logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи ҳамоиши БРИКС, Чин, 5 сентябри соли 2017

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин!
Ҷанобони Олӣ – муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед ба ҷониби Чин ва шахсан ба Шумо, ҷаноби Раис барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши муҳим миннатдории самимӣ баён намоям.
Муколамаи имрӯзаро мо ҳамчун имконияти мусоид барои мубодилаи афкори созанда оид ба тақвияти ҳамкории амалии бисёрҷониба, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва беҳбудии некуаҳволии мардумонамон нигаронда шудааст, арзёбӣ мекунем.
Шарикии зич ба хотири рушди умумӣ ва таъмини ояндаи дурахшон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувор ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир нақши асосӣ мебозад. Ин мавзӯъ дар робита ба хатарҳои глобалӣ, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсониро фаро мегиранд ва дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯӣ мегузоранд, аҳамияти хосса касб кард.
Соли 2015 Созмони Милали Муттаҳид Барномаи нави амалро оид ба расидан ба рушди устувор барои наслҳои имрӯзу фардо қабул кард. Дар Рӯзномаи рушди устувор шарикии глобалӣ дар рӯҳияи ҳамбастагии умумӣ ва ҷалби фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар амалисозии ҳадафу вазифаҳои он ҷойи муҳим дорад. Дар ин кор Барномаи амали Аддис - Абеба оид ба маблағгузории рушд – қисми ҷудонопазири Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҷойи марказиро ишғол мекунад.
Маълум аст, ки гузариш ба рушди устувор осон нахоҳад буд. Бинобар ин, рӯҳияи ҳамбастагии байналмилалиро таҳким бахшида, мусоидат ба кишварҳое, ки дар расидан ба он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, муҳим мебошад. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки як қатор кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон, ба татбиқи Барномаи нави амал оид ба рушди устувор дар шароити начандон мусоид оғоз мекунанд.
Айни ҳол, қисми зиёди хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ равона карда мешавад. Дар баробари ин, имкониятҳои маблағгузории давлатӣ ба бахши мазкур дар солҳои охир бо баъзе афзоиши сусти иқтисодиёти воқеии кишвар маҳдуд мешаванд.
Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои сабуктар намудани оқибатҳои манфии мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва таъмини афзоиши самарабахши иқтисодиёт аз ҳисоби имконоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Маълум аст, ки солҳои охир талошҳои як зумра кишварҳо барои расидан ба рушди устувор бинобар шиддати буҳронҳои иқтисодию молиявӣ ва дигар омилҳо, инчунин, тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ зарари ҷиддӣ мебинанд. Дар ин шароит нақшаҳо ва барномаҳои амал оид ба рушди устувор бояд бо роҳи дурусти татбиқ, аз ҷумла захираҳои молиявӣ ва технологияҳо тақвият дода шаванд.
Кишварҳои БРИКС, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ ва инсониянд, метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд. Бонки рушди БРИКС дар дастгирии талошҳои кишварҳои рушдкунанда оид ба истифодаи маҷмӯии иқтидорҳои онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор нақши бузург бозида метавонад.
Сафарбаркунии захираҳои технологӣ, молиявӣ, инсонӣ ва табиии ҷонибҳо барои ба роҳ мондани татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳо, ҳавасмандгардонии шаклҳои устувори истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ имконият медиҳад. Ин омилҳо, дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳамгироии мо дар соҳаи татбиқи пурраи Рӯзномаи умумиҷаҳонии рушди устувор мусоидати назаррас хоҳанд кард.
Ҳамзамон зарур аст, ки тадбирҳои андешидашуда барои фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ нигаронда шаванд ва онҳо набояд ба афзоиши баланди қарздории кишварҳо оварда расонанд. Дар робита ба ин, муҳимияти афзоиши кумаки расмии рушд - ҷузъи муҳими маблағгузории рушд боқӣ мемонад.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷоннок намудани муҳаррикони асосии афзоиши истеҳсолӣ — савдо ва сармоягузорӣ ва ҳамаҷониба ҳавасманд намудани додани технологияҳои устувори нав ва экологӣ ба кишварҳои рушдкунанда муҳим аст.
Дастрасӣ ба хидматҳои боэътимод ва арзони энергетикӣ барои беҳбуд бахшидани некуаҳволии мардумони мо аҳамияти муҳим дорад. Мо бар он назарем, ки бо мақсади таъмини дастрасии устувор ба хидматҳои энергетикӣ бояд ба зиёд кардани ҳиссаи истеҳсоли энергияи тоза ва барқароршаванда дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат ва маблағгузорӣ кард.
Ба андешаи мо, рушди маҷмӯии гидроэнергетика - қисми ҷудонашавандаи “неруи сабз” - якҷоя бо истифодаи иқтидори дигар навъҳои энергияи барқароршаванда ба таъмини амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқи кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетикии худ, ки иқтидори он бузург аст ва ба мо имкон медиҳад, ки ҳар сол то панҷсаду сӣ миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намоем, аҳамияти бузург медиҳад.
Тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва тақвияти таназзули захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва техногении гуногун ба таври ҷиддӣ ба кӯшишҳои мо барои расидан ба рушди устувор халал мерасонанд. Маълум аст, ки тадбирҳои самарабахш барои паст кардани оқибатҳои ин тамоюлҳо тақвияти кӯшишҳоро барои гузариш ба “иқтисодиёти сабз” дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунанд.
Тадбирҳое, ки дар ин самт бояд андешида шаванд, сармоягузории воқеиро ба инфрасохтор ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияи нав, аз ҷумла технологияи рақамӣ оид бо кам кардани шиддати неруи барқ ва истеҳсоли моддӣ тақозо мекунанд. Агар шарикӣ ба ин самтҳои муҳим равона гардад, пас метавон дар роҳи расидан ба рушди устувор ба пешрафти ҷиддӣ ноил шуд.
Қисмати дигари муҳими стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумонамон низоми нақлиётии устуворамалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.
Набудани дастрасӣ ба баҳр ҳамгироии самараноки иқтисодии кишварҳои рушдкунандаро ба низоми бисёрҷонибаи тиҷорат мушкил мекунад ва ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин росто, мо ба дастгирӣ ва ҳавасмандии кӯшишҳои ин гурӯҳ кишварҳо дар ташкили низоми муносиби нақлиётию транзитӣ умед дорем.
Айни ҳол, мо – якҷоя бо шарикони байналмилалӣ – дар татбиқи як зумра лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ кор карда истодаем. Мо ҳамеша ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба рушди ҳамкории минтақавии иқтисодиву тиҷоратӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва дастгирӣ менамоем.
Дар робита ба ин, мо ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпин - «Як камарбанд, як роҳ» - ро, ки ба ҳалли ҳадафҳои стратегӣ – таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таъмини рушди устувори иқтисоди мо равона шудааст, баҳои баланд медиҳем.
Батадриҷ ба ҳаёт татбиқ намудани ин ташаббус метавонад дар рушди ҳамкорӣ дар шакли “Ҷануб - Ҷануб” ва дар доираи Рӯзномаи 2030 омили муҳим гардад ва мо онро ба манфиати пешбурди раванди идоракунии иқтисоди ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунем.
Мо омодаем, ки ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳо ва сохторҳои бисёрҷанбаи ҳамгироии байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор таҳким бахшем.
Истифодаи васеи имкониятҳои чунин майдонҳои боэътимоди шарикӣ, чун СҲШ ва БРИКС, дар ин масъала комилан муҳим ва асоснок ҳисобида мешавад.
Самимона умед дорам, ки натиҷаҳои муколамаи имрӯза омили дигаре дар рушд ва таҳкими тамоми маҷмӯи ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳоямон мегарданд.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 1674

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед