logo

сиёсат

НОМАҲОИ ШОДБОШӢ АЗ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

7 сентябр дар робита ба фарорасии Ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Аз ҷумла, дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо бо Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ бомуваффақият рушд мекунанд. Муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Москва ва Душанбе дар ҳалли масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории самаранок доранд.
Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои шарикии миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоем. Ин комилан ҷавобгӯи манфиати мардумони дӯсти мо аст ва дар маҷрои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин, ба тамоми ҳамватанонатон – сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Си Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар номаи табрикотии худ ба унвонии Пешвои миллат чунин менависад:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед аз номи мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 26 - умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёт изҳор намоям.
Дар давоми 26 соли аз рӯзи истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ба назар мерасад, сатҳи зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар мешавад, нуфуз дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бармало боло меравад. Ҷониби Чин аз ин самимона хушҳол аст.
Чанде пеш Шумо ба Чин сафари давлатиро бомуваффақият анҷом додед ва дар муколамаи кишварҳои БРИКС ва панҷ кишвари рушдёбанда иштирок кардед.
Мо бо Шумо музокироти судманд анҷом додем, якҷоя ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани муносибатҳои дуҷонибаамонро эълон доштем ва доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои муҳим ба имзо расондем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо талошҳои муштаракро, ки ба таҳкими дастгирии мутақобилаи кишварҳоямон ва ба тавсеаи ҳамкорӣ дар сохтмони «Як камарбанд ва як роҳ» ба манфиати кишварҳо ва мардумонамон равонаанд, ба роҳ монам.
Ба кишвари Шумо шукуфоӣ ва қудрат, ба мардуми тоҷик хушбахтӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 - уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.
Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд ва мо истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.
Дар арафаи 26 - умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст.
Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям».

Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии ОлмонФранк-Валтер Штайнмайер чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба халқи тоҷик аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо таваҷҷуҳи зиёд рушди кишвари Шуморо мушоҳида мекунад ва чун шарики муҳим ҳамроҳӣ менамояд. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ҳамкории мо дар соҳаҳои гуногун боэътимод густариш ёфтааст. Ман ниҳоят хушҳолам аз вохӯрии мо дар шаҳри Душанбе соли гузошта.
Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, иқтисодиёти бозаргонӣ ва волоияти қонун дастгирӣ мекунем.
Ба Шумо сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва саодату пешрафт таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти кишвар самимона шодбош мегӯям.
Дар давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Азнавсозии сохтор ва ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона анҷом дода шуда, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муттасил таҳким меёбад.
Бо қаноатмандии амиқ мехостам рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳоро миёни кишварҳоямон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ махсус зикр намоям.
Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон - сулҳ, осоиш ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:
«Бародари муҳтарам, Ҷаноби, Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худованд ҳифзатон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».
Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз Подшоҳи Шоҳигарии Шветсия Карл XIV Густаф, Императори Ҷопон Акихито, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван Дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбош ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати Ҷашни фархундаи 26 - умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 534

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед