logo

фарҳанг

ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Тоҷикон аз зумраи халқиятҳое мебошанд, ки  дар таърихи мавҷудияташон ҷабрҳои зиёдеро дидаву таҳаммул карда, ба саодати соҳибмиллативу соҳибдавлатӣ мушарраф гардидаанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ аҳёнан фарзонафарзандоне зуҳур кардаанд, ки бо донишу идрок ва  иродаи қавиашон миллатро аз хатари нобудшавӣ наҷот дода, бо ин амали хеш умри ҷовидона ёфтаанд.  Аз гузаштаи дури таърих ёд намекунем, зеро барои тақвияти гуфтаҳои болоамон кифоя аст, ки садсолаи охири давлатдории тоҷикон ва ҷонбозиҳои  фарзандони фарзонаи миллат оид ба барқарор кардани адолати таърихӣ ва  ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватанро хотиррасон намоем. Ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон бо вуҷуди таърих ва фарҳанги қадима доштанашон дар солҳои бистуми асри гузашта ба ноадолатиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Дар ин айём, ки пантуркизм бо авҷи олии рушд зуҳур карда буд, тамоми кӯшишро барои ташкил нашудани ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, ки аҳолии асосиву бумиашро тоҷикон ташкил мекарданд, мубориза мебурд. Ҳатто барои ба мақсад расидан ҷавонони равшанфикри дар Туркия таҳсилдидаи тоҷикро моҳирона истифода бурдаанд, ки таъсирноктарин шахсиятҳои замони худ ба шумор мерафтанд. Имрӯз метавон ба хулосае омад, ки дар он шароити ҳассоси таърих Худованд устод Айнӣ ва ҳаммаслаконашро ба бахти тоҷикон додаву нигоҳ доштааст. Зеро, маҳз талошу кӯшишҳои пай дар пайи ин фарзонафарзанди миллат боис шуд, ки дар аввал Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, баъдтар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёбад. Ташкил шудани давлати миллӣ барои мо - тоҷикон дастоварди беназир маҳсуб меёбад. Зеро имрӯз миллатҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди зиёд будани шумораашон аз шарофати давлатдорӣ бенасиб мондаанд. Аз ин рӯ, месазад номи  нафаронеро, ки дар ташкили давлати миллӣ, рушду нумӯи он, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон ҷонбозиҳо кардаанд, бо эҳтиром ба забон орему гиромиашон дорем. Боиси хушнудист, ки имрӯз зиёдтар аз ҳар нафари дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати бузургони миллат арҷ гузошта, хизмати эшонро гиромӣ медоранд. Нафарони огоҳ бисёр таъкид намудаанд, ки таъсиси олитарин унвон дар кишвар - «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва сарфароз гардондани фарзонафарзандони миллат бо он иқдоми саривақтӣ буд. Зеро, то имрӯз нафароне пайдо мешаванд, ки баъзан надониста ва баъзан, шояд огоҳона хизмати бузургони тоҷикро нодида гирифта,  бо суханони бепояву беасос ҳарзагӯйӣ мекунанд. Воқеан, агар аз ҷонбозиҳои шахсиятҳои ҷонсупурдаи миллат огоҳ бошему сидқан баҳо диҳем, пас боварӣ ҳосил менамоем, ки ҳеҷ нафари дигар наметавонист ба ҷойи онҳо чунин хизмати бошарофона, вале пурхатарро анҷом диҳад. Адабиётшиносону сиёсатшиносон ва дигар қишри рӯшанфикри ҷомеа эҷоди китоби арзишманди «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро қаҳрамонии бемисл ном мебаранд, ки танҳо устод Садриддин Айнӣ ин корро карда тавонист.  Устод дар баробари эҷоди асарҳои гаронбаҳои бадеиву публитсистӣ, чун олими забардаст ва аввалин роҳбари Академияи илмҳои Тоҷикистон дар рушди бемайлони адабиёт, фарҳанг ва илму маърифат саҳми беандоза дорад. Дар даврае, ки гурӯҳҳои махсус бо тамоми қувва зидди миллати мо кор бурда, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти зиёда аз ҳазорсолаамонро инкор мекарданд,  ӯ бо навиштани мақола ва асарҳои илмӣ, бо факту далелҳои раднопазир ба даҳони ҳарзагӯён муҳри хомӯшии ҳамешагӣ мезад. Хусусан, силсиламақолаҳои дар бораи забони тоҷикӣ навиштаи номбурда бори дигар забони илму давлатдорӣ будани забони тоҷикиро ёдрас менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар давраи наву ҳассостарину сарнавиштсози тоҷикон - охири асри бист хизмати арзишманде кард. Номбурда замоне масъулияти роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт, ки  хавфи пора шудани кишвари воҳиди мо вуҷуд дошт ва маҳз ӯ тамоми ҳастияшро барои барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таъмини якпорчагии марзу буми давлати тозаистиқлоламон бахшид ва муваффақ шуд. Коре, ки Эмомалӣ Раҳмон кардаанд, то имрӯз камназир буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷиконро беҳтарин таҷрибаи баҳамоӣ маънидод менамояд. То имрӯз созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ  аз кишварҳои гирифтори кашмакашҳои дохилӣ тақозо менамоянд, ки таҷрибаи тоҷиконро дар барқарорсозии сулҳ истифода баранд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали  масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифтан ба муқаддасоти давлатдорӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, дар рушди он саҳми созгор гузоштааст. Хусусан, мавқеи забони тоҷикиро чун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ  баланд бардошт. Зеро забон, ки яке аз нишонаҳои асосии миллат ба ҳисоб меравад, пайваста ба таваҷҷуҳу ғамхорӣ ниёз дорад. Роҳбари давлат барои ҳифзу гиромидошт ва тозаву озода нигоҳ доштани забони давлатӣ пайваста тадбирҳо меандешад. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки забони тоҷикӣ бо гузашти солҳо мавқеашро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, то ҷовидона барои миллати соҳибтамаддуни мо хизмат мекунад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 182

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед