logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ - РАМЗИ ОБОДӢ

Солҳои зиёдест, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат дорам ва ҳар рӯз аз хиёбонҳои шаҳр гузарон ба кор меравам. Вале маҳз имрӯз эҳсос мешавад, ки шаҳри азизамон Душанбе, воқеан, ба шаҳри гулҳо, боғи сабзу муаттар табдил ёфтааст.

Аз дами субҳ то шом коргарон ба шинондан, парвариши гулу гиёҳҳо, обёрӣ, нигоҳубини самари заҳмати хеш машғуланд. Ваҷаб ба ваҷаб қитъаҳои канори роҳ, пайраҳа, саҳни коргоҳҳо ба гулбоғҳои фараҳбахш табдил ёфтаанд. Ин тароват диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Тибқи маълумоти оморӣ, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали соли равон  дар кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо 7787 чароғи равшанидиҳанда иваз, 454 сутуну шохаҳои барқӣ тайёр ва 4442 - тои дигар рангу бор карда шуд. Шабона бо самолёт ё мошин аз ағбаҳои Чормағзак, Фахробод, аз баландиҳои дараи Варзоб ба сӯи пойтахт равон шавӣ, мавҷи рӯшноии силсилаи чароғҳои роҳу пайроҳа, гулгашту хиёбонҳоро мебинӣ, ки гирду ванаро чун рӯз мунаввар кардаанд.
Парвариши гул дар қолаби нимдоира дар хиёбони Н. Қаробоев шакли назаррабову навоварии вижа дорад. Солҳои пеш ҳамроҳи ягон меҳмони хориҷӣ агар аз хиёбоне қадам мезадам, албатта, ба қитъаҳои сӯхта, хушк, ниҳолҳои бишкаста назар андохта, хиҷолат мекашидам. Ҳоло ифтихор менамоям. Теъдоди биноҳои баландошёнаи бо тарҳи муосир бунёдгашта торафт зиёд мешавад. Зимни саёҳат дар шаҳру кишварҳои олам биноҳои осмонхарошро бисёр дидаам, аммо чунин мувофиқати роҳатбахш, мутаносибии биноҳои серошёна бо табиати гулпӯшу обҳои равон, фавораҳои фараҳафзо, ниҳолҳои сарсабз ками дар кам аст. Меҳмонони пойтахти мамлакатамон акнун канори роҳу хиёбонҳо бо завқ тамошо доранд, бо дӯстон аксбардорӣ мекунанд, ҳаловат мебаранд, ҳаводорони сайру сайёҳӣ меафзояд, буҷети кишвар ғанӣ мегардад.
Дарвоқеъ, Душанбе рамзи ободии кишвари азизи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 107

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед