logo

сиёсат

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ

Шоми 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ - бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.
Сарвари давлат зикр доштанд, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол ба шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои ҷумҳурӣ ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт таъкид доштанд, ки халқи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар - саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг, таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.
Дар охири суханронии хеш бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва бо умеди гиромидошти муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.
Барномаи театришудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.
Чунин тадбирҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори Ҷашни миллӣ - 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар ва берун аз он ба таври хос баргузор гардиданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 272

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед