logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ДАСТОВАРДҲО ҲАНӮЗ ОҒОЗИ КОРАНД!

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо рушд карда, имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву иҷтимоӣ, неруи тавонои зеҳнӣ имкон медиҳанд, ки  ноҳия ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.
- Меъёри асосии пешравӣ дар ҳар кишвар ин осоиши рӯзгори мардум ва зиндагии шоистаи онҳост, - мегӯяд Зариф Вализода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. - Барои расидан ба ин ҳадаф мо аз тамоми имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон самаранок истифода бурда истодаем. Масоили вобаста ба таъмини афзоиши устувори нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, рушди бахши аграрӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, такмил ва самаранокии соҳаи молия, баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор гирифтаанд.
Солҳои 2008-2016 дар соҳаи сохтмони ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд.  Аз ҷумла, ба маблағи 1189,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ҳаҷми 1159,1 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ва 1467,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои асосӣ азхуд карда шуд. Дар ин давра даҳҳо иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва роҳу пулҳо, назири комплекси хизматрасонӣ ва толори қабули меҳмонон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд, пул аз болои дарёи Сир дар Ҷамоати деҳоти Ёва, чойхонаи миллии «Боғи Ваҳдат», маркази савдои «Баракат», биноҳои маъмурии КФБТИ-и ноҳия ва шуъбаи бемориҳои дил дар беморхонаи Ҷамоати деҳоти Хистеварз, корхонаи коркарди нафти «Нафти Темурмалик», маркази саломатии деҳоти «Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз, Қасри маданияти Арбоб дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз, маҷмааи қасри қабули меҳмонон дар Қасри маданияти Арбоб (Амфитеатр) ва даҳҳо корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба истифода дода шуданд.
Маблағгузории соҳаи маориф бошад, се маротиба афзуда, таъмиру тармим ва мустаҳкам кардани пояи моддию техникии онҳо сол ба сол вусъати тоза мегирад. Давоми даҳ соли охир миқдори мактабҳои типи нав ба чор адад расид, ки шумораи хонандагони онҳо 4301 нафарро ташкил медиҳад.
Маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодие, ки ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баландравии нарх, беқурбшавии даромадҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа, ёрии суроғавии иҷтимоӣ нигаронда шудаанд, самар мебахшанд. Дар натиҷа имконияти марҳала ба марҳала баланд бардоштани маоши кормандон, даромади умумӣ ба ҳар сари аҳолӣ пайдо гардидааст. Аз соли 2010 то 2016  музди миёнаи маош аз 276,73 сомонӣ ба 805,3 сомонӣ расидааст. Сатҳи бекорӣ моҳиятан коҳиш ёфта, дар соли сипаришуда 535 нафари бекор ба қайд гирифта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфт. 
Дар давоми солҳои 2000-2016 дар ноҳия 96 корхонаи саноатӣ ба кор даромад, ки 2253 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Байни коргоҳҳои навтаъсис ҶСП «Комрон Агро Холдинг», ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Алфа ПЭТ», «Зерновая Компания», «Ободкори Хуҷанд», «Шарбати Қистақӯз», «Юсуф Саркор», «Сахо», «Ғаллаи Суғд», «Ширкати Азизӣ» ва ҶСШП «Равған» дар рушди соҳаи саноати ноҳия нақши калидӣ доранд. Ҳамчунин, метавон саҳми соҳибкорони маҳаллиро таъкид кард, ки дар бунёди коргоҳҳои истеҳсолии хурду миёна ҳисса мегузоранд. Ҳоло дар ноҳия 11 ҳазору 130 нафар соҳибкори инфиродӣ сабт шудааст, ки пешравии иқтисодиёти ин гӯшаи диёр ба фаъолияти самарабахши онҳо вобаста аст.
То соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ, дар маҷмӯъ 876,82 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таъмиру таҷдид шуданд. Дар баробари сармояи хориҷӣ, аз буҷети вилоят низ барои таҷдиди роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда истодааст.
Гардиши савдои хориҷӣ соли 2016 ба 675,0 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2009 - ум 343,0 миллион доллар зиёд аст. Зариф Вализода изҳор дошт, ки рушди минбаъдаи ноҳия дар асоси сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ гардида, барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дар доираи се ҳадафи стратегӣ-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шудаанд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 160

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед