logo

сиёсат

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САНКТ - ПЕТЕРБУРГ, ҲАМБУРГ ВА АФҒОНИСТОН

Дар толори Екатеринаи Қасри Таврики шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бахшида ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қабули расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ наздик ба 300 нафар, аз ҷумла, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ректорони донишгоҳҳо, сарони намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳр,  намояндагони доираҳои илмию эҷодӣ, ҷамъияти тоҷикон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода зикр кард, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот барқарор гашт, дар ҳамаи ҷанбаҳо ислоҳот гузаронда шуд, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъмин гардид. Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - роҳбари котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  А. Сергеев, раиси Кумитаи муносибатҳои хориҷии вилояти Ленинград А. Минин ва дигарон ба халқи шарафманди тоҷик саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон якҷо бо Консулгарии фахрии кишвар дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон доир шуд.
Дар он, ки бо садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардид, доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони парлумони Олмон ва парлумони замини Ҳамбург, намояндаи Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, ҳамватанони муқими ин кишвар ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат варзиданд. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Маликшо Неъматов дар мавзӯи «Истиқлолият - бузургтарин дастоварди миллат» суханронӣ намуда, зикр кард, ки аз баракати сиёсати хирадмандона ва дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тавонист тайи 26 соли соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд. Вакили Парлумони Олмон ҷаноби Юрген Климке дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро дар ҳама ҷанбаҳо назаррас арзёбӣ намуд.
Филм-консерти ба имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшидашуда, хотири иштирокдорони маҳфилро болида сохт. Дар доираи ин ҷашнвора аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрӣ гӯшаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва расмҳо оид ба Тоҷикистон пешкаши меҳмонон гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ки Ҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ бо иштироки як қатор роҳбарони вилояти Бадахшони ин кишвар, тоҷикони муқими ҳавзаи консулӣ, аъзои Анҷумани форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аҳли ҳунар ва фарҳанг хотирмон баргузор гардид.
Дар суханрониҳои волии Бадахшон Аҳмад Файсали Бегзод  ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вилоят муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистон ва Афғонистон бозтоб ёфта, изҳори назар шуд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳрасти авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад ва зербинои онро усули «ҳамсоягии нек» ташкил медиҳад».
Дар ин маҳфили бошукӯҳ намоиши  гулдӯзӣ ва «Гӯшаи Тоҷикистон» бо пешниҳоди китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури меҳмонон гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2017    №: 192    Мутолиа карданд: 347

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед