logo

сиёсат

ДАР ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

Имсол низ чун солҳои қаблӣ мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати сулҳпарваронаву бунёдсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои амну осоиш ва рифоҳи зиндагӣ таҷлил хоҳанд кард.

Пешвои муаззами миллат, ҳанӯз дар суханронии худ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ барҳақ таъкид карданд, ки «дар дунёи пуртаззоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Хушбахтона, чунин иқболи баланд дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба мо насиб гардид ва халқи шарафманду тамаддунофари тоҷик мустақилияти комили давлативу миллӣ ба даст овард. Ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ дарвозаҳои саодатро ба рӯи мо боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фурсати кӯтоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт.
Таърих  фаромӯш  нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нагаштааст, ки мо дар оғози истиқлолият ба чӣ рӯзҳое гирифтор будем. Бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид.
Бо амри тақдири наку дар чунин рӯзҳои сахту сангин сарвари дилсӯзу ғамхор Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад ва ин доғ аз саҳифаи рӯзгори мардум бардошта шуд. Президенти маҳбуби кишвар ҳамчун мунодии ваҳдати миллӣ, бақои миллат ва фарҳангу забон Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохтанд.
Кунун мо 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро дар ҳоле истиқбол мегирем, ки Тоҷикистони азиз бо ташаббусҳои байналмилалии сарвари башардӯсташ вирди забонҳост. Имрӯз Тоҷикистони замоне дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарордошта таҳти роҳбарии Сарвари муаззаму ташаббускори хеш дар ҷаҳон шуҳратёр шуда, аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор мебошад.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ баробари дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ комёбиву дигаргуниҳо дар низоми ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла мақомоти прокуратура низ қобили таваҷҷуҳ аст. Зеро дар ин давра имкон фароҳам омад, ки вазифа ва самтҳои асосии  фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои давлативу миллӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян шаванд. Заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти бонизоми мақомоти прокуратура, ки аз файзи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат аст, мо - кормандони ҷавони соҳаро вазифадор менамояд, ки бо истифода аз чунин фазои мусоид донишу таҷрибаи худро баланд бардошта, дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ иқдом намоем. Бо шукргузорӣ аз фазои осуда ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар вазифаҳои ишғолнамудаамон бо азму иродаи қавӣ, номуси ватандорӣ дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва қонунсолорӣ дар ҷомеа содиқона хизмат намоем. 

Фурқат САМИЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 200

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед