logo

иқтисод

ДАРВОЗ БЕШ АЗ 60 ДАРСАДИ АСАЛИ ВИЛОЯТРО ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

Аз рӯи маълумоти оморӣ, ноҳияи Дарвоз  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон калонтарин  минтақаи  парвариши занбӯри асал мебошад.  Зиёда аз 60 дарсади асали вилоят дар ин ноҳия истеҳсол мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба ноҳияи Дарвоз, аз он ҷумла ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва масъулини соҳаи кишоварзиро ба рушди соҳаи афзалиятнок - занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуданд. Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Додов, сардори идораи кишоварзии ноҳия, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи камхарҷ ва сердаромад -  парвариши занбӯри асал  таҳти назорати доимии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони  Саидраҳмон қарор дорад.
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба ҷо оварда, ҳоло  қариб дар ҳамаи хоҷагиҳои зотпарварӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ ва хусусии  ноҳия  сокинон ба парвариши занбӯри асал машғул мебошанд. Раиси ноҳия ёдовар шуд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта соҳаи занбӯриасалпарварӣ қариб аз байн рафта буд. Бо дастгирии Пешвои миллат ва маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар ҳоло шумораи оилаҳои  занбӯри асал ба 4100 адад расида, ҳамасола 60 тонна маҳсулот ба даст оварда мешавад. Имсол  истеҳсоли асал  хуб ҷараён дорад ва боварӣ ҳаст, ки зиёда аз 65 тонна асали хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст меояд.
 
Сироншоҳи  ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 274

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед