, ки дар матнҳои бонӣ оварда шудааст, номи Сирдан – Сир ва Пакшу – Вакшу – Вахш  то имрӯз боқӣ мондаанд. Як нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки тамоми олимон забони санскритро эҷоди асрҳои миёнаи ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ дар Ҳинд мешуморанд. Аммо дар навиштаҷоти Бон забони санскрит дар водии яке аз дарёҳои воқеъ дар самти ғарбии кишвари Тоҷик дониста шуда, дар ин бора чунин зикр ба амал омадааст: “Бо забони «Samskri lha skad» (санскрит) дар водии дарёи Машанг (Mashang) дар ғарб (-и кишвар - М.Ҳ) ҳарф мезананд”. Сайёҳи хитойӣ Сюан Тсин низ, ки соли 627 ба Осиёи Миёна сафар карда буд, дар водии Ҳисор мавҷуд будани адабиёт-ро ба забони санскрит ишора намудааст.
Дар навиштаҳои китобҳои таълимоти оини бон омадааст, ки дар мулкҳои мобайнӣ ва берунии кишвари Тоҷик даҳ забони асосӣ ва шасту чор шева роиҷ аст. Дар навишти ин забонҳо ҳарфҳои хурд ва калон, ки ба алифбои ибтидоии «spings-so» асос ёфтаанд, истифода мешаванд. Ин ҳарфҳо шаклҳои гуногуни зиёде дошта, дар ҷаҳон намунаи чунин алифборо пайдо кардан душвор аст. Ин шакли алифбо дар асоси кадом алифбои ибтидоии осмоние ташкил ёфта, алифбои одӣ ва кашфи заминӣ нест.

Муҳтарам ҲОТАМ, шоир ва муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 513

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед