logo

иҷтимоиёт

ИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

«Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард. Зеро умеду ормонҳои мо аз шумо - насли наврасу соҳибмаърифат, хеле калон аст».

Андешидан ба ҳикмати ин суханҳо ва таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи Синхуа, хосса донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин баён шуданд, дар дили ман шуълаи нав афрӯхт. Ман, ки дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай ба тозагӣ таҳсилро шурӯъ кардам, сафари давлатии Президенти маҳбуби кишварамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тариқи расонаҳои ин кишвар пайгирӣ намудам. Бозтоби густурда ва эҳтиромонаи ин сафар дар ВАО-и кишвари ба мо дӯсти Чин, ки далели ҷойгоҳи ифтихории Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ ва нишони таваҷҷуҳ ба Тоҷикистони азизи мост, наметавонист қалби ҳеҷ як тоҷики худшиносро тасхир насозад.
Пешвои миллат дар ин вохӯрии судманд зикр сохтанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. «Дар ин росто мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими  маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем».
Президенти мамлакат дар хитоб ба донишҷӯёни муқими ин кишвари мутараққӣ изҳор доштанд, ки «умеду ормонҳои мо аз шумо - насли наврасу соҳибмаърифат, бузурганд. Бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои бароятон фароҳамшуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаатонро аз худ намоед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо ҷавонон - мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст».
Воқеан, аз файзи истиқлолият ва сиёсати раҳнамунсози Сарвари давлат ба мо, ҷавонон, имкон фароҳам шудааст, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат аз шароитҳои хуби таҳсил бархӯрдор гардем. Ман дар чанд ҳафтаи мусофират ба Чин ва суҳбату шиносоиҳо бо сокинони мулкиву донишҷӯёни аз дигар кишварҳо омада дарёфтам, ки онҳо Тоҷикистони моро хуб мешиносанд. Дидгоҳҳои дӯстона ва шинохти саҳеҳи ҳайсияти миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аз мо шаҳрвандони дар хориҷбудаи кишвар тақозо мекунад, ки дар заминаи талошҳои пурсамари Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон иқдом кунем. Бо эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳанги ниёгонамон ҳар ҷо, ки бошем, Ватани аҷдодиро азиз дорем. Донишу таҷрибаи андӯхтаи худро ба манфиати давлату миллати хеш истифода намуда, дар ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он устувор бошем. Зеро ин иқболи баландро истиқлолият ба мо ато кардааст.  

Парвиз МУНАВВАРЗОДА,
 донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 421

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед