logo

фарҳанг

ЗАБОН ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Забон пояи миллат буду ҳаст. Асоси офариниш ва ҳувияти миллии ҳар қавм забони ӯст. Маҳз забони тоҷикиро тоҷик чун гавҳараки чашм аз ҳар гуна ҳодисаҳо эмин нигоҳ доштаву ҳифз кардаву то замони мо овард. Ва, ҳамчунин, забони ноби тоҷикӣ тоҷиконро ҳамқадам буд то ба имрӯз.

Боиси ифтихор аст, ки тоҷик забондор аст, то забон дорад, бисёр аст. Забони тоҷикӣ «чароғи дониш»  (Рӯдакӣ), «Ба дониш озодагон» (Фирдавсӣ), забони «озодзодагон» (Дақиқӣ), забони «аҳли сирату кирдор озода, сунану сирати аҳрор» (Носири Хусрав),  забони «мардуми чу гулистон шукуфта зи сияҳ шӯристон» (Фаррухӣ), забони «шакаршикан» (Ҳофиз), забони «дар узубат ширинтар аз ҳиндӣ» (Иқбол), забони «ҳиссиёти бародарӣ, якдигарфаҳмӣ» (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ) аст. Мардумшиноси рус Н.Ханников дар асараш андешаҳо роҷеъ ба тадқиқи мардуми Эрон овардааст: «Гаҳвораи халқро дар Шарқ мебояд ҷуст… Дар шаҳрҳо ва атрофи онҳо халқе сукунат дорад, ки дар ҳама ҷо на форс, балки тоҷик номида мешавад. Воқеан, тоҷикон халқе дар Шарқ ниҳоят машҳур ва хеле интишорёфта ҳастанд».
Ҳанӯз даҳ қарн пеш Юсуфи Баласағунӣ, шоир ва донишманди турк, кӯшиш кардааст, ки лафзи туркӣ низ монанди забонҳои тоҷикиву арабӣ эътибори хосса пайдо кунад. Дар муқаддимаи достони «Кутадғу билиқ» меорад: «Китобҳои арабию тоҷикӣ бисёранд.
Ин аввалин асарест дар забони мо».
Дар шерозаи ин сухан метавон қайд кард, ки асари «Кутадғу билиқ» аз аввалин сарчашмаҳои туркист, ки вожаи «тоҷик»-ро дар мафҳуми забони тоҷикӣ истифода кардааст.
Аслан, забони тоҷикӣ таърихи қадима дорад. Бузургии забон буд, ки Мавлавӣ фармуда:
Бишнид зи Ҳақ каломи қудсӣ,
Овард ба мо паёми қудсӣ.
Воқеан, устод Садриддин Айнӣ дар тоза нигоҳ доштани ин забон ҷойгоҳи махсус доранд. Ин пири хирад барои мардуми тоҷик ва умуман, дигар халқу миллатҳо ҳар чизе, ки навиштанд, аз нигоҳи таърихӣ рафтор карда, ба ҳусну назокати сухани миллии тоҷикӣ эътибор дода, моҳияти умумибашарии онро дар ҷои аввал мегузоштанд. Оид ба сохтори забони тоҷикӣ гуфта буданд: «Модом, ки далелҳои сода кардани забон мутобиқи ақл ва мантиқ аст, забони матбуоти Эрон ҳам, дер аст ё зуд, сода хоҳад шуд». Дар ҷое, ҳамчунин, дар бораи чӣ гуна будани забони адабии тоҷик меоранд: «Забони адабии тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ...  дар киноя ва истиораҳо дар зарбулмасалҳо ва дигар бобатҳо хусусият ва рӯҳи забони тоҷикӣ риоя карда шуда бошад».
Устод аз забони зинда: шеваҳо ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, ки яке аз сарчашмаҳои забони адабӣ аст, устокорона истифода мекарданд. Дар мактуби худ ба забоншинос  Додоҷон Тоҷиев, ки дар як мақолааш таъбири зебои «дандон доштан» - ро овардааст, менависанд: «Дандон дош-тан» дар забони тоҷикӣ «кина доштан» - ро ифода мекунад, ки бисёр роиҷ аст дар байни мардум.
Ин пири хирад бар он буданд, ки ҳар як адиб ҳини эҷод кардани осораш сараро аз носара ҷудо кунад, зеро ӯ барои халқ менависад, на барои худ.
М. Горкий дар Анҷумани адибон дар Маскав соли 1934 изҳор дошта буд: «Сухани Шумо – Садриддин Айнӣ, ки аз бузургон ва пирони ин анҷуман ҳастед, маро сахт хуш омад. Шумо собит намудед, ки адабиёти Ховар, бавижа адабиёти форсу тоҷик дар бисёр маворид нисбат ба адабиёти Ғарб бартару волотар аст».
Саид Нафисӣ аз Эрон нахустин шуда «намунаи адабиёти тоҷик» - ро хуш истиқбол карда навишта буд: «Ҳар касе дар адаби форсӣ кор мекунад, бояд як нусха аз ин китоб дошта бошад».
Ба истиқлолияти комил ноил гаштану ба ваҳдати миллӣ расидан барои мо, тоҷикону тоҷикистониён, худ беҳтарин лутфи Худовандисту пурарзиштарин туҳфаи таърих аст.
Забони шакарини тоҷикӣ дар паноҳи давлат буду ҳаст. Нахуст ин ҳарфҳои тиллоиро дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мехонем: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Президенти кишвар нисбати забони тоҷикӣ арҷ мегузоранд, ки бесобиқа аст. Сардори давлат худ дар ҳама ҷо бо забони ширини тоҷикӣ хуб ҳам суҳбат мекунанд. Ҳомии беминнати давлатанду нигоҳдорандаи забони тоҷикӣ ҳастанд. Гуфтаанд: «Вазифаи ҷонии мову шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворою ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем».
Дар асари гаронмояву пурарзиши худ – «Забони миллат – ҳастии миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  овардаанд: «Аз файзи истиқлолият мо имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дӯстон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёз надорад, анҷом диҳем».
Аз ин асар метавон дар бораи хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ бардоште рӯшан гирифт. Мехонем: «Забони тоҷикӣ, ба ақидаи мо, ҳар қадар барои як тоҷики Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳамчун забони модарӣ муқаддас бошад, ҳамон қадар барои тоҷикону форсизабонони Афғонистону Эрон ва дигар минтақаҳо азизу гиромист».
Ба ақидаи Пешвои миллат, «маҳви инсони соҳибзабон ва соҳибфарҳанг дар айни замон маҳви забону фарҳанг аст».
Роҳбари давлат забону фарҳанги тоҷикро ба оинае ташбеҳ медиҳанд, ки роҳи тӯлонии паймудаи тоҷиконро бо ҳама шебу фарозҳо дар худ мунъакис намудааст. «Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд». Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як зиёӣ, ҳушдор медиҳанд Роҳбари давлат,  «бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад».
Забон миллатро ба ояндаҳои дури дур, то ба бекаронаҳо, ба абадият мебарад ва ҳамчунин, миллат забонро.

Сироҷиддини ШАРОФИДДИН,
адиб ва рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 527

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед