logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ШУМОРАИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ МЕАФЗОЯД

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар шаҳри Душанбе бунёди иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо маром идома дорад.  Дар маҳаллаҳои шаҳр даҳҳо майдончаи варзишӣ ва макони дилхушӣ барои кӯдакону наврасон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Чунин иншооти варзишию фароғатии хушсохт ба қарибӣ дар назди бинои истиқоматии № 7 - и кӯчаи Балъамӣ (ноҳияи Сино) ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» сохта шуда, аз майдончаи универсалии бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, макони истироҳату фароғати кӯдакон, нишастгоҳҳо ва айвонча барои баргузории чорабиниҳои гуногун иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот 1600 метри мураббаъ буда, бо сарфи маблағи 533 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Раҳматшо Камолов, директори муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзиши оммавии шаҳри Душанбе,  гуфт, ки ба наздикӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, бо масоҳати 2288 метри мураббаъ ва  шаҳраки 14 - уми хиёбони С. Шерозии ноҳияи Сино бо масоҳати 1176 метри мураббаъ, дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо масоҳати 700  метри мураббаъ ва дар кӯчаи Шоҳтемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ иншооти варзишию фароғатӣ барои кӯдакону наврасон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Қаблан баъзе аз ин гӯшаҳо партовгоҳ буданд. Сокинони ин маҳаллаҳо аз бунёди чунин иншооти варзишӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе оид ба беҳтару хубтар намудани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ миннатдоранд.
Инчунин, онҳо бунёди иншооти наву замонавии варзишу фароғатро  дар арафаи Ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд.
Хурсандии кӯдакони хуштолеи маҳаллаҳои гуногуни шаҳр низ аз кушода шудани майдончаҳои хушсохти бозӣ ҳадду канор надорад.  
                                                                             
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 446

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед