logo

иқтисод

КВД «ХӮРОКВОРӢ». ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА ДАР МАДДИ АВВАЛ

«Сахо» - и   ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Спитамен - ойл» - и  ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз ҷумлаи корхонаҳоеанд, ки соли равон дар самти   истеҳсоли маҳсулоти  воридот-ивазкунанда  натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ин корхонаҳо тавассути роҳандозии технологияи муосир ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ равғани баландсифати  ватанӣ истеҳсол намуда, фурӯшгоҳҳои кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин карданд.
Махсум Саидов,  муовини директори  корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ»,  изҳор дошт, ки рушди  саноати хӯроквории кишвар бо истифода аз меваю  сабзавоти маҳаллӣ самараи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда мебошад. Давоми  7 моҳи соли равон дар  корхонаҳои «Сахо» ва «Спитамен – ойл» наздики 5 ҳазор тонна равғани  пахта истеҳсол гардид, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулот нишондоди баланд аст.  Инчунин, дар  вилоят корхонаи  «Ириана»  ба банду басти  маҳсулоти  равған  машғул аст.
Корхонаҳои саноатии кишвар дар истеҳсоли маҳсулоти консервии меваю сабзавот саҳми назаррас доранд. То имрӯз корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти  КВД «Хӯрокворӣ» қариб  2 ҳазор тонна маҳсулотро коркард намуданд.  Ҳамчунин,  барои нигоҳдории маҳсулоти консервӣ – шарбатҳои   зардолу, олу, гелос, қайлаи помидор, пиёзи анзур ва помидору бодиринг   зиёда аз 10 миллион қуттӣ  истеҳсол  гардид.  Дар самти афзоиш  додани  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти  коркардшуда     ҶДММ «Субҳи ватан» ва  ҶСП «Зокирхӯҷа Ҳасанов»  - и шаҳри Исфара саҳми назаррас доранд. 
Аз аввали сол то ҳол қариб 6 миллион шиша  нӯшокиҳои ташнагишикан ва обҳои маъданӣ истеҳсол  гардид,   ки  назар  ба ҳамин давраи  соли гузашта 19 дарсад зиёд аст. Дар корхонаи «Оби зулол»  - и шаҳри Истаравшан истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи  тетропакт  (намуди шарбат), ки дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар серхаридор аст,   роҳандозӣ шуд.   Масъулони соҳа  мақсад доранд, ки  технологияи  истеҳсол ва бандубасти   маҳсулоти воридотивазкунандаро такмил дода, бо ин роҳ баробари таъмини аҳолӣ бо маҳсулот ашёи хоми ватаниро ба таври зарурӣ коркард намоянд. Бо  ин мақсад дар корхонаҳои «Субҳи ватан», «Сирдарё» ва «Зода» - и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  иваз  кардани хатҳои истеҳсолӣ ва таҷҳизоти бандубасти маҳсулот оғоз гардидааст. 

Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 476

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед