logo

иқтисод

САРЧАШМАИ ФАЙЗУ БАРАКАТ

Амиршозода Тоҳирхон,
раиси ноҳияи Муъминобод

Соҳибистиқлолӣ орзуи ҳазорсолаи ниёгони мо буд, ки охири садаи бист ба ин халқи азиятдида муяссар гашт. Вале истиқлоли мо душманони дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба таҳлука андохт. Онҳо аз пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ ва камтаҷрибагии давлати нави миллӣ истифода карда, низоъ ва хараҷу мараҷ барангехтанд. Хостанд давлати ҷавонро пора – пора намуда, аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардоранд. Хиради азалӣ, фарҳангсолорӣ ва ҳадафҳои некбинонаи фарзандони сарсупурдаи миллат нагузоштанд, ки мақсадҳои ғаразноку хоинонаи душманони миллат, дину оин ва мазҳаби таҳаммулгарои мо амалӣ шаванд.

Пас аз кӯшишҳои пайгирона, гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва маслиҳату машваратҳои судманди неруҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дода, ба қалби миллионҳо сокинони Тоҷикистон ва гурезаҳои иҷборӣ шуълаи умед ба ояндаро бедор намуд. Ин ҷаласаи таърихӣ марҳалаи наверо ба рӯйи мардум боз намуд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами хеш рӯ ба фардои нек дошта, шаҳрҳо месозанд, деҳу деҳкадаҳоро обод менамоянд, нақбу пулҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолати ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу оромонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Бо ифтихор аз соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ мо шиносномаи худро дар арсаи ҷаҳонӣ дорем. Ин шиноснома истиқлолият аст, ки комилтар, солору мустаҳкаму қавитар мегардад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ барои мардуми ноҳияи Муъминобод низ файзу барор овардаанд. Дар остонаи ҷашни 26 – умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия бинои муассисаи таълимии № 11 бо дастрасии таҷҳизоти муосири таълимӣ дар деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд ва бинои таълимӣ барои 120 хонанда дар як баст дар деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, мағозаи хусусӣ ва сехи дӯзандагӣ дар шаҳраки Муъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 6 километр роҳҳои дохили шаҳрак навсозӣ ва мумфарш гардида, таъмир ва навсозии роҳи маркази ноҳия - деҳаи Момандиён оғоз ёфт.  Дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, нав-созии дару деворҳо, таъмир ва ба талаботи меъёрию меъморӣ мутобиқсозӣ босуръат идома дорад. Давоми ҳафт моҳи сипаришуда 173 сокини ноҳия барои бунёди манзили зист соҳиби қитъаи замин гардид.
Теъдоди муассисаҳои тиббию табобатӣ низ афзуда, хизматрасониҳо ба меъёрҳо мутобиқ гардонда мешаванд. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ  дар деҳаи Хӯҷаи Нур маркази нави саломатӣ ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар санаторияи табобатии шаҳраки Муъминобод идома доранд. Маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳраки Муъминобод ва «Гӯшаи тавонбахшӣ» дар Ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳин мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Имконият фароҳам омад, ки  кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳия табобат гиранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – гӯшту шир, пиёзу картошка, ангуру себу нок ва полизию меваю сабзавоти дигар ба  маротиб боло рафт.
Мардум барои дастгириҳо дар самти ободкорӣ, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ мекунанд.
Зиндагии мардум, хусусан баъди қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баракати тоза ёфт. Харҷу исрофҳои беҳуда аз байн рафтанд ва мардум имкон пайдо  намуданд, ки рӯзгорашонро беҳ намуда, барои таълиму тарбияи фарзандон шароити хуб фароҳам оваранд. Итминони комил дорам, ки  ин қонун дар таҳрири нав барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ, ҳаёти солим ва хушу хуррамона боз ҳам бештар мусоидат мекунад.
Ҳамаи дастовардҳои мардуми ноҳия аз баракати соҳибистиқлолӣ, хайру амонӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Пешвои миллат дар дили мардум  тухми бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, миллат, марзу бум ва гиромидошти суннатҳои миллиро коштаанд, ки сабз гашта, боровар шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 458

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед