logo

иқтисод

НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ ИҶРО НАГАРДИД, ЧАРО?

Мақомоти андози кишвар ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2017» чораҳои иловагӣ андешидаанд.

Ин аст, ки дар нимсола иҷрои нақшаҳои андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 102 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 4 миллиарду 554 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 88,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои ҳамин давраи соли гузашта 399,5 миллион сомонӣ бештар мебошад. 
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳоро  мақомоти андози ВМКБ ба андозаи 111,8 дарсад, вилояти Суғд 108,9 дарсад, шаҳри Душанбе 100,5 дарсад  таъмин карда бошанд ҳам, кормандони андози вилояти Хатлон аз иҷрои нақша баромада натавонистанд.  Ҳамчунин, мақомоти ҳудудии андози  30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла  Ванҷ,  Носири Хусрав, Ховалинг, Фирдавсӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат аз уҳдаи таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ набаромаданд.
Дар ин давра 29 шаҳру ноҳия иҷрои нақшаи андози иҷтимоиро аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ таъмин накарданд.  Аз  уҳдаи иҷрои  нақшаи андози иҷтимоӣ набаромадани бархе нозироти андози шаҳру ноҳияҳо боиси қафомонии пардохти музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва надодани нафақаву ёрдампулиҳо гаштааст.
Муовини аввали раиси Кумитаи андоз А. Солеҳзода дар ин бора чунин гуфт:
- Дар шашмоҳа таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба таъмини сифатноки иҷрои нақша таъсири манфӣ расонд ва дар ин давра нақшаи андоз аз арзиши иловашуда  82,7 дарсад, андози тибқи низоми содакардашуда 98 дарсад ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 96,9 дарсад таъмин гашт, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 213,2 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Сабаби таъмин нагардидани нақшаи андозҳо аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, аз ҷумла пурра татбиқ нашудани муқаррароти қонунгузории андоз, оид ба  пешгирии қонунвайронкуниҳо, сари вақт ва дар сатҳи дахлдор анҷом надодани корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мебошад. 
 Таҳлили нишондиҳандаҳои эъломияҳои андозсупорандагон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бинобар таъсири буҳрони иқтисодӣ ва ногувор будани шароити молиявии андозсупорандагон, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ манбаъҳои андозбандии андози иҷтимоӣ, аз ҷумла даромади дар шакли музди меҳнат ҳисобшуда ва музди миёнаи моҳона зиёд, аммо шумораи коргарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

Мирзои ФИРӮЗ,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 495

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед