logo

фарҳанг

МУТЕУЛЛО НАҶМИДДИНОВ ВА ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК

Саҳифаҳои бо мурури замон зардшудаи солҳои 50 – 60 - уми рӯзномаи овозадори  “Тоҷикистони  советӣ” (ҳоло  “Ҷумҳурият”) - ро варақ мезанаму бештар чашмам ба  имзои  Мутеулло  Наҷмиддинов меафтад.  Силсилаи лавҳаю очеркҳои  муаллиф  саҳифаҳои рӯзномаро оро додаанд.  Очеркҳои машҳури адиби публисист “Шаби чӯпони куҳансол”,  “Фарзанди охирин”, “Подоши “мукофот”, “Азоби дурӯғ”, “Марди неканҷом”, ”Бародарон” маҳз ҳамон солҳо интишор ёфтаанд ва  номи  Мутеулло  Наҷмиддиновро чун рӯзноманигори  хушсалиқаю  ояндадор  муаррифӣ намудаанд.

Бештари  фаъолияти адабӣ - публитсистии Мутеулло Наҷмиддинов  дар  рӯзномаи  “Тоҷикистони советӣ” гузаштааст ва кор дар ин рӯзномаи  бонуфуз барои нависанда  хеле  айёми бобарор ва  ҷустуҷӯйҳои  эҷодӣ маҳсуб меёфт. Маҳз ҳамон давра   ӯ ҳамчун рӯзноманигор дар матбуот тарбия ёфта, сиру асрори  рӯзнома ва  иншои очерку мақола ва лавҳаю дигар  жанрҳои  адабиро хуб омӯхт. Ба кӯҳистон ва бойигариҳои  табиат ва  муҳити зист сахт дилбастагӣ пайдо кард. Бахусус,  бо нахустин очерку лавҳаҳои худ аз ҳаёти  кишоварзон,  чӯпонон ва мардуми деҳот  собит намуд, ки метавонад дар оянда дар ин мавзӯъҳо  асарҳои калонҳаҷм эҷод созад.
Сафарҳои эҷодӣ ба ӯ имконият медоданд, ки ба ноҳияҳои гуногун сафар намояд ва ҳаёти мардумро пурра омӯзад. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳои  пайвастааш буд, ки соли 1964 нахустин  маҷмӯаи ҳикоя  ва очеркҳои  ӯ бо номи “Одамони сарбаланд” аз нашр баромад. Ҳамон солҳо  ӯ очерке бо номи “Якраҳа” аз нашр баровард, ки  аз ҳаёти раиси колхоз Бободӯстов ва мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Карима Сангинова ҳикоят менамуд. Очерк хеле ҷолиб иншо шуда буд ва хонандагон онро хуш пазируфтанд.
Баъдтар Мутеулло  Наҷмиддинов повести машҳураш “Дарё маҷрои нав меҷӯяд”- ро эҷод намуд, ки давоми мантиқии ҳамон очерк мебошад. Ин повест соли 1970 ба забони русӣ низ бо теъдоди калон ба нашр расида, ба муаллиф шуҳрати зиёде овард. Повести  “Дарё маҷрои нав   меҷӯяд” бо  амалиёти  пурмоҷарое шурӯъ гардида, заминаи он муборизаи наву куҳна, ақидаҳои гуногун мебошад. Қаҳрамонони қиссаро танҳо ҳалолкорӣ ва пешаи дурусту фаъолияти нек ба ҳам овардааст.
Дар повест ҳаёти Карима пурра тасвир меёбад .
Ӯ ҷавонзани  зебоест ва бо ҳамроҳии  духтарчааш Лола  саргузашти омӯзандае дорад. Симои Карима  чун зани оқилаву ҳақиқатпараст таҷассум меёбад.  Ӯ дар истеҳсолот ҳамеша пешсаф мебошад. Роҳбари хоҷагӣ Бободӯстов Каримаро бис-ёр меозмояд ва  мехоҳад ӯро забонкӯтоҳ намояд. Карима  дар асар симои зани матину боиродаи тоҷик  мебошад.
Дар повест  тасвири олами ботинии Карима ва андешаҳои вай  дар пешорӯи ҳаёт хеле ҷаззоб  ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Повести “Пайраҳаи шинос”  асари дилкаши бачагона буда, пурра ба мавзӯи ҳифзи табиати  диёр ва шоҳкориҳои он бахшида шудааст. 
Воқеоту ҳодисот аслан дар табиати васеъ ба амал меоянд. Нависанда хислату характер ва муносибати мактабиёнро дар табиат инъикос менамояд  Ин ҷо манзараи моҳидорӣ ва бераҳмӣ нисбат ба мавҷудоти табиат ва шикори беасоси моҳӣ оварда шудааст. Нависанда бо ин роҳ гуфтанист, ки дар ҳама давру замонҳо  ҳифзи табиат масъалаи ҷиддӣ мебошад. Зеро, ба ақидаи адиб, инсон як ҷузъи ҳамин табиат мебошад. Ва бояд мувозинати онро ҳамеша нигоҳ дорад.
Асарҳои адиб дар қолаби  публитсистикаи бадеӣ иншо шудаанд ва  аз маҳорати  баланди нигорандагии ӯ  башорат  медиҳанд. Масалан, вай дар   очерки  “Шаби  чӯпони куҳансол”  фасли тирамоҳи зарринро бисёр ҷаззобу дилфиреб ба риштаи тасвир мекашад. Дар нигоштаҳои  Мутеулло  Наҷмиддинов  ҳар сангу ниҳоли талу пуштаҳо ба худ мазмуну эътибор доранд. Садои кӯҳу дара ва овози гӯсфандон бо ҳам ҷӯр мешаванд: “Офтоби тиллоранги тирамоҳ ба талу теппаҳои соҳили рости дарёчаи  Лучоб шаъшаапошӣ мекард. Дар домана ва нишебиҳои теппаҳои он ҷо садҳо гӯсфандони сафеди маҳинпашм аз замин  сар набардошта мечариданд. Мӯйҳои маҳини абрешимини гӯсфандон дар партави офтоби ғурубкарда ҷило медоданд.”
Мутеулло Наҷмиддинов шояд ягона публисисте мебошад, ки перомуни  ҳаёти чӯпонон ва  рӯзгори онҳо очеркҳои  муассир таълиф намудааст. 
Аз мутолиаи асарҳои Мутеулло  Наҷмиддинов бармеояд, ки ӯ  дилдодаи табиат ва муҳити зист будааст. Дилбастагияшро ба табиати нозанин  дар ин очерк чунин баён доштааст:  “Чӣ қадар табиат зебост. Шумо, чӯпонамак, ҳазорон бор баромадани офтобу моҳи мунирро пешвоз  гирифтаед. Моҳ ҳам, офтоб ҳам нахустин бор ба шумо ханда мекунанд. Бисёр одамон аз ин кайфияти табиат бебаҳра мемонанд. Ҳавои софи беғубор низ якумр насиби шумо шудааст”. Насиби публитсист ва рӯзноманигори хушсалиқаи тоҷик Мутеулло  Наҷмиддинов  бошад, осори адабӣ - публисистияш аст, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд.
Маҷид САЛИМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 529

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед