logo

фарҳанг

ФОНУСИ НОМУС

Эй забони модариям!
Ту  ганҷинаи хиради миллатам ҳастӣ. Ту забони ҷовидонаӣ.  Дар назофат   чу шири поки модар софу зулолӣ. Аз ангубин ширинтарӣ. Ба сони булур шаффофӣ. Ба монанди шамси ҷаҳонтоб фурӯзонӣ. Ту появу мояи рӯҳи шикастнопазири халқи кабири ман ҳастӣ. Ту меҳвари маърифати тоҷиконӣ. Ту пуршавкату бузургмақомӣ. Воломартабаӣ. Ту рози муҳаббатӣ. Камоли каломӣ. Сеҳру муъҷизаӣ. Ту олитарин фурӯғи назми ҷонпарварӣ.  Ту барои мо азамату шукӯҳи асолатӣ. Шуои шуурӣ. Файзи фазилатӣ. Танини тавҳиду хуршеди хирад ҳастӣ. Ту фарҳанги сабзи суханӣ. Ту башорати субҳу ҳусни баҳорӣ.
Забони модариям! Ҳастиям. Пайванди пайкарам. Дидаи дилам. Аслам. Нажодам. Ному Насабам. Шарофатам. Шафоатам. Фонуси  номусам.
Ту чашми хиради ҷаҳони Рӯдакиӣ. Ту кохи азамати  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳастӣ, ки аз боду борон газанде набинад. Ту ҷавҳари нури  ҳикмати Хайёмӣ. Ҳуҷҷати ифтихори Носири Хусравӣ. Ту мағзи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноӣ. Ту гулгаштҳои ҳамешасабзи «Гулистон»-у боғҳои бехазони «Бӯстон»-и Саъдӣ, қабули хотиру лутфи сухани худододи Ҳофиз, қанди бастаи каломи Камол ва равзаҳои пурнакҳату ботаровати «Баҳористон»-и Ҷомӣ ҳастӣ.  Ту маънии баланди шеъри Бедилӣ, ки даркаш фаҳми тунд мехоҳад. 
Султони авранги сухан - Мирзо Бедил, ки шоири баландшавкат мебошад, нафасро дар синаи вуҷуд «накҳатошёни хулди тавсифат»  ва нигаҳро дар дидаи ҷон «шабнампарвари боғи  тамошоят» кардааст. Ту, забони модариям, лафзу маънии ашъори Соибӣ, ки  чун ҷону ҷонон онро  ҳаргиз наметавонанд бо теғ ҳам аз якдигар ҷудо бинмоянд. Ту осори  аллома Садриддини Айнӣ ҳастӣ, ки шаҳодатномаи  исботи бузургии тоҷикон шуд.
Устод Айнӣ бо ҳиммату шуҷоати беназираш, бо қудрати қаламу донишу маҳорати оламгираш барои ту камар баст. Махсусан, дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта барои ҳифзу асолати ту, эй забони дилнавози модариям, ҷонфидоию ҷонфишонӣ намуд ва бо нашри мақолаҳои шуълавараш - «Сайфу қалам», «Акнун навбати қалам аст», «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷикон», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Тоҷикони кӯҳистон» ва, бавижа, асари наҷотбахшаш - «Намунаи адабиёти тоҷик» азамату ҷалоли туро бори дигар собит кард, ки тоҷикон таърихан «як забони адабии умумии ҷаҳоншумул» доранд. Бо осори дигари худ, аз  ҷумла «Одина», «Дохунда», «Ятим», «Марги судхӯр», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», равонию  шевоии туро дар замону асри нав ҷилвагар намуд. Ин устоди фарзона, танҳо ба хотири он ки дар саргаҳи бунёди Тоҷикистони шӯравӣ тоҷикон забони худро беҳтар фаро гиранд, нахустин шуда китоби луғати даврони нав «Луғати нимтафсилии забони тоҷикӣ»-ро таълиф кард. Воқеан, бо кору пайкори маънавию адабиаш исбот кард, ки «Суханро чун арӯсон зеб дода, Забони маърифатпардози тоҷик”.
Эй забони модариям! Ту дар даврони истиқлолият мақому манзалати бузургро соҳиб гаштӣ. Аз нав забони давлатӣ шудӣ. Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навою садои гуворои ту дар баландтарин минбарҳои олам танин андохт. Имрӯз  ту лаҳни ширину шево, шоирона ва ваҳдату муҳаббати Пешвои миллатӣ.
Пешвои муаззами миллат туро, эй забони модариям, дӯст медоранд. Барои рушду камоли ту пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳидояту раҳнамоиҳои ҳамешагӣ барои омӯзиши амиқи забони модарӣ, қабул ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, нашри садҳо ҳазор ҷилд китоб бо ин забон ва дар натиҷа таълиф ва нашри шиносномаи навини ту, эй забони модариям, бо номи мунири «Забони миллат – ҳастии миллат» гувоҳи барҷастаи муҳаббати самимонаи Пешвои миллат ба забони модарию давлатӣ мебошанд. Имрӯз Пешвои бузурги миллати фарҳангофарини тоҷик пуштибони ҳақиқӣ ва ҳомию нигаҳбони ту аст.
Эй  забони зебои модариям! Ту давлатам, савлатам, гавҳарам, меҳрам ва фурӯғи имонам ҳастӣ. Бо ту Худоямро, паямбарамро, динамро,  ормонамро, ҳадафамро, рисолатамро дуруст шинохтам. Бо ту худамро дарк кардам.  Аслу насабамро донистам ва бузургию муҳаббати Ватани ҷоноҷонамро бо тамоми ҳастӣ эҳсос кардам.
 Забони аз ҷон ширинтари модариям!

Мирзоолими  МИРЗОРАҲИМ,
ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 531

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед