logo

сиёсат

ИНСОН ВА ҶОМЕА. АЗ ОЗОДИҲОИ ДИНӢ ТО ПАДИДАҲОИ МАНФӢ

Ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи  мутамаддин маҳсуб ёфта, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз намуда, татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи озодии виҷдон кафолат медиҳад. Дар доираи он шаҳрвандони кишвар ниёзҳои эътиқодии хешро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд. Аммо густариши дини мубини ислом, робитаҳои хориҷии иҷтимоиву фарҳангӣ ва шиносоии бештари мардум бо фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар барои ба фазои сиёсии кишварамон ворид шудани баъзе унсурҳои манфӣ ва барои ҷомеаи мо номатлуб мусоидат кард. Баъзе гурӯҳу созмонҳои дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида аз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқию динии мардум истифода карда, экстремизму радикализми диниро талқин менамоянд. Ин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ғояҳои ба дину фарҳанги миллии мо бегонаи онҳоро, ки сирф сиёсӣ ва дур аз арзишҳои исломӣ мебошанд, ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аз таъсири манфии чунин гурӯҳҳои ғайрианъанавии динӣ, ки поягузори хушунат ва моҷаро мебошанд, ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» замина гузошт. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди экстремизмро муайян карда, мақсади он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти кишвар, ташаккули вазъи тоқатнопазирии мардум нисбат ба экстремизм мебошад.
Таҳлили ҳолати содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи пайравон ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ нишон дод, ки мақсади асосӣ  халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ,  асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат мебошад. Барои содир намудани чунин ҷиноятҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ то 20 сол муқаррар гардидааст.
Дар таҷрибаи тафтишот ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон пазируфтани аъзоӣ ё пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бе дарки моҳияти ғояҳои онҳо ва баъдан изҳори пушаймонӣ кардан аз ин амалҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, зимни пурсишҳо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муайян шуд, ки се нафар ашхоси бо ҷурми даст доштан дар фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкумшуда то ҳол худро аъзои ин ҳизби экстремистӣ намеҳисобанд, зеро бе дарки ҳадафҳои ҳизб ба он аъзо шудаанд. Дар ҳақиқат солҳои қабл мардуми кишвар дар бораи «Ҳизб-ут-таҳрир» ва равияи «Салафия» тасаввуроти амиқ надоштанд. Вале, воқеаҳои мудҳиши солҳои охир дар давлатҳои Сурияву Ироқ боиси таҳия ва чопи як қатор маводи илмиву оммавӣ гашт ва мардум дар бораи ҳадафҳои ин ташкилотҳои тамоюли экстремистидошта тасаввуроти кофӣ пайдо намуданд.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки пайдоиши равияи «Салафия» ба Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб ва ҷараёни «Ваҳҳобия» алоқаманд аст. Салафиён хешро намояндагони асосии Қуръон ва суннат хонда, дар як қатор кишварҳо бо номҳои гуногун ошкору пинҳонӣ амал менамоянд. Пайравони мазҳаби Имоми Аъзам афкори динии ҷонибдорони равияи «Салафия»-ро мақбул надониста, онро яке аз омилҳои ба миён омадани низоъҳо мешуморанд. Исбот шудааст, ки ҳадафи ниҳоии салафиён ҷудоиандозӣ дар байни мардуми мусалмон мебошад.
Тоҷикистон аз хатари экстремизм эмин набуда, эҳтимолияти бо истифода аз ҳар гуна шароити мусоид сар бардоштани гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуд аст, ки зери ниқоби дини мубини ислом амал карда, метавонанд вазъи муътадили ҷамъиятӣ – сиёсии ҷомеа ва дар маҷмӯъ кишварро халалдор созанд. Аз ин рӯ, зоҳир намудани ҳушёрии сиёсӣ бо мақсади таъмини амният қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Мубориза бар зидди терроризм бояд мушаххас ва мақ саднок сурат бигирад ва манфиатҳои миллӣ ва башарӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Бояд сабабу шароитҳо ва заминаҳои ташаккулу инкишофи ин зуҳуроти иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шавад ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гардад.
Барои пешгирӣ аз ин раванди номатлуб имрӯз аҳли ҷомеаи кишвар ва тамоми мақомоти давлатӣ, имом-хатибон ва ташкилоту муассисаҳо, хусусан волидонро зарур аст, ки дар якҷоягӣ амал кунанд. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии созмонҳои террористӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон чунон зиёд гардидаанд, ки мо бе ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимию аҳли ҷомеа ва пешвоёни дину падару модарон ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб муваффақ гашта  наметавонем.

Муҳаммадвалӣ  ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 376

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед