logo

иқтисод

ВАХЁ. СОЛИ ДЕҲҚОН ОМАД

Дар минтақаҳои поёнии   ноҳияи Дарвоз ҳамасола аз киштзор ду - се ҳосил, аммо дар  хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ ва хусусии  Ҷамоати деҳоти Сағирдашт  бо сабаби сардии ҳаво аз заминҳо танҳо як ҳосил мегиранд. Деҳқонон аз он хушнуданд, ки ҳосили заминҳо имсол хеле хуб аст. 
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Роғак», Наврӯз», «Дарвоз», ба номи Зиёратшо Воҳидов, «Висхарв» ва «Зартеғ» - и ноҳия ғундоштани ҳосили нахустини  майдонҳои кишт пурра ба охир расида, меваи дарахтони зардолу, гелос, олуболу ва шафтолуву тут низ саросар ҷамъоварӣ шуд. Ҳоло  аҳли деҳот ба ғундоштани  ҳосили   кишти такрорӣ омодагӣ мегиранд. Ҳамчунин,  дар қисмати ҷанубу ғарбии ноҳия ҷамъоварии  ҳосили анору анҷир, ангур ва  лимӯи гармхонаҳо  хуб ҷараён дорад. Дар  хоҷагиҳои кооперативӣ, зотпарварӣ ва деҳқониву хусусии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт имрӯзҳо ҷамъоварии картошкаву сабзавоти дигар  ва дар мавзеъҳои Қалъаи Ҳусайну Пастироғ ва Лангарову Дашти Шер  чидани меваи боғот оғоз шудааст. Ба гуфтаи раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашт Бегиҷон Алиев, ҳосили картошкаву сабзавот имсол нисбат ба солҳои пешин, алалхусус дар заминҳои даштҳои Мурғобӣ, Лангаро, мавзеъҳои Сафедорон ва Лухч, хубтар аст. Деҳқонон аллакай ҳосили бештар аз 40 гектар картошказор ва 12 гектар сабзавоти дигарро анҷом дода, аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна  340 - сентнерӣ картошкаи хушсифат ва қариб 380 - сентнерӣ сабзавот  рӯёнданд. Мавриди ёдоварист, ки картошка ва сабзавоти  водии Вахё аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза мебошад, зеро деҳқонон ба заминҳо танҳо пору андохта,  доруҳои кимиёиро   истифода   намебаранд. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2017    №: 192    Мутолиа карданд: 66

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед