logo

иқтисод

БА ДЕҲОТИ МО КАЙ ОБ МЕОЯД?

Хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд бо номи «Боғу токзорҳо нобуд мешаванд»  аз номи Қиёмиддин Машрафов, сокини деҳаи Сӯфӣ Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, нома гирифт. Муаллиф дар бораи мушкилии беш аз 8 ҳазор нафар аҳолии деҳа - набудани оби ошомиданӣ ва басанда набудани оби полизӣ навиштааст.

- Деҳаи мо ҳамагӣ панҷ километр дур аз маркази шаҳр ҷойгир бошад ҳам, солҳост, ки мушкилии беобӣ ҳалли худро пайдо намекунад ва ҳар бор дарахтони аз беобӣ хазонгашта, майдону токзорҳои хушкидаро дида, аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад. Охир дар замонаш бобою падаронамон бо ҳазор нияти нек ин маконро сабзу хуррам гардонда, боғҳоро бунёд кардаву осудагии рӯзгори хешро аз ҳамин ҳисоб ёфтаанд.  Ҳосили себу ангури фаровони хуштамъу қандини ин боғҳоро на танҳо мардуми Истаравшан, балки аксари мардуми ҷумҳурӣ чашидаанд. Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ низ  шавқу завқи мардуми деҳ ҷиҳати парвариши боғу ток кам нашудааст, вале мушкилӣ - кофӣ набудани оби полизӣ намегузорад, ки ин соҳа аз нав эҳё ва ривоҷу равнақ ёбад. Солҳои охир бинобар кофӣ набудани об  боғу токзорҳо нобуд мешаванд. Зиёда аз ин, набудани оби ошомиданӣ хурду калони деҳаро дучори ташвишу саргардонӣ намудааст. Муроҷиатҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят то имрӯз самари дилхоҳ набахшиданд, - омадааст дар нома.
Ҷиҳати пайгирӣ аз ин муроҷиати шаҳрванд ба шаҳри Истаравшан сафар кардем.
Ҷамоати Зарҳалол аз ҷумлаи калонтаринҳо дар Истаравшан ба ҳисоб рафта, шумораи аҳолиаш аз 35,5 ҳазор гузаштааст. Сӯфӣ Ориф асосан аз ҳисоби кори муътадили пойгоҳи обкашӣ аз самти Каттасой бо оби полизӣ таъмин мегашт, ки ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ кардааст. Табиист, ки бо гузашти солҳо бар асари фарсудашавии таҷҳизоти обкашӣ ва омилҳои дигар - азхуд шудани заминҳои наву афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ дар масъалаи оби нӯшиданиву полизӣ мушкилӣ пеш омадааст.
Шавкат Мавлонов, раиси Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, дар ҷараёни суҳбат таъкид намуд, ки ба наздикӣ сари кор омадаасту албатта, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи пешгузоштаи аҳолӣ дар талош хоҳад шуд.
- Камбудиҳое, ки муаллиф дар мактубаш овардааст, дар ҳақиқат, ҷой доранд, - гуфт Шоакбар Ҳамидов, котиби Ҷамоати деҳоти Зарҳалол. - Вале ин маънои онро надорад, ки масъулини мақомоти маҳаллӣ дар деҳот ҷиҳати ҳалли ин мушкилиҳо талош надоранд. Ба хотири таъмини аҳолии ин деҳа аз ҷониби идораи сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ якҷо бо Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби хоҷагиии деҳқонии Сӯфӣ Ориф лоиҳае таҳия шудааст, ки мутобиқи  он аз масофаи 8 километр тавассути лӯлаҳо  ба деҳа об ҷорӣ мешавад. Кор оғоз ёфта, то имрӯз наздики 400 метр лӯла хобонда шудааст. Аммо суръати сусти ҷараёни сохтмон ва маблағгузории номуътадил мардумро ба ташвиш овардааст. Тарафи дигари мушкилӣ ин мавҷуд набудани оби ошомиданӣ мебошад.
Шофозил Ҳамидов, сокини деҳа, иброз дошт, ки дар ин самт низ аз ҷониби  муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» - и КВД «Хоҷагии манзилӣ - коммуналии ҷумҳурӣ» лоиҳа тасдиқ шуда, ҷиҳати татбиқи он барои се сол ба миқдори 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ маблағ муайян гашта  бошад ҳам, аммо  ҳанӯз корҳо оғоз наёфтаанд, сокинон як мошин обро бо нархи 50 - 100 сомонӣ мехаранд.  
Вазъ тақозо дорад, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва сохтору идораҳои дахлдори соҳа ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти сокинони деҳаи Сӯфӣ Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд. Охир соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасӣ ба оби нӯшокӣ» эълон шудааст.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 335

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед