logo

иқтисод

РОҒУН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Дар остонаи Ҷашни 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун корҳои ободонию бунёдкорӣ, равшансозӣ, ороиш ва гулпӯш намудани кӯчаву растаҳо, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии шаҳр вусъати тоза касб намуданд.
Исмоил Раҳимзода, муовини якуми раиси шаҳри Роғун, гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шаҳр дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар пайи корҳои сохтмонию ободонӣ ва созандагӣ шаҳр ҳусни тоза гирифт. Дар маркази шаҳр боғи фарҳангию фароғатӣ, ки дорои имкониятҳои васеи истироҳатию фароғатӣ ва хизматрасониҳои замонавист, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, соҳибкории хурду миёна рушд ёфта, шумораи соҳибкорон дар зарфи 5 сол аз 12 ба 80 нафар расид. Имрӯз соҳибкорон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ пардохтаанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳм мегузоранд. Аз ҷониби соҳибкорон дар маркази шаҳр 2 майдончаи варзишӣ бо сифати мутобиқ ба стандартҳои шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода, 2 майдончаи дигар дар деҳот аз таъмир бароварда шуданд. Илова бар ин, бунёди 2 майдончаи дигар то Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
- Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани гирду атрофи хонаҳо, тозагӣ ва ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ гардондани онҳо мутасаддиён аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, вакилони халқ, раисони кӯчаву маҳалла ва деҳаҳо дар хонаҳои баландошёна вобаста гардидаанд. Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе дар маҷлиси кории назди раиси шаҳр масъулон гузориш оид ба корҳои иҷрогардида медиҳанд. Барои ҳавасманд кардани сокинон ҷиҳати ободонии шаҳр, озмунҳои беҳтарин ҷамоат, деҳа, кӯча, ташкилот (муассиса, корхона) ва майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, - зикр намуд И. Раҳимзода.
Дар асоси нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинон вохӯрию мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи асосии ин вохӯриҳо ба мардум фаҳмондани ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии давлату Ҳукумат, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зарари хурофоту бегонапарастӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ мебошад. Ҳамчунин, парҳез аз урфу одат ва сарулибоси ба фарҳанги мо бегона, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, дастгирии занону духтарон дар роҳи илм ва касбомӯзӣ, омилҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, масъалаҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, даъвати мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардум, истифодаи самараноки қувваи барқ, об, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ мавзӯъҳои дигари ин вохӯриҳоанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 319

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед