logo

иқтисод

ДАЛЕЛҲОИ ГӮЁ

Амалисозии як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ имкон фароҳам овард, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад афзуда, дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ то чор баробар зиёд шавад.

Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 8,1 дарсад зиёд мебошад.
Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар гардид.
Дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 1,6 баробар зиёд шуд. Яъне аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид. Дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.
Дар даврони истиқлол аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия 98 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ    бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, ангишт, саноати сабуку кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳову ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.
Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбас-ти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил додем.
Тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 1991 қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.
Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.
Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин муддат нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ пурра бартараф гардид.
Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Гирдоваранда Ш. АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 101

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед