logo

иҷтимоиёт

БУНЁДИ МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ ДАР НАВОБОД

Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон Найшакар Найшакаров, бахшида ба Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Гуламадшо Шосафедов дар Ҷамоати деҳоти Навобод майдони варзишӣ ба истифода дода шуд.
Чуноне Гуламадшо Шосафедов иброз дошт, аксари ҷавонони деҳот ба варзиш майлу рағбати зиёд доранд, аммо барои машқу тамрин ва бозӣ ҷои муносиб надоштанд. Бинобар ин, ӯ  тасмим гирифт, ки  дар  Соли ҷавонон бо ҷалби қувваи ҷавонони маҳал ва маблағҳои худӣ сохтмони майдончаи варзиширо роҳандозӣ намояд. Дар давоми ду моҳ бунёди майдони варзишӣ бо сифати баланд ба анҷом расид. Он дорои беш аз ду ҳазор ҷои нишаст буда, бо таҷҳизоти зурурии варзишӣ таъмин гардидааст.
Амонулло  Саидраҳмонов, раиси Ҷамоати деҳоти Навобод, зикр кард, ки бо бунёди чунин майдони замонавии варзишӣ имконият фароҳам омад, ки дар деҳот на танҳо бозиҳои варзишӣ байни ҷавонон вусъати тоза гиранд, балки ҷашну маросимҳои давлатию миллӣ низ доир карда шаванд. Солҳои охир аз ҷониби  соҳибкорони маҳаллӣ корҳои  ободониву созандагӣ вусъат гирифтааст, ки ин натиҷаи сиёсати созанда ва пешбарандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 363

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед