logo

фарҳанг

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

Таърихи инсоният шахсиятҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки дар тақдири ин ё он халқу миллат нақши ҳалкунанда бозидаанд. Садриддин Айниро метавон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои таърихӣ номид. Ӯ ҳамчун донишманди қомуснигор дар бунёд ва ба шаклдарории соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоии замони худ пешгомӣ намуда, ба пешрафти онҳо асос гузоштааст. Аз ҷумла, дар тозагии забони тоҷикӣ ва пос доштани он дар сафи пеш қарор доштааст.
Ҳарчанд муносибати Айнӣ ба забон дар айёми ҳамкорӣ бо «Шуълаи инқилоб» зимни навиштани мақолаҳои публитсистӣ шурӯъ гардида бошад ҳам, ҳангоми дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ходими адабӣ фаъолият кардан амиқтар мешавад. Дар кори таҳрир ба ӯ, аз як тараф, донишу малака, аз сӯйи дигар, ақлу заковат кор медод. Ба таъбири Раҳим Ҳошим, гарчанде забони русиро хуб намедонист, аммо аз рӯйи мантиқ ва услуб зуд камбудиҳои мутарҷимонро ошкор ва ислоҳашро талаб менамуд. Ин усул ҳам дар таҳрир ва ҳам дар тақризҳои устод моҳирона истифода шудааст. Дар муайян намудани ҳусну қубҳи китобҳои тозанашр устод ба хусусиятҳои мундариҷавӣ эътибор дода бошад ҳам, бештар ба услубҳои забонӣ таваҷҷуҳ намудааст. Масъалаи забони асар ба назари Айнӣ, аз як тараф, тарзи ифодаи фикр ва услуби баён бошад, аз сӯйи дигар, истифодаи калимаҳои тоҷикӣ ва ба ин васила беолоиш нигоҳ доштани забони адабӣ ва публитсистӣ аз ҳар гуна калимаҳои бегонаи номашҳур будааст. Чунончи дар тақриз ба китоби «Ҳисоб» (тарҷумаи С. Ализода) ба тозагӣ ва ва содагии забони он бештар аҳамият дода, аввал ба калимаҳои номашҳур чун: кунгуз, канду, чайла ва амсоли ин эрод гирифта, муодилоти дурусти ин калимаҳоро бо шарҳу тавзеҳ нишон додааст. Як хусусияти усули таҳлили устод Айнӣ дар он аст, ки ҳангоми рад кардани нодурустии калима ва ё бегона будани он ба далелҳо такя мекунад, мисолҳо меорад ва ба ин роҳ фикрашро асоснок менамояд.
Дар даҳсолаи 1920 таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф маҳсуб меёфт. Доир ба ин масъала устод Айнӣ дар мақолаҳои «Масъалаи маориф ва китоб», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» ва амсоли ин андеша ронда, мактабу маорифро «воҷибтарин масъала» ва «ҳаёту мамоти халқи тоҷик» номида, таъкид намудааст, ки «Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст». Проблемаи асосии китобҳои дарсӣ ба кадом шева навиштани онҳо мебошад. Устод Айнӣ бо далели он ки дар шаҳрҳои тоҷикнишин, аз қабили Самарқанду Бухоро ва Уротеппаву Хуҷанд забони тоҷикӣ бо забони ӯзбекӣ махлут гардидааст, пешниҳод менамояд, ки «дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷик» қабул карда шавад, зеро «забони кӯҳистони тоҷик забони сода, аз такаллуфи эронӣ холӣ ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст».
Дар муносибат ба забони китобҳои дарсӣ Айнӣ ба ду ҷиҳат бештар эътибор додааст: парҳез аз такаллуфоти эронӣ ва калимаву ибораҳои арабӣ. Доир ба бисёр истифода шудани луғатҳои арабӣ Айнӣ дар бисёр маврид таъкидан эътибор додааст. Хусусан дар нахустин китобҳои дарсӣ муаллифон ва мутарҷимон ҳангоми баёни қоидаҳо таркибу ибораҳои арабиро зиёд кор фармудаанд, ки мавриди интиқоди Айнӣ қарор гирифтаанд. Устод аз китобҳои мавриди таҳлил намунаҳоро чун мисол баррасӣ намуда, таъкид медорад, ки на танҳо шогирдон, балки омӯзгорон низ дар фаҳмидани онҳо душворӣ мекашанд.
Нуқсони дигаре, ки доир ба забони китобҳои дарсӣ ишора шудааст, «камбудӣ ҷиҳати усул» аст. Камбудии усулӣ бештар дар китобҳои тарҷумашуда ифшо мегардад. Ӯ чунин камбудиҳои китобҳои дарсиро ошкор карда, бо шеваи хос шакли дурусти онҳоро пешниҳод менамояд.
Устод Айнӣ бо вуҷуди сахтгирӣ нисбати тозагии забон ва бо далелҳои раднашаванда собит сохтани камбудиҳои китобҳои таълимӣ ба заҳмати муаллифону мутарҷимон қоил аст ва ин камбудиҳоро танҳо ба онҳо нисбат намедиҳад, балки сабаби аслии онро дар то ҳанӯз шакл нагирифтани истилоҳоти фаннӣ бо забони тоҷикӣ медонад. Таҳлилҳои мӯшикофонаи китобҳои дарсӣ ва бо мисолҳои ҷузъӣ баррасӣ намудани ҳусну қубҳи забонии онҳо ҳеҷ гоҳ нишони паст задани меҳнати дигарон набуда, танҳо мақсади беҳтар кардани сифати китобҳои дарсӣ, содаву оммафаҳм ва аз калимаву таъбироти бегона орӣ намудани онҳо ва ба ин минвол саводнок кардани мардум будааст.
Аз ибрози ин андешаҳо ва эродҳои С. Айнӣ зиёда аз навад сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз бархе аз онҳо аҳамияти худро гум накардаанд. То ба ҳол дар таълифи китобҳои дарсиву васоити таълимӣ мо побанди услуби бегонаем, ба тақлид роҳ медиҳем. Агар Айнӣ аз услуби арабӣ ва ӯзбекии китобҳои дарсӣ изҳори нигаронӣ намуда бошад, имрӯз услуби русӣ ва баъзан эронӣ дар китобҳои дарсии мо афзалият пайдо кардааст. Имрӯз ҳам забон ва услуби китобҳои дарсӣ чандон сода ва равон нест. Имрӯз низ дар дарки баъзе мавзӯоти китобҳои дарсӣ на танҳо шогирдон, балки омӯзгорон мушкилӣ мекашанд. Инчунин, масъалаи истилоҳот дар забони тоҷикӣ аз масъалаҳои муб-рам маҳсуб меёбад.
Воқеан, дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва, ҳамчунин, таълифи рисолаҳои илмӣ истилоҳоти фаннӣ нақши муҳим мегузорад. Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт кӯшишҳои зиёд намуда, пояҳои ҳуқуқӣ ва фаннии онро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин ҷода корҳои зиёде шурӯъ ҳам шудааст. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад. Рисолати ин мақом танҳо дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории расмӣ бояд маҳдуд нашавад, балки он дар ташаккули забони илм низ мусоидат кунад.Чунин забон дар мактабу мадорис бо таъсири китобҳои дарсӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон шакл мегирад.   Аз ин рӯ, зиёиён ва олимони тоҷикро зарур аст, ки ба масъалаи истилоҳот, услуби таълифоти илмӣ ва китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд ва ба ин роҳ дар баланд шудани сатҳи маърифати ҷомеа, ташаккули андешаи миллӣ саҳм гузоранд. Дар ин роҳ ба онҳо масъулиятшиносиву миллатдӯстии фарзандони фарзонаи миллат С. Айнӣ ва Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгар хоҳад шуд.  

Мурод МУРОДӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 384

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед