logo

иқтисод

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ТОҶИКИСТОН ДАР "ЭКСПО – 2017"

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2017», ки дар шаҳри Остона – пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон се моҳ идома ёфт, павилйони Тоҷикистон сазовори ҷои якум ва ҷоизаи асосӣ – медали тиллои намоишгоҳ гардид.
Намоишгоҳи ҷаҳонии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО – 2017» таҳти шиори «Энергияи оянда» («Энергияи сабз») 10 июни соли равон дар рӯзҳои баргузории саммити сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигар роҳбарони аввали давлатҳои аъзои СҲШ ифтитоҳ ёфт. Дар намоишгоҳ беш аз 100 кишвар, теъдоди зиёди ширкат, ниҳодҳои соҳавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дастовардҳои беҳтарини худро дар соҳаи энергияи оянда – «Энергияи сабз» дар маърази тамошо гузоштанд.
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз Палатаи савдою саноати кишвар иттилоъ доданд, павилйони Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини оғози кор ҳамчун гӯшаи сертамошобинтарин  довталаби асосӣ барои ҷоизаҳои намоишгоҳ будани худро собит намуд. Тайи се моҳ павилйони Тоҷикистонро беш аз 400 ҳазор нафар, аз ҷумла сарони кишварҳо, вазирон, ҳайатҳои расмии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, роҳбарони идораҳои соҳаи энергетикаи давлатҳо ва ширкату созмонҳои байналмилалӣ, тамошо карданд.
9 сентябр дар толори асосии намоишгоҳ - «Энергия ЭКСПО - 2017» маросими ҷоизасупорӣ баргузор  гардид. Бюрои байналмилалии намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро барои ибтикори шахсӣ ва омода намудани шароити арзанда ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани намоишгоҳ ва павилйони Тоҷикистонро барои рӯнамоии беҳтарини мавзӯи асосии намоишгоҳ ба ҷоизаҳои асосӣ – «Медали тиллоӣ» сазовор донист. Дар бахшҳои дигари мавзӯии намоишгоҳ давлатҳои Олмон, Финландия, Россия ва Қатар низ ҷоизаҳои тиллоӣ ба даст оварданд.
Дар сатҳи баланд, бо консепсияи мавзӯӣ, истифодаи макетҳои олисифат, экранҳо, видеоролику аксҳо, китобу брошюра, дискҳо, маводи иттилоотӣ ва тарҳҳои гуногун (аз ҷумла ороиши гӯшаҳои таърихию фарҳангии «Ҳулбук», «Аҷинатеппа») рӯнамоӣ намудани иқтидорҳои энергетикӣ, захираҳои обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, харитаи захираҳои обию гидроэнергетикӣ, барномаи минтақавии "CASA – 1000», имконоти фарохи сайёҳӣ, истифодаи технологияи олии ороиши павилйон дар мавзӯи «Оби равон», фурӯши армуғонҳо, сангҳои ороишӣ, намоиши раванди татбиқи пешниҳодҳои арзишманди дорои аҳамияти ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 - 2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 - 2028), гузарондани конфронс, семинар, машварату вохӯриҳо барои ба ин ҷоизаи муътабар ноил шудани Тоҷикистон асос гардиданд. Тоҷикистон бо истифода аз ин имкони мусоид иқтидорҳои беназири энергетикӣ ва сайёҳии худро ба ҷаҳониён намоиш дод.

С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 398

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед