logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ОН

Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ҳарфи тозае нахоҳем гуфт ва дунёи наверо кашф нахоҳем кард, агар боэътимод  гӯем, ки пояи ҳуқуқии истиқлолияти давлатии  ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам  устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои  қавии  ҳуқуқӣ - қонунӣ такя менамояд.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин нигоҳ  ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хидматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд. Самараи чунин таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат аст, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон  ва  фароҳамоварандаи заминаҳои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол ба сол собиту маҳкамтар мегардад. Чунки Сарвари давлат ҳамчун роҳбари дурнигар  ҳанӯз дар солҳои вазнини даргириҳои дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз  бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад. Гувоҳи равшани ин сухан ҳамон иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои  барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ басо пурбор буд. Ва  метавон гуфт, ки ҳамин иҷлосияи таърихӣ дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазои ҳуқуқии даврони Истиқлолияти давлатӣ ва  санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами низоми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ нахустин талошу саҳмгузории шоиста ба ҳисоб мерафт.
Шояд байни кишварҳои гуногуни дунё кам давлати ба тозагӣ соҳибистиқлолгаштае  ёфт шавад, ки дар давраи ҷанги дохилӣ ба таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули конститутсияи худ иқдом намуда бошад. Аммо  ҳақиқати пурифтихори таърихист, ки маҳз бо истодагарӣ ва ҳиссагузории арзандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди вазъияти амалан ҷангии кишвар, раванди корҳои вобаста ба механизми эҷоду баррасӣ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо  то ба анҷом тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуд. Ҳарчанд Конститутсияи ҷумҳурии мо дар замони низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул гардид, он аз ҷониби  назарияшиносони муътабари илми ҳуқуқи ҷаҳонӣ  аз нигоҳи мазмун, моҳият ва муқаррароту муҳтавои худ баҳои баланд гирифта, ба санади муҳим ва асосии аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳкимбахшандаи Истиқлолияти давлатӣ табдил ёфт.
Бамаврид  аст, ин ҷо як  сухани  ҳақшиносонаи Пешвои муаззами миллатро зикр намоем, ки чӣ гуна мақом ва ҷойгоҳи Конститутсияро дар  пояндагии Истиқлолияти давлатии  ҷумҳуриамон  басо нуктабинона баён намудаанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Пас аз  тантанаи  ваҳдати  миллӣ  талошу амалҳои созандаи  сатҳи давлатӣ  бобати  ташаккули низоми ҳуқуқиву қонунии давлатдории миллӣ  доманаи васеъ касб намуд. Қабули ҳар  қонуни нав пояи Истиқлолияти давлатиро мустаҳкамтар сохта, фазои ҳуқуқии ҷомеаро ғановати тоза мебахшид. Дар ин миён Пешвои миллат, ки мағзу ҷавҳари ташаббусу амалҳояшонро қонунмеҳварӣ ташкил медиҳад, дар нутқу суханронӣ, вохӯриву суҳбатҳо  ва паёмҳои ҳарсолаашон ба парламенти ҷумҳурӣ мавзӯи эҳтиром гузоштан ба қонун, таъмини волоияти он ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро зикр менамуданд ва  он то  ба имрӯз низ аз забони Сарвари давлат  борҳо таъкид мешавад. Чунин таъкид  намуданҳои Президенти  мамлакат  мантиқӣ ва асоснок ҳам ҳаст, чун ба пиндорашон «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Воқеан, таҳия ва мавриди амал қарор додани ҳатто беҳтарин ва мукаммалтарин санади қонунӣ самараи дилхоҳ нахоҳад дод, агар шаҳрвандон  таҳти таъсири омили манфии пастии саводи ҳуқуқиашон ба меъёрҳои он эҳтиром нагузоранд ва ба вайрон намудани муқаррароташ даст зананд. Аз ин рӯ, дар авлавият қарор додани ду самти  муҳими таъминкунандаи расидан ба як ҳадаф, яъне фароҳам сохтани пойгоҳу заминаи  мустаҳками қонунӣ ва тақвияти ҳисси эҳтироми аҳолӣ ба меъёрҳои қонун тавассути тарбияи шаҳрвандони  қонунписанд  тавонист поя ва шоҳсутуни Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ  қувват  ва тавони рӯзафзун бахшида, побарҷо нигоҳ  дорад ва то дергоҳи  таърих  онро пояндагӣ ато хоҳад намуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 690
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед