logo

иқтисод

БАХШИ АГРОСАНОАТӢ БАРНОМАИ ИЛМАН АСОСНОКИ ИСЛОҲОТРО ТАҚОЗО ДОРАД

Солҳои аввали  пош хӯрдани Иттиҳоди  Шӯравӣ системаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ рӯ ба таназзул ниҳод.  Аз байн рафтани пойгоҳи  моддӣ – техникӣ, маҳсулнокии пасти меҳнат ва истифодаи усулҳои қафомондаи  истеҳсолот сабабҳои ба вуқӯъ омадани ин ҳолат мебошанд.  Ин вазъ ба  кандашавии муносибатҳои байни хоҷагиҳо ва аз байн рафтани низоми марказонидашудаи таъминоти маҳсулот ва  инфрасохтори  бозаргонӣ оварда расонд.
Барои Тоҷикистони соҳиб-истиқлол баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар шароити кунунии иқтисоди бозорӣ  яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Барои ҳалли масъалаи мазкур равнақ  додани фаъолияти корхонаҳои  агросаноатӣ зарур мебошад. Бинобар ин, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ самти афзали сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат муқаррар гардидааст. Зеро ҳолати вобастагӣ аз  маҳсулоти воридотӣ  то рафт хавфнок гардида, ба  иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин  ҳолат таъмини саривақтию бехатари  аҳолӣ бо маводи ғизоӣ  амри маҳол аст. Ислоҳоти  соҳаи агросаноатӣ дар раванди батадриҷ рушд кардани технология ва соҳаҳои иқтисодиёт нақши ҳалкунанда мебозад.
Ислоҳоти соҳаи агросаноатӣ  бе таҳлили талаботи ояндаи сохтори иқтисодию  кишоварзӣ имкон надорад. Соҳаҳои   агросаноатӣ  ба ҳамдигар сахт алоқаманданд. Онҳо аз бахшҳои  таъмини захираи маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва  коркарди саноатии он таркиб ёфтаанд. Айни замон  пешрафти муносибатҳои бозаргонӣ  дар бахши истеҳсолоти агросаноатӣ тақозо менамояд, ки истеҳсолгарон  сифати маҳсулотро баланд бардоранд.  Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ низ барои  мукаммалсозии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва барпо намудани пойгоҳи  коркарди ашёи хоми ҷумҳурӣ равона гардидаанд.  Аз ҷумла, ба ҳар як намуди зироат ва чорво  ҳамчун  категорияи муҳими иқтисоди миллӣ муносибат карда мешавад. 
Масъалаҳои  баланд бардоштани истеҳсолоти соҳа, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва  рафъи бархе мушкилиҳо барномаи илман асоснокшудаи ислоҳотро дар ин самт  талаб менамоянд.  Равнақ  бахшидани  истеҳсолоти кишоварзӣ, таҳлили мунтазами муносибатҳои бозаргонӣ, аз ҳолати қарздорӣ баромадани корхонаҳо ва таъмини мустақилияти истеҳсолкунандагони ватанӣ самтҳои асосии ислоҳоти агросаноатиро ташкил  медиҳанд. Ҳамчунин, идораи давлатии фаъолияти корхонаҳо дар  соҳаҳои зотпарварӣ, селексия, тухмипарварӣ ва истеҳсоли маводи парҳезии озуқаворӣ дар мадди аввал бояд қарор дода шавад.
Гузарондани чунин чорабиниҳо барои устувории фаъолияти  хоҷагиҳо ва  бартараф кардани баъзе норасоиҳо дар системаи маҷмааи агросаноатии ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ба ин васила  таъмини захираи  молиявӣ, дастрасӣ ба ашёи хом, коҳиш додани талафоти маҳсулот ва  баланд бардоштани даромаднокии соҳаи агросаноатии кишвар   имконпазир мегардад.  
Фаррух АБДУВОСИЕВ,
ходими илмӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 340

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед