logo

иқтисод

ЁВОН БА МАРКАЗИ БУЗУРГИ САНОАТӢ ТАБДИЛ ЁФТ

Бо ибтикор ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ёвон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба раванди бесобиқаи рушд ворид шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки назири он дар таърихи гузаштаи ин гӯшаи диёр ба мушоҳида намерасад.

Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон, ки 22 апрели соли 2016 баргузор шуд, зикр сохтанд: «Ба шарофати ба кор оғоз кардани корхонаҳои банақшагирифташуда ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад». Воқеан, ин ҳидояти ватандӯстонаи Сарвари давлат амалан татбиқ шуд ва имсол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии дар ноҳия тавлидшаванда аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии он зиёд гардид.
Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳия шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, «Намаки Ёвон», «Комрон Агро Холдинг»,  «Хуаксин  Ғаюр  семент»,  фабрикаи «Ваҳдат», фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто», корхонаҳои «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Криолит», «Ҷунгтсай Моҳир семент», қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани «Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб», даҳҳо коргоҳи саноатии хурду миёна, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 27 бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Танҳо дар давоми панҷ соли охир даромади буҷети ноҳия аз 30 миллиону 785 ҳазор сомонии соли 2012 ба 484 миллиону 483 ҳазору 252 сомонӣ расид. Дар ҳафт моҳи соли равон ин нишондиҳанда 81 миллиону 130,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳафт моҳи ахир 324,3 ҳазор тонна семент, 12 ҳазору 400 дона гаҷкартон, 2 миллиону 69 ҳазору 604 ҷуфт ҷӯроб, 149,1 тонна риштаи рангкардашуда, 715,4 тонна риштаҳои пахтагин ва 340 тонна намак ба хориҷи кишвар содир намудаанд. Агар дар давоми соли сипаришуда маҷмӯи маҳсулоти саноатии ба хориҷи кишвар содиршуда 87,9 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 153,2 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Тавре ишора рафт, ҳоло Ёвон аз ноҳияи кишоварзӣ - саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ табдил ёфтааст. Айни замон зиёда аз 70 дарсади даромади буҷети ноҳияро соҳаи саноат ташкил медиҳад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва заҳмати пурмаҳсули сохтмончиён дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ иншооти  зиёди фароғатӣ, маданӣ, хизматрасониву маишӣ, тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар пули мошингарди болои дарёчаи Ёвонрӯд бо дарозии 70 метр ва паҳноии 18 метр бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағҳои буҷети маҳал бунёд гардида истодааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллию давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа соли 2014 ба 20 нафар бонуи ниёзманд ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, соли 2015 ба 35 нафар 70 ҳазор сомонӣ, соли гузашта ба 40 нафар дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ ва имсол низ ба ҳамин андоза маблағҳои грантӣ ҷудо намуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар партави сиёсати «дарҳои кушода» - и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ёвон соли 2014 бо ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва соли 2015 бо шаҳри Хуан Шии музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гашта, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, илму техника ва фарҳанг бо ин шаҳрҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар пайи ин иқдомҳои созанда якчанд маротиба боздиди ҳайатҳои кории ҷонибҳо аз шаҳру ноҳияҳои якдигар сурат гирифта, дар шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳия корхонаи пахтатозакунӣ сохта шуд ва ҳоло дар заминаи ин корхона коргоҳҳои коркарди нахи пахта бунёд ёфта истодаанд.
Тавассути бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, дар соли гузашта ва ҳафт моҳи охир дар ноҳия қариб 3000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи зиндагии сокинон ба таври назаррас боло рафт.
Айни замон бо ҷалби шарикони рушди Тоҷикистон дар ноҳия шаш лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо 39 миллиону 502 ҳазору 800 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки соҳибкорони ноҳияи Ёвон дар рушди ноҳия саҳми назаррас дошта, ҳамеша барои дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, варзишгарону санъаткорон ва бунёди иншооти иҷтимоӣ иқдомҳои шоистаи таҳсинро роҳандозӣ мекунанд. Масалан, соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов соли сипаришуда дар деҳаи Даҳана як мактаби замонавӣ бунёд намуд ва ҳоло дар маркази ноҳия боз як мактаби замонавӣ сохта истодааст. Аз тарафи соҳибкор Акбар Ғуломов бошад, дар шаҳраки Ёвон сохтмони коллеҷи тиббӣ идома дорад. Ҳамчунин, дигар соҳибкорон низ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкории зич дошта, дар рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Пешрафти бесобиқаи ноҳия, тағйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва баланд гардидани сатҳи маърифати мардум аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бо итминон метавон гуфт, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ёвон чун дигар сокинони мамлакат иродаи матин ва қудрати бузурги созандагии худро минбаъд низ баҳри боз ҳам пешрафта ва шукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона месозанд.
 
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 84

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед