logo

сиёсат

НОМАҲОИ ШОДБОШӢ

АЗ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома доранд.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар рушди миллӣ, тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Итминон дорам, ки ҳадафмандии мутақобила барои тақвияти муносибатҳои дӯстонаю боэътимоди Беларус ва Тоҷикистон бо такмил додани муколама тавассути намунаи нави ҳамкории судманд ва муфид минбаъд низ устувор мегардад.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар вазифаи пурмасъулатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии ман ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият бипазиред.
Имрӯз Тоҷикистон ба қуллаҳои баланд расида, узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи анъанавии дӯстонаи мо, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд меёбанд.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик сулҳ, саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам.
Мехоҳам хоҳиши бо дастгирии Шумо минбаъд рушд додани муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаро, ки кишварҳоямонро муттаҳид месозанд, изҳор намоям. Ман аз дурнамои умедбахши соҳаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон истиқбол мекунам.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби муҳтарам!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи худам, Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолият табрику муборакбод менамоям.
Муносибатҳои мо ба эҳтироми мутақобила, ҳамоҳангии манфиатҳо ва шабеҳияти фикру ақидаҳо оид ба аксарияти масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ асос меёбанд. Инчунин, соли ҷорӣ 25 - солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари мо қайд карда мешавад.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон шарикони боэътимод дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ барои мардуми кишварҳо мебошанд. Ман бовар дорам, ки кӯшишҳои муштараки мо шарикии стратегиамонро васеъ хоҳанд кард ва моро ба ояндаи хушбахту бехатар, озод аз радикализм, экстремизм ва терроризм оварда мерасонанд.
Фурсатро истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон некуаҳволӣ, пешрафти минбаъда ва шукуфоиро таманно менамоям.
Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».

 Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Полша ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ирсол медорам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар таҳкими суботи минтақавӣ ва тартиботи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Талошҳои давлатӣ, ки ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба байни кишварҳои минтақа, инчунин, ба навсозии кишвар ва фароҳам овардани фазои эътимод дар ҷамъият тавассути муколама ва ҳамкорӣ равона шудаанд, метавонанд ба дастгирии Ҷумҳурии Полша умед баста бошанд.
Муҳтарам Ҷаноби Президент, хоҳишмандам таманниёти осоиш ва некуаҳволии кишваратон ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин, комёбиҳоро дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Подшоҳи мамлакати Марокаш Муҳаммади VI зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!
Бо камоли шодмонӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ин фурсате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Иди миллии худ қарор дорад, самимонатарин табрикоти худро шахсан аз номи худам ҳамроҳ бо орзуи тандурустӣ ва хушбахтӣ барои Шумо ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун барои миллати дӯсти кишвари Тоҷикистон, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо иброз менамоям.
Ҳамчунин, қаноатмандии худро аз риштаҳои мустаҳками бародарии исломӣ, ки мардумони кишварҳои моро ба якдигар мепайвандад ва муносибатҳои ду кишварро дар масири ҳамкории самарабахш ва ҳамбастагии фаъол таҳким мебахшад, изҳор менамоям. Дар баробари ин, алоқамандии худро ба фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкими муносибатҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо, ки ҷавобгӯйи хостаҳои ду миллати бародар мебошанд ва дар мустаҳкамсозии фаъолиятҳои исломии муштарак саҳм мегузоранд, таъкид менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз, волотарин қадршиносии маро пазиро бошед».

Президенти Ҷумҳурии Демократӣ - Сотсиалистии Шри-Ланка Майтҳрипала Сирисена дар табрикоти худ гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Демократӣ - Сотсиалистии Шри-Ланка сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои некро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоям.
Итминон дорам, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар, ки зимни ташрифи Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Шри - Ланка эҳё гаштанд, ба манфиати муштарак хоҳад буд.
Бо ибрози ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъда ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар табрику таҳнияти Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ омадааст:
«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиб табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз намоям.
Муштаракоти ғании динӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳои бо ҳам бародари мо равобити дӯстонаи миёни кишварҳои моро тавсеа додааст. Ман аз густариши ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро ба нафъи миллатҳои мо медонам.
Ман зимни ризоият аз равобити мавҷуд миёни кишварҳои мо орзу дорам ин равобит бо гузашти замон танаввӯъ ва таъмини бештар ёбад.
Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи ман аст».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам, табрикоти самимонаи худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоям.
Покистону Тоҷикистон дорои муштаракоти деринаи динӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ мебошанд. Сарфарозам, қаноатмандии худро аз тақвияти робитаҳо дар тӯли ин солҳо изҳор намоям ва бовар дорам, ки онҳо дар асоси уҳдадориҳои муштарак ҷиҳати густариш ва вусъат ёфтани бештари ҳамкориҳои дуҷониба идома меёбанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, пешравӣ ва шукуфоиро орзумандам.
Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми самимии худ ба Шумо ғанимат мешуморам».

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов дар барқияаш навиштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Боиси хушнудист, ки ба муносибати Ҷашни миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимии  худро ирсол медорам.
Итминон дорам, ки сатҳи баланди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, ки байни кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст, барои рушди рӯзафзуни минбаъда ва таҳкими муносибатҳои мутақобилаи кишварҳоямон ба манфиати мардумонамон заминаи пойдор мегардад.
Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо самимона саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбиҳо орзумандам. Хоҳишмандам табрикоти гарму ҷӯшон ва таманниёти беҳтарини сулҳ ва некуаҳволиро ба мардуми дӯсти Тоҷикистон расонед».

Серҷио Маттарелла, Президенти Ҷумҳурии Италия, зимни табрикоти худ овардааст:
«Изоҷат фармоед аз номи худам ва аз номи мардуми Италия ба муносибати Ҷашни миллӣ табрикоти самимитарини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ирсол дорам.
Дар соли 25 - умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ изҳори умед мекунам, ки робитаҳои судманди мавҷудаи кишварҳоямон баъдан низ дар роҳи таҳкими минбаъдаашон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ идома меёбанд. Мутмаинам, ки ин ба шарофати ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи уҳдадориҳои нави он оид ба таъмини субот, некуаҳволӣ ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.
Дар рӯҳияи ин дӯстӣ иҷозат фармоед бори дигар ба Шумо хушӣ ва ба мардуми Тоҷикистон некуаҳволӣ орзу намоям!».

Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Арманистон, Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Кишвари Шумо ҳувияти миллӣ ва анъанаҳои беҳамтои худро нигоҳ дошта, роҳи таъмини рушди устувор ва шукуфоии давлат, баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеша кардааст.
Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, муносибатҳои эҳтироми тарафайн ва ҳусни таваҷҷуҳи самимии мардумонамон барои тавсеаи мунтазами ҳамкории байнидавлатии дорои иқтидори бузург заминаи пойдор мегарданд.
Сафари расмии моҳи июли соли равон анҷомдодаи Шуморо ба Арманистон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамгироии дуҷониба такони муҳим бахшид, бо самимият ёд мекунам. Итминон дорам, ки муколамаи созанда дар сатҳи баланд минбаъд низ ба рушди шарикии Арманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо равона мегардад.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Мехостам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро изҳор намоям.
Самимона умедворам, дӯстӣ ва ҳамкории мо, ки солҳо дар соҳаҳои гуногун устувор гардидаанд, барои баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардумонамон боз ҳам таҳким меёбанд.
Имсол рамзист, зеро ки мо 25 - солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямонро таҷлил мекунем. Шуморо аз самими қалб бо ин санаи муҳим табрик менамоям ва итминон дорам, ки муносибатҳои мутақобилаи байни кишварҳоямон бардавом рушд мекунанд.
Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам таманниёти беҳтарини маро, таманниёти саломатии бардавом ба Шумо ва шукуфоии бепоёнро ба давлати Шумо бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалис-тии Ветнам Чан Дай Куанг дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва аз номи мардуми Ветнам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гӯям.
Ветнам ҳамеша ҳодисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар самти рушди кишвар таҳти роҳбарии Шумо хушҳол аст.
Кишварҳои мо соли 2017 25 - умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Изҳори умед мекунам, ки бар асоси натиҷаҳои ноилшуда мо ба хотири таҳким ва рушди муносибатҳои анъанавӣ ва дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ветнам ва Тоҷикистон ба манфиати мардумони ду давлат барои сулҳ, некуаҳволӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои беназир орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шумо ва кулли мардуми Тоҷикистонро аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам бо Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.
Дӯстӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон анъанаҳои бой дорад. Мутмаинам, ки сатҳи баланди кунунии муносибатҳои байнидавлатии мо барои тақвияти ҳамкории мо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамеша заминаи пойдор мегардад.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳо, ба Тоҷикистони дӯст сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ҷашнгирии Иди миллӣ  имконияти хеле муносиб барои ман аст, то ба Ҷаноби Олӣ аз номи Шӯрои Федералӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишваратон таҳвил намоям.
Боварии комил дорам, ки эътимоди мутақобила ва дӯстие, ки аз он кишварҳои мо баҳра мебаранд, дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.
Хоҳишмандам, эҳтироми маро қабул фармоед».

Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нйето, Президенти Ҷумҳурии Словакия – Андрей Киска, Раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус, Валиаҳд - муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II ибн ал Ҳусайн, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бинни Зойид оли Наҳён, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ, Президенти Украина – Пётр Порошенко, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай – Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Патриархи Москва ва кулли Русия Кирилл ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати Ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 74

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед