logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. МАНФИАТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи  даҳ соли пас аз қабул барои баланд бардоштани некуаҳволӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ ва зиёдаравиҳо мусоидат намуд. Чанде пеш ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки онҳо аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирӣ ва ҳамовозии амиқ пайдо намуданд. Вобаста ба ин мавзӯъ, бархе аз намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ба хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» андешаҳои худро иброз доштанд.

Файзулло Баротзода,
директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирӣ намудани ҳама гуна худнамоӣ, зоҳирпарастӣ ва маҳдуд намудани чорабиниҳое мебошад, ки ба анъанаҳои  миллӣ ва динӣ иртиботе надоранд. Меъёрҳои наве, ки доир ба амали ин қонун ба эътибор гирифта шуда, таҷдиди назар гардиданд, аслан чанд мавзӯи калидии маъракаҳои хурсандию азодориро дар бар мегиранд. Масъалаи аввале, ки ба назари мо тағйироти ҷиддии дуруст буд, баргузории тӯйи хатнасур мебошад. Дар ҳамаи динҳои иброҳимӣ хатнасур як амалиёти пизишкии одӣ аст, ки ҳангоми дар таваллудхона будани кӯдак амалӣ карда мешавад.

Вале бо таъсиргузориҳои фарҳангу тамаддунҳои гуногун дар кишвари мо ин чорабинӣ бо номи «зодрӯзи кӯдак» як маъракаеро ба вуҷуд овард, ки бо хароҷоти зиёд баргузор мегашт. Акнун, тибқи тағйироту иловаҳои воридгашта, волидон метавонанд маросими хатнаро дар таваллудхона гузаронанд, ки, бешубҳа, ба сарфаи маблағ  мусоидат хоҳад кард. Масъалаи муҳими дигар баргузории маъракаҳои азодорӣ мебошад, ки онҳо вазнин буданд ва ҳастанд. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти ваколатдор то давраи қабули ин қонун дар тӯли як сол тақрибан 70 чорабинии гуногун вобаста ба маросимҳои азодории се, ҳафт, бист, чил, бегоҳии ҷумъаю душанбегӣ, солшиканону соли буд барпо мешуданд. Аслан тибқи фармудаҳо ва далолатҳои сарчашмаҳои динию мазҳабӣ муддати азо 3 рӯз беш нест. Дар доираи оила бе забҳи чорво сурат гирафтани онҳо ба шахси азодор сабукӣ меорад. Ин ҳам аз нигоҳи шариату мазҳаб ва ҳам инсондӯстию фарҳангсолорӣ айни муддаост.

Моҳира МИРЗОЕВА,
номзади илмҳои филология:
- Қабули қонун дар ҳаёти мардум тағйироти куллиро ба вуҷуд овард. Мо маъракаҳоеро мегузарондем, ки ба онҳо зарурат набуд. Исрофкорӣ зиёд ба назар мерасид. Маросимҳои азои мо азоб буданд, ки тағйироту иловаҳои воридшуда мардумро аз он раҳо кард. Чун ба ҳама маълум аст, ки аҳолӣ на дар як сатҳи иқтисодӣ қарор доранд. Дар масъалаи тӯйи арӯсӣ низ бисёр сабукӣ дода шуд. Он маблағеро, ки барои  маросими оши наҳор ё шабнишинӣ харҷ мекарданд, бо розигии тарафҳо  барои баровардани эҳтиёҷоти оилаҳои нав равона кунанд, ба манфиат мешавад. Мардумро мебояд аз рӯи ақлу хирад кор гирифта, моҳияти масъаларо дарк кунанд. Чи тавре ки мегӯянд, «андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст».

Дилафрӯз РУСТАМОВА,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
- Аз рӯйи мушоҳидаҳо метавон бо бовар арза дошт, ки тағйиру иловаҳои ба қонун воридшуда аз тарафи мардум бо хушнудӣ пазируфта шуданд. Натиҷаи онро, аллакай, дар иди Қурбон мушоҳида кардем. Ҳамчунин, маросимҳое аз байн бурда шуданд, ки барои фарҳанги мо бегона буданд. Ба ин маъракаҳои арӯсталбону домодталбон мисол шуда метавонанд. Ҷои баҳс нест, ки тағйироту иловаҳои воридшуда дар ғанӣ гаштани буҷети ҳар хонадон нақши муассир хоҳад гузошт.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2017    №: 192    Мутолиа карданд: 134

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед