logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 8 сентябри соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.
Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад.
Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.
Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд.
Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти олии давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд.
Дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ мехостам нақши созандаи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар як сокини Ватани маҳбубамонро таъкид намоям.
Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳар як сокини мамлакат, ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири кишвар саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос менамоям.
Неруи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад.
Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем.
Ҳамватанони гиромӣ!
Соҳибихтиёрӣ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат мебошад, балки ҳалли масъалаҳои дохилии кишварро дар радифи масоили муҳимтарини фаъолияти давлат ва Ҳукумат мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, давлат ва Ҳукумати мамлакат дар сиёсати дохилии худ баробари дар мақоми аввал гузоштани иҷрои ҳадафҳои асосӣ, ба татбиқи самарабахши дастовардҳои илму техника ва имкониятҳои низоми иқтисодии ҷаҳони муосир, инчунин, ба ҳаллу фасли мушкилоти ҳаррӯзаи мардум эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем.
Вале зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем.
Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба як мулки обод табдил диҳем.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар баробари саъю талош дар татбиқи се ҳадафи стратегӣ ислоҳоти низоми иқтисодиро идома диҳем, раванди бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро вусъат бахшем ва шароити зиндагии халқамонро қадам ба қадам беҳтар гардонем.
Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори сокинон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳвариро ишғол менамояд. Мо минбаъд низ ҳамаи тадбирҳоро меандешем, ки дастгирии давлатиро дар ин самт боз ҳам тақвият диҳем, барои қишри эҳтиёҷманди ҷомеа кумакҳои давлатиро тавсеа бахшем, ба рушди оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи сокинон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро омилҳои мазкур пояи муҳими устувории ҷомеа мебошанд.
Дигар омили муҳими пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст.
Мо дар оянда низ дар баробари амалисозии ислоҳоти низоми илму маориф, ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ ва ватандӯсту соҳибмаърифат эътибори ҷиддӣ хоҳем дод.
Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги бою рангоранг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.
Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои насли калонсол расад ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан иҷро карда тавонад. Мо ба насли ҷавони Ватани азизамон эътимоди комил дорем. Соли ҷавонон эълон шудани соли равон ба он мақсад аст, ки ҷавонони саодатманди замони истиқлолият чароғи афрӯхтаи падаронро фурӯзон нигоҳ медоранд ва бо нури он роҳи худро дар пешрафти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон равшан месозанд.
Бо изҳори чунин умедҳои нек бори дигар кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барояшон хонаи обод, иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 3380

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед