logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҲАМ ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ,
ҲАМ ЭЪТИБОРИ ДАВЛАТ
Таърихи муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар ҳудуди кишварамон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии Ҳахоманишиянд (асрҳои VI - V то милод). Онҳо аз бозёфти машҳури "Хазинаи Амударё" ба даст омадаанд. Муомилоти пулӣ минбаъд дар аҳди Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд кард. Дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагӣ (тетрадрахма) сикка зада мешуд.
Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нав пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд.
Муомилоти пулӣ дар давлати Сомониён ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Он замон дар беш аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Дирҳамҳои сомонӣ фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд.
Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра "танга" ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амир Олимхон рост меояд.
Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид.
Мутобиқи қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ  аз 10 майи соли 1995 пули миллӣ  бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли намунаи соли 1994 ба муомилот бароварда шуд.
Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо муассисаи «Giӯsӯckӯ & Dӯvқiӯnt» (Олмон) барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд,  шартнома баст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - "Сомонӣ" эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик, ҳамчунин, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардумӣ ҷой дода шудаанд.
Пули миллӣ рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти тараққикардаи кишвари мо хизмат мекунад. Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мегардад.
Афзалшо ОБИДОВ,
устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ИҚБОЛ
Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимаи суннатӣ дорад. Алалхусус, воқеаҳои таърихии садаи ХХ ба он таъсири амиқ гузоштаанд. Парчами аввалини давлатии Тоҷикистон парчами умумии СССР (соли 1922) буд. Конститутсияи соли 1924 – и СССР  парчами сурхи (1:2) дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонд. Моҳи феврали соли 1947 бошад, Президиуми Шӯрои Олии СССР қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии  худро қабул кунанд.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 бори нахуст дар кишвар Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд.
Парчами Тоҷикистон матои (андозаи 1:2) росткунҷаи  иборат аз се рахи уфуқӣ ҷойгиршудаи ранга аст. Рахи болоӣ - сурх, рахи байн - сафед, рахи поён – сабз аст. Дар мобайни рахи сафед бо ранги зарҳалин тоҷ ва ҳафт ситораи панҷгӯша тасвир шудаанд. Тибқи ривоёти «Авасто», ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи Ватан ва расидан ба ғояҳои олӣ; ранги сафед рамзи рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар аст.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

 

"ДЕР ЗӢ"
ШАРТИ АТСА ГУФТАН
Таври маъмул ҳангоми атса маҳфумҳои муайянро истифода  мебаранд. Аз ҷумла,  ба атсазананда мегӯянд: «Саломат бошед»! Ин, албатта, тарҷумаи «Будьте здоровы»-и русист, ки баъд аз Инқилоби Октябр ба кишвару забони мо роҳ ёфт.
Суоли матраҳ дар ин маврид он аст, ки оё мо – тоҷикон, ки миллати қадима ва мутамаддин маҳсуб мешавем, дуои атсаро доштем ё не? Ба яқин, ки доштем. Дар ҳаққи атсазананда ниёгонамон ин дуоро раво медиданд: «Дер зӣ»! Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар дафтари дувуми «Маснавии маънавӣ» ин ҳақиқатро бисёр зебову рӯшану дақиқ собит месозад:
Ҳаст шарти дӯстӣ ғайратпазӣ,
Ҳамчу шарти атса гуфтан: «Дер зӣ»!
Абдулқодири РАҲИМ

 

ДАСТ АЗ ТАЛАБ НАДОШТАН
Овозхон ва продюссер Ҷон Леннон бо эҳсонкориаш низ дар ҷаҳон машҳур буд. Ҳамасола ӯ маблағҳои зиёдеро ба корҳои хайр сарф мекард.
Соли 1972 яке аз мухлисонаш ба ӯ мактуб навишта, хоҳиш менамояд, ки барои ба тамошои ҷаҳон баромаданаш каме маблағ бидиҳад. 
Ҷавон аз Ҳиндустон буд. Бинобар ин, Леннон дар ҷавоб ба ӯ бо тамасхур менависад: «Беҳтараш ба муроқаба рафта, дар ин ҳолат сайри ҷаҳон намоед».
Соли 1985 овозхон аз олам мегузарад. Марди ҳинду то ҳол аз орзуяш даст накашида буд. Ӯ соли 1992 мактуби Ҷон Леннонро дар яке аз музоядаҳо ба маблағи зиёде фурӯхта, билохира ба сайри ҷаҳон мебарояд.
«Касонеро, ки сарнавишт барои эҳсонкорӣ интихоб намудааст, ҳатто пас аз марг низ ин рисолатро аз даст намедиҳанд. Ва касонеро низ, ки аз нияти худ барнамегарданд, ҳатман ба мақсуд мерасанд», - мегӯяд сайёҳи ҳинд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

"КАДУ НЕСТАМ"
Ё ҚИССАИ ДУХТАРИ КИТОБФУРӮШ

Духтари китобфурӯше дид, ки ошиқаш меояд. Падараш, ки ҳамроҳаш дар дукон буд, худро ба нодонӣ зада, мепурсад:
- Оё ба хотири гирифтани китоби "Оё падар дар хона ҳаст?" омадӣ?
Ҷавон гуфт:
- На, ман барои гирифтани китобе ба номи  "Куҷо бояд бубинамат?" омадаам.
Духтар гуфт:
- Он китобро надорам, аммо метавонӣ китобе бо номи "Зери дарахти умр"- ро бигирӣ.
Писар гуфт:
- Хуб асту аммо..., оё метавонӣ фардо китоби "Баъд аз 5 дақиқа бо ту тамос мегирам"- ро бо худ ба донишгоҳ биёрӣ?
Духтар гуфт:
- Бале, бо камоли майл ва ту ҳам фаромӯш накун, ки китоби "Ҳаргиз танҳо намегузорамат"- ро ҳамроҳ гирӣ.
Падари духтар, ки ин манзараро мушоҳида мекард, аз духтараш пурсид:
- Ин номгӯи китобҳо зиёд аст, оё ӯ ҳамаашро мутолиа хоҳад кард?!
Духтар гуфт:
- Бале падар, ӯ хонандаи боҳушу зирак аст.
Падар гуфт:
- Фаҳмидам, валекин ӯ бояд китоби "Каду нестам, ҳама чизро фаҳмидам"- ро хонда бошад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР

 

АЗ 190 ТО 1400 ФИРИСТАНДА
То замони расидан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи пахши барномаҳои миллӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошт. Масалан, дар соли 1991 барои пахши барномаҳои телевизион ҳамагӣ 190 фиристанда амал мекард. Аз ин шумора бо забони тоҷикӣ танҳо 50 фиристанда хизмат мерасонд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи фиристандаҳо аз 190 ба наздики 1400 адад расонда шуд.
Айни замон ба воситаи фиристандаҳо барномаҳои давлатии телевизион ва радио дар ду формат: аналогӣ ва рақамӣ пахш мегарданд.
Таҳияи А. РАҲИМ

 

ЛАТИФА
Муфаттиш:
— Шумо ин кордро мешиносед?
Гумонбаршаванда:
— Албатта!
— Оҳо! Оқибат шинохтед?
— Ҷин занад, чӣ хел нашиносам, ки онро ба ман ду моҳ боз  нишон медиҳед!
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД

 

ХАРИТАИ ҶАҲОН АЗ АЛАФУ САНГҲО
Харитаҳои ҷаҳон аз лиҳози ҳаҷм  хурду калон мешаванд. Онҳо дар рӯи коғаз кашида шудаанд ва ё аз компютер аксбардорӣ гардидаанд. Чунин харитаҳо муфассалу дақиқ ва барои омӯхтани мо хеле мувофиқанд.
Аммо боз харитае низ ҳаст, ки аз алафу сангҳо сохта шудааст.
Он дар маҳали хушманзараи «муъҷизаи ҷуғрофӣ» - дар Дания, канори кӯли Клейтруп мавқеъ гирифтааст.
Масоҳати харита бештар аз 4000 метри мураббаъ буда, онро як сокини маҳаллӣ бо номи Сорен Поулсен сохтааст ва барои ин эҷодаш чоряк аср – 25 сол заҳмат кашидааст.
Амали анҷомдодаи Сорен Поулсен баёнгари возеҳи он аст, ки марди доно, эҷодкор ва ба қадри вақту рӯзи хеш мерасида, ҳамеша метавонад кори ба худ писандро пайдо намояд.  Бигзор ӯро бисёриҳо содалавҳ номанд, вале ана ҳамин гуна одамон дунёи моро шавқовару дилрабо мегардонанд.
Таҳияи  Барноз РАҲМОНШОЕВА

 

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
(Идома аз «Шоми шанбе» - ҳои гузашта)
Оғози бозиҳои олимпӣ
Баргузории фестивал ва зӯрозмоиҳо дар шаҳрҳои мухталифи Юнон
Ғайр аз бозиҳои панэллинӣ дар Олимп зӯрозмоиҳои калон дар Афина низ доир мегардиданд. Онҳо бо номи Бозиҳои панафиней маълуманд.
Ин бозиҳо бахше аз Панафинейи Кабир, бузургтарин ҷашн дар Афина, ки ҳар чор сол ба шарафи олиҳаи Афина сурат  мегирифт, маҳсуб мешавад.Предметҳои бозгӯ
Баъзе предметҳоеро, ки юнониёни қадим сохтаанд, то замони мо низ расидаанд. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ муҷассамаҳо, кӯзаву тангаҳо ва олоти меҳнат пайдо гардидаанд. Ин предметҳо бозгӯи хубеанд, ки дар он замон одамон чӣ тавр зиндагӣ мекарданд. Бо ёрии онҳо мо роҷеъ ба варзишгарон ва зӯрозмоиҳое, ки эшон ширкат доштанд, маълумоти бештар дарёфт хоҳем кард.

Гимнасия ва Палестра
Дар ҳар шаҳри юнонӣ гимнасия ва палестра мавҷуд буд. Ин маконҳо ҷойи машқу тамрини варзишгарон ва омӯзиши наврасон дониста мешуд. Варзишгарону наврасон дар ин гуна ҷойҳо бар иловаи тамрини бадану шуур боз дониши ҳаматарафа низ мегирифтанд.
Тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ, арифметика, грамматика  ва хониш ба барномаи таълим дохил буданд. Машқҳо вобаста ба намуди варзиш дар яке аз биноҳои интихобгардида доир мегардиданд.
Таҳияи
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 


ДИЛИ СУНЪӢ ИХТИРОЪ МЕШАВАД!
Солҳои охир мутахассисони соҳаи тиб кӯшиш намуда истодаанд, ки дили сунъӣ кашф намоянд. Табибони Швейтсария нишон доданд, ки аз технологияҳои роботикунонидашуда метавон дар офаридани организмҳои нисбатан мураккаб, ба монанди дил, истифода бурд.
Гурӯҳи тадқиқотчиён аз мактаби олии техникии Сюрих таҳти роҳбарии докторант Николас Корс (Nicholas Cohrs) нахустин дили комилан сунъии нармро коркард намуданд. Механизми кори он чунин аст: меъдачаҳои дили сунъӣ чун дили аслӣ хунро алвонҷ медиҳанд. Фарқияти дили сунъӣ аз дили ҳақиқӣ дар он аст, ки меъдачаҳоро на девораҳо, балки камера аз ҳам ҷудо мекунад. Ба воситаи ин камера фишороварӣ ба вуҷуд меояд. Дили сунъӣ бо истифода аз усули 3D офарида шудааст, ки барои дар амал татбиқ намудани сохти мураккаби дохилии дил имкон ва, ҳамзамон, устуворию нармии онро нигоҳ медорад. Дар санҷишҳо дили сунъӣ кори хуб нишон дод. Вале ин консепсия ҳоло барои имплантатсия пешбинӣ нашудааст.
Таҳияи Р. КАРИМОВ

 

ТАЪРИХ: АВВАЛИН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ
Ҳарчанд имрӯз «Motorolla» - ро ширкати пешсаф дар истеҳсоли телефонҳои мобилӣ гуфта наметавонем, вале, бо вуҷуди ин, маҳз «Motorolla» аввалин телефонҳои мобилиро ба инсоният пешкаш кардааст.
Модели нахустин DynaTAC 8000X ном дошт, ки намунаашро соли 1973 ба намоиш гузошта буданд. Вале фурӯши он танҳо дар соли 1983 ба роҳ монда шуд. Ин телефон қариб як килограмм вазн дошта, қувваи батареяаш ба як соат рост меомад ва қобилияти нигоҳдории то 30 рақами телефониро дошту халос.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Тавони баҳс
Баъди машварати тӯлонӣ Агафон, драманависи ҳамзамони Суқрот, ба ӯ гуфт:
- Бас, дигар тавони баҳс кардан надорам. Бигзор, гуфтаи шумо бошад. Баҳс бо шумо таҳаммулнопазир аст.
- Не, дӯсти азизам, баҳс бо Суқрот ҳеҷ душвор нест, ту бо ҳақиқат тавони баҳс кардан надорӣ.

Гунаҳкор ё бегуноҳ?
Ҳукми қатли Суқротро ҳамсараш шунида бо алам мегӯяд:
- Афсӯс, ту бегуноҳ мемирӣ.
- Ту мехостӣ, ки гунаҳгор бимирам? - бо эътироз мегӯяд Суқрот.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА

 

14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
6. Ҷазираи Ратманов
Он дар гулӯгоҳи Беринг ҷойгир буда, нуқтаи дуртарини шарқи Русия ба шумор меравад. Тӯли солиёни зиёд ҷазира борҳо номи худро иваз кардааст. Эскимосҳое, ки як вақтҳо дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, онро Имаклик ном мебурданд. Баъдан, ҷазира ба худ номи Диомиди Бузургро гирифт. Сабаби чунин ном гирифтанаш он мебошад, ки дар қарибиаш ҷазираи Диомиди Хурд ҷойгир аст ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дорад.
Соли 1818 дарёнавард ва муҳаққиқ Отто Котсебу дар гулӯгоҳи Беринг пайи ҷустуҷӯву омӯзиш буд ва ӯ ба ин қарор омад, ки ҷазираи  Диомиди Бузургро ба номи дӯст ва ҳамсафараш, афсари флоти баҳрӣ, баҳрнаварди рус Марк Ратманов гузорад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР

 

НЕССӢ - ДЕВИ ОБӢ?
Дар шимоли шарқии Шотландия, дар мулки графии Инвернесс, пастхамии фарохи Глен – Мор доман густурдааст. Дар байни ҳамин хамӣ кӯли аз ҳама калони ин диёри басо иқлимаш сард - Лох-Несс (тарҷумаи таҳтуллафзиаш Бинӣ Кӯл, яъне кӯле, ки аждаҳои биникалон дорад) дар 60 километри мураббаъ ҷой гирифтааст. Жарфноии ниҳоияш ба 230 метр мерасад. Канали дутарафаи Каледонӣ Лох-Нессро аз тарафи шимоли ҷанубӣ бо баҳри Шимолӣ  ва аз ҷануби шарқӣ бо баҳри Ирландия мепайвандад. Ҳайратовараш ин, ки дар зимистони қаҳратун ҳам оби кӯл ях намебандад. Қариб ҳамаи намудҳои махлуқони обӣ: сангпуштҳо, харчангҳо, молюскаҳо, моҳиҳои хурду калон ин ҷо дида мешаванд. Аз ҷумла, рӯҳҳои обӣ, дурусттараш деви обӣ низ. Ба ҳар ҳол чунин гуфта шудааст дар ривояти қадимаи шотландӣ. Яке аз девҳо бо номи Келпӣ имрӯз ҳам дар оби Лос – Несс дар шиност ва нохост дар рӯ ба рӯи одамон падид омада, бо намуди даҳшатнокаш ба дилҳо тарсу ҳарос ҷой месозад. 
Ҳеҷ кас дар ёд надорад, ки кай Келпӣ дар кӯли Лох – Несс пайдо гашт, шояд пеш аз одамон ин ҷо буд, аз ин рӯ, бояд гуфт, ки вай аз омадаҳо, ки ба қаламраваш қадам гузоштанд, шод набуд. Бинобар он, ҳар замон дар назари одамон бо шаклҳои мухталиф намоён гардида, онҳоро сахт метарсонд ва шахси аз тарс карахтшударо зери об мебурд. Имрӯз низ дар атрофи кӯл одамон кам ба назар мерасанд, деҳаҳо аз кӯл дуртар ҷойгиранд. 
Боре  дар тобистони тамузи соли 1933 ҳамхонаҳо мистер ва миссис Маккей бо мошин ба шаҳрчаи Драмнадрохит, ки дар шимоли кӯҳистони Шотландия воқеъст, бармегаштанд ва аз тамошои соҳилҳои Лох – Несс ва ҳавои серуни он ҳаловат мебурданд. Нохост аз қаъри кӯл махлуқи даҳшатноке сар боло кашид, ки на ба моҳӣ монанд буду на ба сусмор, аждаҳои афсонавиро мемонд. Маккейҳо аз тарс дам ба дарун кашида, бо чашмони аз косахонаи сар баромада, ба махлуқ менигаристанд. Аждаҳо панҷ – шаш метр дарозӣ дошт, баданаш ба мисли тани кит бузург буду дар тахтапушташ ба монанди шутур ду кӯҳон ҳам ба назар мерасид, дар нӯги гардани зарофашаклаш каллачаи нисбат ба ҷуссааш хурдакаке ҷой гирифта буд.
Баъди бозгашт онҳо воқеаро ба ҳамсояашон Алекс Кэмпбелли моҳигир нақл карданд, вай ин ҳодисаи аҷоибро дар рӯзномаи «Курери Инвернеск» ба нашр расонд ва ҳамин тавр қиссаи куҳани деви обии Келпӣ бо номи Нессӣ, яъне деви обии биникалон аз нав мафкураҳоро ба ғалаён овард.
Ва шикори дев оғоз ёфт. Бори нахуст 12 ноябри соли 1933 Хю Грей Нессиро ба акс бардошт. Соле баъд ҷарроҳ Кеннет Уилсони лондонӣ онро акс гирифт ва сурати аждаҳои обӣ дар бисёр рӯзномаву маҷаллаҳои дунё нашр гашт, аммо баъдтар маълум гардид, ки суратҳо қалбакианд. Нависандаи англис Роналд Биннс солҳои зиёдро ба таҳқиқи кӯл бахшид, садҳо мақолаву ҳикояву аксҳоро ба чоп расонд. Ӯ гуфтааст, ки аждаҳо вуҷуд дорад, аммо диданаш кам, шояд дар як аср боре муяссар мешавад, аз ин рӯ, бисёрии сурату мақолаҳои нашршуда дурӯғи маҳзанд. 
Аммо шоҳидон дар ақидаи худ устувор мондаанд. Масалан, табиатшинос – зоологи англис, доктори илм Энтони Шиле ду акси Нессиро 21 майи соли 1977 чоп карда, дар матни зери суратҳо навиштааст: «Махлуқ дорои тахтапушти кабудчаи қаҳваранг, шиками зарди ҷигарии фарбеҳ буду пӯсташ дар офтоб ялаққос мезад. Дар рӯи об чанд лаҳза беҳаракат истод, танҳо каме каллачаашро ин тараф – он тараф алвонҷ медод. Гарданаш беҳад дароз буд. Баъд гарданашро каҷ намуда, ба об фурӯ рафт».
Чӣ махлуқе бошад Нессӣ?
Олими ҳолландӣ Бернар Эйвелманс, зоологи ирландӣ Питер Кастелло, асосгузорони илми криптозоология, Нессиро як намуди камёфти тюлени гарданфарозу Карл Шукари олмонӣ боқимондаи плезиозавр (хазандаҳои 70 миллион сол пештарзиста) номидаанд. Умуман, чанд олим махлуқро омӯхта бошад, ҳамон қадар нуқтаи назар ҳаст. Афсонаҳо низ зиёданд, аммо кӣ ҳақ, оянда муайян хоҳад кард.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 248

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед