logo

сиёсат

ВИЖАГИҲОИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ОНҲО ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ ШУРӮЪ ШУД
Имрӯз гурӯҳҳои таблиғотӣ бо шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карданд.
Худи ҳамин рӯз гурӯҳи даҳнафара таҳти роҳбарии Одинашоҳ Вализода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва 15 бо иштироки сокинони маҳаллаҳои Ваҳдат-1, Ваҳдат-2, Ваҳдат-3 ва Зарбдор, коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, литсейи хонандагони болаёқат, коллеҷи аграрӣ ва шабакаҳои барқии шаҳр бо ширкати бошандагони маҳаллаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Садриддин Айнӣ ва Борбад вохӯриву мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Таъкид гардид, ки қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ раванди тоза пайдо кард. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки фарогири марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории аксари маърака ва маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шудааст. Пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ба ин васила метавонанд худро аз пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона, ҳифз кунанд, яъне амнияти фарҳангӣ ва пешрафти мустақилонаи хешро таъмин намоянд.
Фирӯз Ҷумъаев, хабарнигори «Ҷумҳурият», ки дар ҳайати ҳамин гурӯҳ аст, аз шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, ки дар меҳвари дидору гуфтугӯҳо бо сокинони шаҳр вижагиҳои қонуни мавриди назар, манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва роҳҳои татбиқи босамари он қарор дошт.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 353

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед