logo

иқтисод

БАРҚ. НАПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ ИСТИФОДА МУШКИЛИ РАҚАМИ 1

Ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон иқтидорҳои манбаъҳои энергетикӣ ба кор омода карда мешаванд, то ин ки аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо дар мавсими сармо бо барқ таъмин бошанд. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ сари вақт пардохт накардани маблағи барқи истифодашуда мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад, дар ҳоле ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда ҳам ба манфиати соҳа ва ҳам ба манфиати аҳолии мамлакат аст.
Бино ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик», пардохт нагардидани  маблағи барқи истифодашуда аз тарафи истифодабарандагон ба вазъи молиявии ширкат  таъсири манфӣ расонда, барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ душвориҳо пеш меорад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми фоиданоки энергияи барқи ба муштариёни ҷумҳурӣ интиқолшуда ба 6 миллиарду 786,7 миллион кВт - соат баробар шуд, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта 219,9 миллион кВт - соат зиёд мебошад. Аммо ҷамъоварии маблағи фурӯши энергияи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар ин давра 854 миллион сомониро ташкил дод.
- Айни ҳол яке аз проблемаҳои асосии ШСХК «Барқи тоҷик» ҷамъоварии маблағ мебошад. Новобаста ба дастгириҳо ва тарифи имтиёзнок, дар семоҳаи дуюми соли равон корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳамагӣ ба маблағи 588,4 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки ин 3 дарсади маблағро ташкил медиҳад, - гуфт М. Исмоилзода.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо қарзи дебитории ширкати «Барқи тоҷик» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 201 миллион сомониро ташкил дода, қарзи умумии дебиторӣ дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2017 ба 1 миллиарду 796 миллион сомонӣ баробар шудааст, аз ҷумла қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 101,8 миллион,  хоҷагиҳои кишоварзӣ 122,8 миллион, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 26,5 миллион, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 39,2 миллион, КМ «Тоҷиккимиёсаноат» 19,4 миллион, Комбинати маъдантозакунии кӯҳии Адрасмон 5,3 миллион, аҳолии ҷумҳурӣ 768 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади рӯёндани қарзҳои дебиторӣ дар ин давра ба 1295 муштарии қарздор ба маблағи зиёда аз 63,3 миллион сомонӣ иддао пешниҳод гардид, ки аз ин маблағ 21,8 миллион сомонӣ (34,4 дарсад) ба суратҳисоби ширкат ворид шудааст. Ҳамчунин, вобаста ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ қарз ба мақомоти прокуратура мавод ирсол гардида, аз он маблағи 5 миллион сомонӣ тавассути ҳукми суд рӯёнда шуд.
-  Дар нимаи аввали соли 2017 ширкати «Барқи тоҷик» вобаста ба уҳдадориҳои молиявии худ андозҳои ҷумҳуриявиро 173,4 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барои хариди барқ ба НБО - ҳои «Сангтӯда - 1» 135,2 миллион ва «Сангтӯда - 2»  60,4 миллион, барои хариди мазуту ангишт 76,6 миллион сомонӣ пардохт шудааст.
То 1 июли соли ҷорӣ қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андозҳо 185,7 миллион, аз ҷумла қарзи асосӣ 97,4 миллион ва фоизҳои ҳисобшуда 88,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Оё бо чунин вазъи душвори молиявӣ таъмиру навсозӣ ва сари вақт омода намудани тамоми системаи энергетикии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистон имконпазир аст? Ин суолест, ки баҳри посухи он ҳар як сокини кишвар, роҳбарони вазорату корхона, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бояд андеша намоянд. Ҳифзу ҳимояи истиқлолияти энергетикии  кишварамон, ки бо ҷаҳду талош ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба даст оварда истодаем, вазифаи ҳар як сокини мамлакат мебошад. Зеро бе истиқлолияти энергетикӣ пешрафту тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии хубу шоистаи ҳар як сокини кишвар имконнопазир мебошад, - гуфт дар охир М. Исмоилзода.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 366

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед