logo

иҷтимоиёт

ҲАДДИ ИНСОФУ МАЪРИФАТ

Даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро гирифта,  ба ҷорӣ гардидани  тартиби дурусти  баргузории чорабиниҳои  мардумӣ роҳ кушод. Ба ин васила сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар ва харҷи барзиёд, ки шаҳрвандонро ба гирифтани  қарз водор менамуд, аз байн рафт. Бешубҳа, ин санади зиндагисози миллӣ омили болоравии маърифати молиявӣ ва сатҳи рӯзгори сокинон гардид.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, давоми даҳ соли татбиқи қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шуда, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кард. Ин  маблағ ба афзоиши оилаҳо мусоидат намуд. Инчунин, пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 дарсад  афзоиш ёфта, ҳолати  гирифтани қарз барои гузарондани маросиму маъракаҳо қариб аз байн рафт. Агар соли 2007 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 2,4 миллиард сомониро ташкил медод,  соли гузашта он ба  10 миллиард сомонӣ расид. Беҳтар гардидани вазъи молиявии хонаводаҳо дар асоси коҳиш ёфтани харҷи баргузории ҷашну маросимҳо ба аҳамияти бештар додани падару модарон ба илмомӯзии  фарзандон ва   маълумоти иловагӣ гирифтани онҳо мусоидат намуд.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни номбурда  боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.  Бо роҳи такмили  қонуни номбурда зимни ҷашну маросим зиёдаравиҳо аз байн рафта,  корҳои созандагию ободкорӣ дар кишвар вусъат меёбанд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.  Аз ин рӯ, риояи  муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон, пеш аз ҳама,  ба манфиати онҳо мебошад. 
Евгения МИРЗОЕВА,
устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 308

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед